Нуқтаи назар

Нархҳои “рекордӣ” дар моҳи Рамазон

print

    Қаблан бармегардем ба фазилати моҳи шарифи Рамазон, моҳи озмоиши ирода ва моҳе, ки моро ба хислатҳои неки инсонӣ ва ба осон намудани мушкилоти мусулмонон, аз қабили камбизоатону эҳтиёҷмандон ҳидоят месозад. Ва ин моҳи муқаддасро низ моҳи меҳрубониву шафқат метавон гуфт. Ҳар рўзадор мехоҳад озими бозор шаваду маҳсулоти дилхоҳашро аз рўйи имкон харидорӣ намояд. Чун нарху навои маҳсулоти бозорро мебинад, ҳуш аз сараш мепарад.  Тоҷирони беинсоф беасос ва бо мақсади ба даст овардани даромади муфт нархи маҳсулоташонро осмонӣ намудаанд. Дар байнашон рўзадорон низ ҳастанд. Аммо дар фурўши маҳсулоти хеш беинсофиро ихтиёр кардаанд. Ва ин ҷо  ҳадиси Паёмбари ислом (с)-ро  ба онҳо гўшрас  менамоем: “Тоҷири қиматфурўш ва шахси худкушикарда дар як дараҷа қарор мегиранд”… Эшон худро мусулмони асил мешуморанд. Ва чӣ сон забонат мегардад, ки ин қабилҳоро мусулмони асил шуморӣ. Гуфтаи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ёд  меояд ин асно:

        Ҳазор сол бувад аз ту то мусулмонӣ,

        Ҳазор соли дигар то ба ҳадди инсонӣ.

  Ин мисраъҳои мутафаккир дар шаъни онҳоест, ки бо хислатҳои мардумозорӣ ҷурм ба мусулмонӣ мениҳанду ба ҳадди инсонӣ худро нигоҳ намедоранд. Ва инро дар олами беинсофи бархе аз тоҷирону бозорни-шинҳо, алалхусус дар моҳи шарифи Рамазон мушоҳида мекунем. Сад дар сад гуфта метавонем, ки онҳо  дар Рамазони имсола ба маҳсулот,аз  ҷумла гўшт арзиши “рекордӣ” гузоштанд, яъне як килограмм гўштро  ба 47- 48 сомонӣ расониданд. Баъзе ҳолдонҳо бе ҳеҷ таҳлил сабабашро ба қимат шудани нархи кунҷора медонанд. Аз чӣ бошад, ки дар ин моҳи махфират  дар деҳаҳо чорво забҳ намуда, ба килои гўшт 40-42 сомонӣ арзиш муқаррар мекунанд. Чорвои забҳ намудаи онҳо ҳам кунҷорахур буд-ку!  Воқеан, онҳо даст задаанд ба амали савоб. Албатта сазовори дуои неки рўзадорон мешаванд. Нисбати қассобони   дўконҳои гўштфурўшии бозорҳои шаҳр ҳамин нуқтаро иброз медоранд:  инсофашон пўсад!

 “Навигарӣ”- е, ки боз дар бозор ба чашм мерасад, нархи осмонии бодинҷон аст. Як килограммаш – 18-20 сомонӣ. Гўё, ки мисли чорво бодинҷон ҳам кунҷора мехўрда бошад. Маҳсулоте, ки як килоашро вақте 50 дирам мехаридем. Арзиши помидор ҳам баланд: 13-18 сомонӣ. Қаламфури булғорӣ як килоаш – 12-14 сомонӣ, пиёз- 3,30 сомонӣ, сабзӣ – 3,30 сомонӣ картошка  – 3,30 сомонӣ ва ҳоказо.

  Болоравии нархи маҳсулоти кишоварзиро дар бозорҳои шаҳр дида, бо ҳайрат суол  медиҳӣ ба хеш:  – Чаро дар мамолики мусулмонишини ҷаҳон, дар Рамазон арзиши маҳсулотро паст мекунанд? Дар мо бошад, акси ҳол, савобу инсофро фаромўш карда, нархи маҳсулотро зам мекунанд на кам. Аз маъмурияти бозорҳо  масъулинеро намебинем, ки барои ба танзим даровардани нархи маҳсулоти кишоварзии бозорҳои шаҳрамон кўшиши ҷиддӣ  дошта бошанд. Овардаанд, ки дар моҳи шарифи Рамазон саховатмандиву ғамхорӣ ва дилсўзии Расули акрам нисбати умматони камбизоаташ бештар мешудааст.Чаро ин хислатҳои Паёмбар (с) ба чунин бозорнишинҳои беинсоф ибрат намешаванд. Охир, онҳо низ уммати Пайғамбари исломанд-ку!  Ва адлу инсофро аз Нўшервони одил бояд омўхт, то ки моро некном бигардонад. Ва ба тоҷирону савдогароне, ки аз сари инсоф дур рафтаанд, ин мисраъҳои Ахлоқи Муҳсинро ёдрас менамоем:

   Чу Нўшервон адл кард ихтиёр,

   Кунун номи нек аст аз ў ёдгор.

   Ку бубинем, тоҷирони беинсофи мо бо хондани ин мавод ба хулосае омада, инсофро ба худ бармегардонда бошанд…

А.ИКРОМОВ,

узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *