Истилоҳи «забони тоҷикӣ» ҳарчанд дар таълифоти баъзе муаллифони асри XIX, ба мушоҳида мерасад, вале корбасти истилоҳи «забони тоҷикӣ» дар Осиёи Миёна асосан баъд аз Инқилоби Октябр ва тақсимоти марзии Осиёи Миёна, нахуст ба ҷумҳуриҳои халқӣ ва баъдан ба ҷумҳуриҳои миллӣ, бештар расмият пайдо кард. Зеро, туркгароён бо дастгирии тоторҳо дар идораҳои роҳбарии Ҳукумати Шӯравӣ роҳ ёфта, барои ба қудрат расидан мавҷудияти тоҷиконро дар Осиёи Миёна инкор мекарданд. Бинобар ин, бо талоши фарзандони асили миллати тоҷик соли 1924 Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон ва соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис гардид. Азбаски номи забони ҷумҳуриҳои миллии Осиёи Миёна бо номи миллати ҳокими онҳо ифода мегардид, дар Тоҷикистон ва минтақаҳои тоҷикнишин низ зарурат пеш омад, ки минбаъд ба таври расмӣ забон «тоҷикӣ» ном бурда шавад.
Бинобар ин, ҳам дар замони мавҷудияти давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Шӯравӣ забони тоҷикӣ ном бурдани забони модарии мо ҳаргиз ба гузаштаи пурифтихори он, ки бо номҳои форсӣ, форсии дарӣ ва дарӣ ёд шудааст, мухолифат надошт ва имрӯз ҳам дар даврони Истиқлолият ва рӯзгори бунёди давлати миллӣ мухолифат намекунад.
Дар охири солҳои сиюми асри бист дар Тоҷикистон зарурат пеш омад, ки алифбои лотиниасоси тоҷикӣ ба алифбои кириллӣ иваз карда шавад. Таҷрибаи тақрибан ҳаштодсолаи дар ин замина андухта исбот намуд, ки ин алифбо нисбат ба алифбои арабиасос ба табиати забони мо созгории бештар дорад ва фаро гирифтани он низ нисбат ба алифбои арабиасос осонтар аст. Дугунагии алифбо барои ҳампайвандии мо бо ҳамзабонон ҳаргиз монеъ нахоҳад шуд.
Дар баробари ин, Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарор доштани пайванди наслҳо барои омӯхтани хатти ниёгон шароити мусоид муҳайё кардааст.
Ҳавзаи забони ягонаи кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар ин ҳар се кишвар баъзе хусусиятҳои хоси овозӣ ва калимасозӣ дорад, ки ин вежагиҳо дар тӯли садсолаҳо ба миён омадаанд. Мавҷудияти ин хусусиятҳои хос сарвати забонии ин кишварҳо мебошавд ва барои рушду пешрафти забони ягона монеа эҷод намекунад.
Ин андеша, ки дар Тоҷикистон гӯиши ягона вуҷуд надорад, андешаи комилан ботил аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари мавҷуд будани гӯишҳои маҳаллӣ забони ягонаи адабии меъёр ташаккул ёфтааст, ки дар тамоми қаламрави мамлакат забони матбуот, радиову телевизион ва асарҳои адабию илмӣ мебошад. Дар Тоҷикистон ҳанӯз дар замони Шӯравӣ барои забони меъёр «Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик» таълиф ва ба нашр расидааст, ки асари муътамади илмӣ эътироф шудааст.
Имрӯз забони адабии тоҷикӣ мавқеи худро ниҳоят устувор намуда, ба ҳама гуна фишоровариҳои беруна тобовар гардидааст. Ҳатто масъалаҳои солиёни дароз дар гӯшаи фаромӯшӣ қарордоштаи илми забоншиносӣ ба таври зарурӣ таҳқиқи худро ёфта истодаанд. Боиси хушнудист, ки забони адабии тоҷикӣ айни замон тамоми эҳтиёҷоти ҷомеаро қонеъ намуда, ҳамчун забони давлатии Тоҷикистон эътироф гардида дар тамоми қаламрави ҷумҳуриамон мавриди истифода буда, нақши забони муоширати байни халқҳои Тоҷикистонро низ иҷро карда истодааст.
Таъкид намудан бамаврид аст, ки маҳз нигаҳдошту арҷ гузоштан ба забони тоҷикӣ ва риояи нафосату фасоҳати он вазифаи муқаддаси ҳар як соҳибзабон мебошад. Тоҷикистони имрӯза дорои ҳам истиқлолияти сиёсӣ ва ҳам истиқлолияти фарҳангист.
