Хабари бозгашти беш аз 80 нафар пайвандони нафаронеро, ки аз хони миллату давлат намаку нони ширинро чашида, ба он ба мисли осиён туф карда буданд, ба сарзамини аҷдодӣ маро ба андеша водорам сохт. Манзарае ёдам омад, ки ҳамон филми тасвирии «Бозгашти тӯтии роҳгумзада» («Возвращение блудного попугая»)-и даврони шӯравиро мемонд. Бале ин бозгашт ҳамон бозгашти тӯтиёни раҳгумзада аст… «Тӯтиён»-е, ки фирефтаи лофи наҳзатиён ёди Боғи Ирам доштанд… «Тӯтиён»-е, ки нодониста, бар доми бадомафтодагони наҳзатӣ афтода буданд… «Тӯтиён»-е, ки аз ин мардумфиребии наҳзатиён ҳатто чӯҷаҳои маъсуми худро ба доми каргасони лошахур водохта буданд… «Тӯтиён»-е, ки бо мағзи пучи каллаи кӯчаки худ ва «роҳнамоии» наҳзатиҳои сарқутхӯри хони хоҷагони аҷнабиашон мехостанд бар лонаи дар қуллаҳои осмоншикоф гузоштаи уқоби тезчанголу дурбин санг андозанд… «Тӯтиён»-е, ки ба мисоли ҳамон тӯтии раҳгумзадаи филми тасвирии шӯравӣ дони серии хони густурда ва шодиву нишоти фазои осударо нодида гирифтанд… Таассуф, ки надонистанду нафаҳмиданд. Надонистанд, ки он наҳзатиҳо таҳти роҳбарии Кабирии сағир танҳо ба як узви (узр аз хонандаи азиз, лек аъмоли наҳзатӣ бо роҳбарии Кабирии сағирӣ танҳо ҳамин ҳолатро мемонаду халос) хоҷаи аҷнабиашон хок молида, метавонанду аз ин корашон пораи устухонеро аз дастурхони хоҷа барои лесидану макидан туҳфа мегиранду бо ин дигаронро фирефтаи доми пур аз панири фаронсавӣ мекунанд. Нафаҳмиданд, ки барошон аз ваъдаҳои Кабирии сағир боқӣ мондани ҳамон пораи устухони лесида низ насиб намекунад… Боз ёд оварданд аз донҳои серу пури хони поки Ватан. Фаҳмиданд, ки ваъдаи Сағирӣ сирф дуруғ будаасту фиреб. Фаҳмиданд, ки дар устухони ваъдакардаи Сағирӣ на танҳо пораи гӯшт, ҳатто аз макиданҳои Сағирӣ маза ҳам намондааст. Дарк карданд, ки Сағирӣ пораҳои устухонро ба мисли саг зери хок пинҳон кардаасту барои рӯзи мабодои худ ҷамъ оварда… Ҳамин тавр боз ёди Ватан карданд. Ватан бо ин бузургиву саховатмандии Сарвари хирадмандаш боз мебахшад онҳоро. Дон аз хони покаш медиҳад. Пораи хоки покашро сарпаноҳ медиҳад. Мегузорад, ки нафас озод бигиранд. Мегузорад, ки луқма аз гулуяшон озод бигзарад. Мегузорад, ки хоби нозашон бибарад… Ҳошо, ки ин бузургиву саховатмандӣ барои ин «тӯтиҳо»-и раҳгумзада шоёни ибрат бошад. Кош сидқан шукр кунанду тавба. Шояд, ки тавбаашон қабул гардад. Хуб таҷриба нишон дод, ки ин гуруҳи раҳгумзада ҳамон «гуруҳи калаванда»-е ҳастанд, ки В. И. Ленин дар бобаташон дар асарҳои худ муфассал гуфта буд. Ва шояд, ки амсоли ин калавандаҳо дар ҷомеаи мо бошанд. Ин гуруҳе аст, ки мақоли «Гур сӯзаду дег ҷӯшад» ё «Хонаи ман дар канор аст» (аз мақоли русии «Моя хата с краю»)-ро шиори манфури зиндагии худ донистаанд. Ана ҳаминро мо бояд донем. Донему аз аъмоли номатлуби онҳо бохабар бошем. Эътиноро фаромӯш насозем. Чунки беэътиноӣ баробар аст ба бешарафӣ ва беимонӣ. Агар ҳамин тавр мебуду мешуд ана ҳамон «тӯтиён» фирефтаи сағириҳо намешуданд ва раҳгум намезаданд… Боқӣ вассалом.
Сабтҳои охирин
Занталоқи Кабирӣ ва паёмадҳои он ба мардуми Аврупо ва Осиё (Видео)
10 сентябри моҳи равон дар шаҳри Варшава нишасти САҲА оғоз гардид,ки дар он Абдураҳим Каримов, мутахаллис бо “Мулло Абдураҳим”, собиқ муовини раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ҳузур дошт. Дар зер мусоҳибаи хабарнигори “Тоҷикистон”-ро бо ӯ мутолиа намоед
Муроҷиатномаи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Вализода Абдуқодири Исуф ба сокинони шаҳри Турсунзода
Ҳамдиёрони азиз! Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Паёми худро ба Маҷлиси Олии кишвар ироа менамоянд, ки ин санади муҳим барои ҳар як шаҳрванд роҳнамои зиндагониву фаъолият буда, дар амал татбиқ намудани он омили пешрафти самтҳои мухталифи ҷомеа арзёбӣ мегардад. Ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, эълон […]
ЗИРАКИИ СИЁСӢ – КАФИЛИ АМНУ ОСУДАГИИ МАРДУМ
Собит гардида, ки худшиносии миллӣ бузургтарин ҷанбаи маънавии ташаккули минбаъдаи миллат, асоси ваҳдату пойдории он, таъмингари қудрату тавоноии мамлакат, амну осоштагии мардум ва пешрафту тараққии давлат аст. Дар ҳар давлате, ки дар он фазои амну субот вуҷуд дорад, мардумаш зиндагии осуда дорад ва дар ҳар кишваре, ки сулҳу салоҳ ҳукмфармо бошад, Худои таоло файзу баракаташро […]