Фарҳанг

САЗОВОРИ НИШОНИ АЪЛОЧИИ ФАРҲАНГ

print

Дар асоси фармоиши Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 209, №22-у панҷ нафар кормандони шуъбаи фарҳанги шаҳри Турсунзода  бо унвони «Аълочии фарҳанг» қадрдонӣ шуданд.

Зимни баргузории масҷлиси шуъба аз ҷониби муовини раиси шаҳри Турсунзода Солеҳа Холмаҳмадзода нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанг» ба онҳо дар фазои тантанавӣ тақдим гардид. Аз ҷумла С.Холмаҳмадзода таъкид дошт, ки шуъбаи фарҳанги шаҳри Турсунзода сиёсати фарҳангпарваронаи муҳтарам Пешвои миллатро амалӣ ва дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии шаҳриву сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд. Кормандони шуъба ҷиҳати тарбияи фарҳангӣ ва рӯҳияи зебоишиносии сокинони шаҳр  кӯшиш ба харҷ дода, дар пешрафти соҳа ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи фарҳангшиносӣ саҳми муносиб доранд.

Баъдан С.Холмаҳмадзода кормандонеро, ки сазовори унвон гардидаанд, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳният гуфта, ба онҳо нишони сарисинагии “Аълочии фарҳанг” – ро тақдим намуд.

          Муродов Эраҷ мусиқачии ансамбли “Фалак”-и назди шуъбаи фарҳанг ҳамзамон роҳбари маҳфили асбобҳои зарбӣ мебошад. Агарчанде собиқаи кории ӯ дар шуъба беш аз 6 солро дар бар гирад ҳам, беш аз 20 сол аст, миёни аҳли ҳунар ва сокинони шаҳр ҳамчун санъаткори асил, шахси соҳибфарҳанг ва устоди маҳфили дойранавозони наврас шуҳрат дорад.

Қурбонова Гулҷаҳон беш аз 9 сол дар шуъба ба ҳайси сармуҳаррири китобхонаи марказии шаҳр фаъолият намуда, ҳамчун мутахассиси кордон дар шуъба номвар шудааст.

Исматов Рустам ба ҳайси мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳо фаъолият намуда, собиқаи беш аз 8 соли меҳнатӣ дошта, ҷиҳати пешбурди сиёсати кадрӣ ва иштирок дар чорабиниҳои фарҳангиву ҷамъиятӣ саҳми муносиб дорад.

Бақоева Баҳриниссо дар шуъбаи фарҳанг зиёда аз 17 сол аст, ки ба ҳайси мушовир меҳнат мекунад. Давоми фаъолияти корӣ ба ҳамкорон кумаки методӣ расонида, дар байни коллективи кормандон соҳиби обрӯ ва эътибори хоса мебошад.

         Чун дар дигар бахшу сохтор барои пешбурди муҳосиботи шуъбаи фарҳанг низ муҳосиби хуб зарур аст. Дар ин самт  Холиқов Абдуалӣ  ҳамчун кордони соҳа худро нишон дода, аз ҷониби ҳайати кормандон сазовори ин мукофот дониста шуд.

    Ҷиҳати қадрдонӣ ба унвони «Аълочии фарҳанг» ҳамксабонро самимона муборакбод намуда, бовар дорем, ки минбаъд низ дар пешбурди фарҳанги шаҳр саҳми муассири худро хоҳанд гузошт.

 

Эраҷ Салоҳиддинов,

сармутахассиси шуъбаи

фарҳанги шаҳри Турсунзода

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *