Эълонҳо

ОЗМУН БАХШИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИДАВЛАТИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

БАХШИ САРМОЯГУЗОРИ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА озмуни № 2-ро оид ба иҷора супоридани амволи давлатӣ 30 майи соли 2019 барпо менамояд.

Қабули дархостҳо барои иштирок кардан дар озмун ва ба қайд гирифтани иштироккунандагон аз рӯзи нашр шудани эълони мазкур, дар шаҳри Турсунзода, кӯчаи М. Турсунзода-128 (ошёнаи 2) оғоз ёфта, як соат пеш аз саршавии озмун анҷом меёбад. Ҷои баргузории озмун шаҳри Турсунзода, кӯчаи М.Турсунзода-128, утоқи бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ. Озмун соати 10.00 барпо мегардад. Пардохти кафолатнок барои иштирок кардан дар озмун ба даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як объект баробар аст. Пардохти кафолатнок тариқи нақдӣ ба хазина ё ғайринақдї ба суратҳисоби бахши амвол супорида мешавад.

Маълумотҳои иловагиро оид ба гузаронидани озмун бо телефони зерин фаҳмидан мумкин аст: 2-48-50

Нархи ибтидоии яксолаи иҷораи объектҳо ба таври зерин пешниҳод гардидааст.

№ р/т Мавқеи ҷойгиршавии объекти иҷора Суроға Тавзеҳоти объекти иҷора Таъинот Нархи ибтидоии солонаи объекти иҷора (сомонӣ)
1 Утоқи корӣ дар бинои беморхонаи марказии шаҳр шаҳри Турсунзода бо масоҳати    34 м2 хизматрасонӣ 3000,00
2 Утоқи корӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ шаҳри Турсунзода бо масоҳати     10 м2 конселярӣ 1680,00
3 Утоқи корӣ дар КАТС-и шаҳр шаҳри Турсунзода бо масоҳати 34м2 хизматрасонӣ 5184,00
4 Дар ҳудуди боғи фарҳанг шаҳри Турсунзода бо масоҳати истеҳсолии300м2 хизматрасонӣ 50400,00

 

Музоядаи № 2-ро оид ба фурӯш гузоштани воситаи нақлиёти давлатӣ санаи 31 майи соли 2019 барпо менамояд.

Нархи ибтидоии воситаи нақлиёт ба таври зерин пешниҳод гардидааст:  

 р/т Номгӯ

 

Суроға Соли ба

истифодадиҳӣ

Арзиши баҳо-додашуда

(сомонӣ)

1 Автомобил

«Деу-Леганзе»

шаҳри Турсунзода  

1997

 

500,00

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *