Ҳамасола санаи 15 май дар саросари кишвари азизамон Рӯзи оила ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар толори конфронсҳои Осорхонаи марказии шаҳри Турсунзода чорабинии ботантана баргузор шуд.
Дар ҷараёни чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оилаҳои намунавӣ, фаъолзанҳо, навхонадорон ва ҷавонони шаҳри Турсунзода иштирок намуданд.
Муовини раиси шаҳри Турсунзода Солеҳа Холмаҳмадзода дар ибтидо ҳозиринро ба муносибати Рӯзи оила муборакбод намуда, иброз дошт, ки оила рукни асосии чомеъа ба шумор рафта, устувории он дар заминаи муҳаббат садоқат, изату ҳурмат ва сабру тоқат имконпазир аст.
-Оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа нақши меҳварӣ дар густариши он дорад. То кадом ҳад вазъи иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва фарҳангию ахлоқии оилаҳо дар сатҳи баланд бошад, ба ҳамон андоза он ба рушд ва пешрафти давлату миллат мусоидат менамояд. Таъмини саодату хушбахтии оила яке аз рукнҳои асосии низоми давлатдорӣ мебошад, – иброз дошт Солеҳа Холмаҳмадзода.
Инчунини таъкид гардид, ки дар шаҳри Турсунзода оилаҳои намунавӣ зиёд буда, онҳо дар хоҷагии халқ меҳнати софдилона карда, дар пешрафти самтҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳр, тарбияи насли ҷавон ва бунёди ҷомеаи солим саҳми муассир мегузоранд.
Дар идома мудири бахши асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Шарифзода Шоира иброз дошт, ки дар кишвари мо оила дар ҳимояи давлат қарор дошта, дар моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад.
Вобаста ба масъалаи мазкур имомхатиби ҷамоати деҳоти Қаратоғ Ориф Мардонов баромад намуда, оид ба назари ислом ба пойдории оила маърӯза намуд.
Дар идома ақди никоҳи ду ҷуфти ҷавон дар фазои тантанавӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ба оилаҳои намунавӣ туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Ғафорова Фарангис,
мутахассиси шуъбаи кор
бо занон ва оилаи макомоти
иҷроияи ҳокимимияти давлатии
шаҳри Турсунзода