Дар ҷаласа намояндагони давлатҳои аъзо, ҳайати Котиботи СААД ва намояндагони САҲА бо роҳбарии Котиби генералии ин созмон Томас Гримингер ширкат варзида масъалаи тақвият бахшидани ҳамкориҳоро байни ин ду созмони байналмилалӣ баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо муборизаи дастаҷамъона ба муқобили ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва террористиву экстремистиро ба хотири таъмини амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон самти афзалиятноки кори худ унвон карда, омодагии хешро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои муфиду судманд дар ин бахш иброз доштанд.
Яке аз масъалаҳои асосӣ ва эродҳои аз ҷониби СААД ба Котиби генералии САҲА Томас Гремингер расонидашуда, ин минбар додан ба созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, аз ҷумла, ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ буд. Аз тарафи Котиботи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таъкид кардид, ки “САҲА яке аз ташкилотҳои обруманди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ буда, ба хотири таъмини амнияту субот дар гушаҳои гуногуни олам саъю кушиши зиёд мекунад. Вале мутаассифона баъзе ташкилотҳои террористиву экстеремистӣ аз иқдомҳои башардӯстонаи ин созмони бонуфуз суиистифода намуда, бо баҳонаи гӯё поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои динӣ ва дунявии худ, аз минбарҳои ин созмони байналмилалӣ ҷор мезананд ва кушиши пинҳон кардани ҷиноятҳои қаблан содиркардаи худро мекунанд.
Котиби генералии САҲА Томас Гримингер барои пешниҳоди маълумот нисбати ТТЭ ҲНИ изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки ин мавзуъ онҳоро низ хеле нигарон кардааст. Қайд кард, ки САҲА як ташкилоте мебошад, ки дар он сохторҳо ва институтҳои гуногун фаъолият дошта, тасмими иштироки баромадкунандагон дар ҷаласаҳои солонаи САҲА аз ҷониби онҳо гирифта мешавад. Хеле мутаассифанд, ки баъзан доираҳои бадхоҳ ин имкониятҳои пешниҳодкардаи САҲА-ро ба манфиатҳои ғаразноки худ истифода мекунанд. Онҳо ин камбудии худро дарк мекунанд ва аз ин рӯ баъди бозгашт ба қароргоҳи САҲА ҳатман як комиссияи босалоҳияте ташкил дода, масъалаи иштироки ашхоси тасодуфиву нолоиқ ба монанди аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро дар ҷаласаҳои ин созмони байналмилалӣ баррасӣ хоҳанд кард.