Нуқтаи назар

ТАШКИЛОТҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ  ЭКСТРЕМИСТӢ – ҲАДАФИ  НОПОК ДОРАНД 

print

Масъалаи терроризим ва экстремизм, амалиётҳои мусаллаҳона ва ҷалби ҷавонон ба ин падидаҳои номатлуб ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ватани азизи мо – Тоҷикистон, ки як ҷузъи ҷомеаи башарист нисбати масъалаи мазкур  бетараф буда наметавонад. Мутаассифона  дар кишвари мо шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ  доғи рўз ба ҳисоб меравад. Узвияти шаҳрвандони кишвар ба ҲНИТ, иштирок  дар сафи қувваҳои хуношоми ДОИШ ва Ал-қоида хатари ҷиддиро ба миён овардаст, ки мубориза алайҳи онҳо вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост. Зеро ин гуруҳҳои ифротӣ мақсади ягона дошта, бо номи ислом алайҳи мусулмунон меҷанганд.

Агар саҳифаҳои таърихи пайдоиши ин гуруҳҳоро варақ занем, маълум мегардад, ки онҳо дар зулму истибдод, тахрибкорӣ ва тафриқаандозии байни мусулмонон аз якдигар ҳеҷ фарқе надоранд.

 Масалан, ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ)   тайи солҳои 70-уми асри гузашта  зери фаъолияти ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар, бахусус давлатҳои исломӣ таҳсил кардаанд ва   бевосита ба шуури эшон таълимоти  бегонапарастиву ифротгароёна ҷой гирифта буд, ташкил гардид.    Амалҳои инфиҷорӣ, қатлу куштори ваҳшиёнае, ки ин гурӯҳи ҷиноӣ таи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон содир кард, аз амалҳои гушношуниди дигар созмонҳои террористии динӣ, ба монанди ДОИШ, «Ал-қоида» ҳеҷ фарқияте надошт.

Инчунин Ҳизби наҳзати ислом ягона ташкилот дар ҷаҳон мебошад, ки ба муқобили халқу миллат ва давлати худ силоҳ кашидааст. Дар баробари куштани ҳазорон пиру ҷавони миллат ҳизби наҳзати исломӣ шахсиятҳои шинохта ва олимону сиёстмадорон аз ҷумла Хувайдулллоев Нурулло, Сафаралӣ Кенҷаев, Муродулло Шерализода, Фатҳуллохон Шарифзода, Моёншо Назаршоев, Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Отахон Латифӣ, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Абдураҳим Раҳимов, Муҳиддин Олимпур ва дигаронро ба қатл расонидааст.

Агар аз назари ислом баҳо диҳем, ташкили ҳизб дар дохили ислом ва тафриқа андохтани байни мусулмонон хилофи фармудаи шариат аст. Зеро ислом тафриқаро қабул надорад. Дар кишварҳои Осиёи Миёна тибқи таълимоти фиқҳи  ҳанафӣ масъалаи таъсиси  ҳизб дар ислом сарчашмаи тафриқа ва низоъ дар мазҳаб дониста мешавад.  Ҳеҷ як олими  ҳанафӣ ба ташкил додани  ҳизби хусусияти динӣ дошта фатво надодааст.

Новобаста аз ин зархаридони ҲНИТ тавонистанд ин ташкилотро таъсис диҳанд ва дар  баробари ин сабаби асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд, ки дар натиҷа Ватан ғарқаи хун шуд.

Бо мақсади хотима бахшидан ба ҷангу хунрезӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идомаи фаъолият ба ҲНИТ иҷозат дод. Вале чун мақсади наҳзатиҳо тафриқаву низоъ буд, ба сулҳу амонӣ хиёнат карда, бори дигар хостанд Ватанро ба доми ҷанг кашида, нақшаҳои ғаразноки худро амалӣ намоянд.   Бори дигар собит гардид, ки ҲНИТ душмани ислом, миллат  ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст.

Мардуми меҳнатдўст ва шарафманди Тоҷикистон аз мақсаду мароми наҳзатиҳо, ки ҳамқадаму ҳаммаслаки ДОИШ ва Ал-қойида буда, танҳо тафриқаву кушторро пеша кардаанд,  дарк намуданд, ки ҲНИТ ташкилоти зиддидавлатӣ буда, мақсадаш аз байн бурдани Тоҷикистони соҳибистиқлол буд. Бештари аъзои ҲНИТ  низ аз узвият даст кашиданд. Имрӯз иддае аз пайравони наҳзатиҳо аз давлатҳои Аврупо алайҳи Тоҷикистон санги нафрату маломат мезананд. Маҳз таъсири боқимондаҳои наҳзатиҳост, ки баъзе аз ҷавонони мо гумроҳ шуда, ба сафи ҲНИТ, Ал-қоида, ДОИШ ва дигар ташкилоту равияҳои ифротӣ шомил шуда, дар амалиётҳои мусаллаҳонаи  Сурия ва Ироқ иштирок менамоянд. Ин гурӯҳи хавфнок инчунин тариқи шабакаҳои интернетӣ таблиғоту ташвиқот бурда, ба мафкураи баъзе ҷавонон таъсири манфии худро мерасонад. Мутассифона дар ин саф як қатор ҷавонони шаҳри мо низ шомил буда, гумроҳ шудаанд.

Воқеати хол моро вазифадор менамояд, ки  дастаҷамъона алайҳи ин падидаи номатлуб муборизаи беамон бурда, нагузорем, ки дигар ҳеҷ қувваи ифротгаро аз нерӯи созандаи ҷомеаи мо ниҳоди сӯзанда  офарад!

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба  масъалаи ифротгароӣ таъкид намуданд:

«Ифротгароӣ ва терроризм ватан, миллат, забон нажод  ва дин надорад». Аз ин лиҳоз ҷавонон бояд қазоват намоянд, ки ифротгароён ва террористон киҳоянд?

Ба ҷавонони далеру шуҷои кишвар Ватанро мебояд зери Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол сарҷамъ гардида, сиёсати сулҳофари Ҳукумати кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ  ва баҳри фардои гулафшони Ватан меҳнати содиқонаро ба пеш баранд, зеро Ватани моро танҳо худи мо обод месозем. Нест бод, тафриқаву ифротгароӣ! Поянда бод Тоҷикистони озоду обод!

С. Холмаҳмадзода

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *