Хабарҳо

МЕҲРНОМАИ ҷавонони шаҳри Турсунзода ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

print

Ҷаноби Олӣ,

Мо, ҷавонони шаҳри Турсунзода шукргузорем, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Шумо Тоҷикистони азиз сол то сол рушду такомул ёфта, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.

Аз саҳифаҳои таърихи башарӣ бармеояд, ки барои ҳар миллат дар марҳилаи муҳим шахсиятҳое ба арсаи сиёсат ва умури давлатдорӣ омада, барои миллату давлати хеш сарнавиштсоз гардидаанд.

Толеи баланди халқи Тоҷикистон аст, ки дар айёми тақдирсоз таърих зимоми давлатдориро ба уҳдаи Шумо, ҳамчун фарзанди ҷоннисор ва фарзонаи миллат вогузор намуд.

Бо заҳмату талошҳои хастанопазири Шумо дар Ватан субҳи умед дамидаву халқ аз парешонӣ ва давлат аз фаношавӣ раҳо ёфта, сиришти худро ҳамрозу ҳамдами сиришти халқу миллат намуда, ҷиҳати таҳкими аркони давлатдорӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ ҷонбозиҳо намудаед. Дар натиҷа Тоҷикистон аз кишвари ҷангзада ба давлати мутараққӣ мубаддал гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеъ ва нуфузи шоистаро дарёфт.

Муҳтарам Пешвои миллат,

Бо дастгирии доимии Шумо ба ҷавонон ҳамчун ворисони арзандаи халқу Ватан ва созандагони фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол, неруи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа мароқи ҷиддӣ зоҳир мегардад.

Бо ғамхориҳои падаронаи Шумо барои ҷавонон ҷиҳати таҳсил, омӯхтани касб, меҳнат, зиндагии шоиставу рушди ҳамаҷониба тамоми имкониятҳо муҳайё гардидааст. Аз ин лиҳоз, мо беш аз сад ҳазор ҷавонони шаҳри Турсунзода бо самимияту садоқати беандоза иброз медорем, ки нангу номуси баланди ватандорӣ ва масъулиятшиносии Шумо сарчашмаи илҳоми  ватандӯстиву ватандории насли ҷавон гардида, ҷавобан ба ғамхориҳои Шумо ҷиҳати рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободии Ватани азизамон хизмат намуда, нуфузи сарзамини биҳиштосоямонро дар сатҳи ҷаҳонӣ боло бурда, баҳри сазовор будан ба эътимоди Шумо саъйу талош меварзем.

Мо ҷавонони саодатманди Ватан аз фазои сулҳу суботи Тоҷикистони гулафшон, ки маҳз бо талошҳои пайгиронаи Шумо ба даст омадааст, соҳибиқбол буда, дар атрофи ғояҳои неку ояндасози Шумо муттаҳид гардида, бо ифтихор дар назди Ватану миллат ваъда медиҳем, ки ҳамеша ба Ватан – Модар ва Пешвои маҳбуби худ содиқ мемонем!

Эҳтирому садоқат ва меҳру муҳаббати мо самимӣ буда, Шуморо ҳамчун Падари маҳбуб дӯст медорем ва ҷиҳати амалӣ намудани нақшаҳои неку пайкори созандаи Шумо донишу малака, нерӯву имконоти худро сафарбар менамоем.

Сарвари мо, Сарвари номусу нанги мост,
Шаҳсутуни меҳри дил бо номи ӯ пайдост.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *