Дар маросими ифтитоҳи коргоҳ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ ва раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода иштирок намуда, бо фаъолияти коргоҳ шинос шуданд.
Тибқи иттилои соҳибкор Ғаниҷон Раҳматов коргоҳ дорои беш аз 15 дастгоҳи муосири дӯзандагӣ буда, аз ҷониби чеварон ҳамарӯза 40 либос барои мактаббачагон ва омӯзгорон омода мешавад.