Тайи саҳнаи таърихи миллӣ хиёнат ва хиёнатпешагӣ ба унвони мудҳиштарин ва хатарноктарин зуҳуроти иҷтимоӣ «ҷилва» намуда, ҷомеаро дар ҳар давру замон осебпазир сохта, раванди тасаллути мафкура ва фарҳанги бегонаро ба таври тадриҷӣ таҳкиму тақвият бахшидааст. Хиёнате, ки алайҳи қаҳрамонони таърихи миллӣ Спитамон, Муқаннаъ, Бобаки Хуррамдин, Абумуслими Хуросонӣ, Темурмалики Хуҷандӣ, Маҳмуди Торобӣ, Мавлонзодаи Сарбадор, Восеъ ва дигарон сурат гирифтааст, бештар аз ҷониби «худӣ»-ҳо ба амал омада, решаҳои зулму истибдод ва тааррўзу зўриро дар минтақа амиқ карда, тасаллути бечуну чарои гумоштагони аҷнабиро таъмин намудааст. Албатта, дар ин миён ҳамеша хиёнати рўҳонияти исломӣ дар таърихи ватанӣ ҷойгоҳи махсус дорад ва ин тоифа дар вазъияти ногувори сиёсию иҷтимоӣ на танҳо аз ватан, халқ, миллат ҳимоят намекарданд, балки аз ҳар ҷиҳат, тавассути приёмҳои маъмул – мавъизаю насиҳат, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мардумро аз муборизаву муқовимат бо адувони миллӣ ва марзбумӣ дур мекарданд ва бо ин амали нангин хиёнат ба ватан менамуданд. Ногуфта намонад, ки дар пахши исёну шўришҳои мардумӣ алайҳи аҷнабиён дасти хиёнати рўҳоният басо назаррас аст. Ҳамчунин дар барандохтани давлати миллии Сомониён нақши хиёнаткорони расмӣ-давлатӣ Фоиқ ва Бектузун, ки дар хидмати рўҳонияти мутаассиб буданд, калидӣ аст. Ин аст, ки дар пардаи элитаи сиёсӣ ва давлатӣ ҳам хиёнаткорон «пинҳон» шудаанд ва замон ва пайти муносибро ҷуста, рўйи давлати миллӣ хатти бутлон мекашанд.
Миллати тоҷик тайи таърих бештар бар асари хиёнати рўҳоният осеб дидааст ва осебҳои зиёди ҷисмонию равониро ҳатто имрўз метавон дар пайкари хастаи миллати тоҷик эҳсос кард. Хиёнати ин қишри фурсатталаб дар ҳуҷуми муғулу муғулзодаҳо ба мушоҳида мерасад. Муғулҳо тавассути найранги рўҳоният ба Бухоро ворид гардиданд ва он шаҳри бузургро таллаву тороҷ карданд. Бо бегонагон забон як кардан, ба ришва тамоюл доштан, ишқ ба сарвату шуҳрати инҷаҳонӣ онҳоро ногузир ба иҷрои нақшаи шуми бегонагон водоштааст. Шўриши Сарбадорон дар Самарқанд ҳам (соли 1365) бо мусоидати бевоситаи рўхониёни хиёнтакор пахш шуда буд. Таҷрибаи хиёнат кардан дар ҳама ҳолат, махсусан дар вазъияти буҳронӣ ба тарафи душман гузаштан ва худиро тарк намудан барномаи зистӣ, маишӣ, сиёсӣ ва идеологии рўҳоният буда ва ҳаст(ин ҷо ҳамаи рўҳониён дар назар нестанд, аммо қисмати зиёди онҳо авзоъро ҳамеша бар нафъи худ истифода мебаранд ва боиси сар задани буҳронҳо мегарданд). Инро набояд аз ёд баровард.
Бо дарназардошти шароит ва вазъияти фикрӣ, фарҳангӣ, фаннӣ, сиёсӣ ва тамаддунӣ, технологияи хиёнатпешагӣ тағйир меёбад ва дар ин раванд аз васила ва васоити наву ҷадид корбаст мешавад. Дар садади сохтани давлати миллӣ ба халқу ватани мо хиёнатҳои зиёде раво дида шуд, ки дар ин зумра метавон хиёнати генерал Ҳалим Назарзода ва раиси ташкилоти террористии наҳазтӣ М. Кабириро ном бурд. Амалиёти хиёнаткоронаи аввали сентябри соли 2015 нишон дод, ки моҳияти хиёнат дигар нашудааст, балки технологияи он тағйир ёфтааст. Истифодаи аслиҳаву муҳиммоти пешрафтаи ҷангӣ, сўйиистифода аз бовармандӣ ва эътиқодоти мардумӣ, нохун задан ба торҳои эҳсоси омма, ба моҷаро даргир кардани гурўҳҳои гуногун, таҳти фишори равонӣ ва иқтисодӣ қарор додани табақаҳои осебпазири иҷтимоӣ, харидани расонаҳои хабарию гурўҳӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фаъол сохтани онҳо дар қиболи мушкилоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ба чеҳраҳои хабарсоз бадал кардани шахсиятҳои хиёнаткор ва амсоли инҳо ба унвони абзор ё приёмҳои наву замонавӣ дар бозиҳои имрўзаи геосиёсии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ истифода мешаванд.
Дар ду-се соли ахир баъзе расонаю сомонаҳои мустақил ва ба доираҳои наҳзатӣ наздик маъракаи паҳну пахши навор-видеоҳои раҳбарияти созмони наҳзатиро вусъат бахшида, аз ин тариқ роҳи тасаллут бар равону зеҳни оммаро боз менамоянд. Раҳбари наҳзатӣ дар мусоҳибаи гузоришҳои худ аз калимоти сеҳрангези демократия, озодӣ, гуманизм, шоистасолорӣ ва амсоли инҳо сўйистифода карда, алайҳи давлат ва ҳукумати Тоҷикистон мешўрад. Иллати аслии шўришу исёни лафзию иттилоотии раҳбари наҳзатӣ аз саҳнаи сиёсии кишвар дур шудани ўст. Бо дур шудан аз мансаб (манзур мансаби вакилӣ дар парлумони пойинӣ аст) ва саранҷом фирор кардан аз мамлакат, ў бо чанголу дандон обрў ва нуфузашро барқарор кардан мехоҳад. Аз ин рў, тавассути сомонаҳои таъсисдодааш ба парокандани иғвою дасиса ва найрангу тавтеа машғул мешавад ва ҳар воқеа ва ҳодисаро таҳриф карда, ба шунавандагону бинандагон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мерасонад. Аз ҳар воқеа ва ҳодиса бар нафъи худ суд ҷустан ва давлатро муқассир донистан ҳадафи раҳбарияти наҳзатӣ мебошад. Бо таҳрифи вақоеъ ва воруна нишон додани ҳаводис вай як навъ хиёнат мекунад. Гузориши ахири видеоии ў дар бораи воқеоти Ворух қудратталабӣ ва манфиатҷўйиашро ба намоиш мегузорад. Чунон суҳбат мекунад, ки гўйӣ аз дасташ ҳар коре меояд. Агар аз дасти ин гурўҳ коре бармеомад, дар дохили Тоҷикистон анҷом медоданд ва ҳатто имрўз ҳам дар хориҷ сўйи кишвар сангандозӣ намекарданд ва ба манфиати миллат корхои шоистаеро ба сомон мерасониданд. Вале ҳайҳот, ки ба иғвогарию тавтеабофӣ ва ҳангомасозӣ машғул шуда, ба мардум ва ватан хиёнат мекунанд.
Фаридун Ориёӣ
21 марти соли 2019