Дар мавриди забони русӣ бояд гуфт, ки ин забон барои пешрафти кишвари мо аз аҳамияти вежа бархурдор аст. Мо тавассути ин забон дар даврони Шӯравӣ бо навтарин дастовардҳои илму фан ошноӣ пайдо кардем. Дар замони соҳибистиқлолӣ низ барои иртибот пайдо кардани мо бо ҷомеаи илмии ҷаҳони имрӯз забони русӣ нақши муҳим дорад. Аз ин хотир Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯхтани забони русӣ ва забони англисӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.
Забони адабии муосири тоҷикӣ идомаи забони Мирзо Турсунзодаву Садриддин Айнӣ, забони Аҳмади Дониш ва умуман форсии классикӣ буда, пас аз соҳибистиқлолӣ давраи нави рушди он оғоз гардид.
Сиёсати пайгиронаи давлат, шароити зарурӣ ва мувофиқ дар роҳи истифодаи ганҷинаи маънавию фарҳангии миллат аз ҷумлаи ҳамон омилҳое мебошанд, ки барои густариши самараноки забони давлатӣ имкониятҳои мусоид ба миён овардаанд.
Масъалаи табдили хат ва баргаштан ба арзишҳои маънавии гузаштагонамон даҳсолаҳои охир миёни аҳли зиё сару садоҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда, дар ин замина як гурӯҳ ҳавасмандон баргаштан ба хати арабиро тақозои давру замон медонистанд, ки бемантиқ ва ҷоҳилист.
Такрор ҳам шавад таъкид ба маврид аст, ки он ки хатти кириллӣ зиёда аз 80 сол аст, ки эҳтиёҷоти маънавии моро дар баробари забонамон ба дараҷаи баланд қонеъ гардонда истодааст. Тафаккури мо алакай бо ин хат одат кардаву омӯзонидан ва фаҳмидани он нисбат ба хатти арабӣ осонтар аст. Мо набояд ба тақдири хат ва забон кӯр-кӯрона муносибат намоем, балки, то тавонем, вазъи кунунии онро беҳтару хубтар намуда, ба ин васила ба ояндагон забони оммафаҳми орӣ аз унсурҳои номатлубро ба мерос гузорем.
Муддати як аср ва бештар аз он аст самти инкишофи фарҳангу забони се шохаи форсӣ мухталиф мебошад, ки инро мо дар талаффуз ва корбурди воҳидҳои забонӣ баръало эҳсос мекунем. Ҳар забон вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ва муносиботи фарҳангиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву сиёсии кишвараш роҳҳои инкишофи худро дорад ва забони тоҷикӣ низ аз ин раванд дар канор нест.
Матлаби худро бо овардани чанд хусусияти беҳтар будани хатти кириллӣ ҷамъбаст мекунем :
– хусусияти хуби хтти имрӯзаи тоҷикӣ, мисли хатҳои то арабии тоҷикӣ (паҳлавӣ, мехӣ, оромӣ) дар он аст, ки сода аст: ҳар овоз ба як ҳарф ифода мешавад;
– ҳамаи овоз дар тамоми ҷойи калима аввал, миёна, охир навишта мешавад ва ҳатто забонро надонад, вале ҳарфҳоро шиносад, онро дуруст хондаву талаффуз карда метавонад;
– ҳарфҳои тоҷикӣ ба мо имкон медиҳанд, ки вожаи одӣ, истилоҳ ва ному насаби ҳар забони дигарро аввалин бор мехонда бошем ҳам, дуруст хонем ва талаффуз кунем;
– хати имрӯзаи тоҷикӣ ҳамроҳшавии моро ба дастовардҳои технологии замон осонтар мегардонад;
– аз лиҳози сохтори морфологӣ забони тоҷикӣ ба гурӯҳи забонҳои аналитикӣ дохил аст, аммо хати арабӣ бошад, махсуси забонҳои флективист, яъне марбути чунин забонҳое мебошад, ки решаи калимаҳояшон якзайл мешикананд;
– ба сабаби он ки хати муосири тоҷикӣ, чун хати арабӣ шахшудамонда нест ва агар зарурат пеш ояд, онро боз такмил дода, суфтатар кардану ба табиати забон мувофиқ намудан мумкин аст.
Фирдавс Ниёзӣ пажӯҳишгар