Муҳтарам намояндагони матбуоти шаҳр,
Имрӯз дар Ватани азизи мо боз як иди фархунда – Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад.
Нахустин рӯзнома бо забони тоҷикӣ 11 марти соли 1912 дар шаҳри Бухоро бо номи «Бухорои шариф» аз чоп баромада, таърихи пурифтихори матбуоти тоҷикро ҳусни оғоз бахшид.
Матбуоти муосири тоҷик бо шарофати соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду нумуи тоза ёфта, бо ҷилои нав рӯи нашр омад.
Имрӯзҳо дар майдони матбуоти кишвар беш аз 600 рӯзномаю маҷаллаи давлатӣ, хусусӣ, ҷамъиятиву соҳавӣ ба нашр расида бо инъикоси мавзуъҳои гуногун дар самти огоҳию камолоти маънавии мардум ва пешрафти хоҷагии халқи мамлакат саҳми босазо мегузоранд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо намояндагони матбуоти давр ҳамкории самаранок дошта, барои пешбурди фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҳамеша аз минбари воситаҳои ахбори омма истифода менамояд.
Матбуоти маҳаллии шаҳри Турсунзода таърихи беш аз 80 сола дошта, рушду нумуи он бештар ба давраи соҳибистиқлолӣ рост меояд.
Агар дар даврони Шӯравӣ дар шаҳр як газета ва радиои маҳаллӣ фаъолият мекард, пас дар даврони соҳибистиколӣ се нашрия – «Диёри Турсунзода, «Алюминийи Тоҷикистон», «Ҳидоят», 2 маҷалла «Нури маърифат», «Тибби Бӯалӣ», телевизиони маҳаллии «Регар», радиои маҳаллии «Садои Осиё» ва радиои КВД «Ширкати алюминийи Тоҷик» фазои иттилооти шаҳрро пурра менамоянд.
Мактаби матбуоти шаҳри Турсунзода устодони ҳақиқии соҳаро тарбия намудааст. Аз ҷумла, Марҳум Хӯҷааҳмад Хидиралиев яке аз муҳаррирони матбуоти шаҳр мебошад, ки дар таҳкими сулҳу Ваҳдати Тоҷикистон талош варзида, ба ҳайси муовини Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.
Дар рушди матбуоти шаҳр саҳми Улуғназар Ахмедов, Усаралӣ Нишонов, Тӯйчӣ Ханҷаров, Шамсиддин Хоҷиматов, Абдумурод Бӯриев, Сафаралӣ Мансуров, Абдурауф Муминов, Қодиралӣ Юнусов, Норқул Рабиев, Файзалӣ Холов, Акрам Икромов арзанда ва шоиста таҳсин мебошад.
Имрӯзҳо мақолаҳои Наҷмиддин Шоҳинбодов, Фирӯз Холиқов, Ҳотам Рабиев, Абдуқаҳҳор Қосимов, Ҳамроқул Ҷӯраев, Саида Умарқулова, Камолиддин Бобоев, Шарофат Турсунова, Нигора Шокирова, Сайфиддин Қараев, Абдуҳофиз Мирзоахмедов, Эркин Шукур Абдуҷалил Ғафуров ва дигарон дар нашрияҳои ҷумҳуривию маҳаллӣ чоп гардида, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва масъалаҳои муҳими рӯзро инъикос менамоянд.
Қобили зикр аст, ки матбуот ҳамчун дастгоҳи бузурги иттилоотӣ барои сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ мавқеи асосӣ дорад.
Махсусан, шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ масъулияту вазифаи матбуотро беш аз пеш зиёд гардонидааст.
Аҳли қаламро мебояд сулҳу амният ва оромиву суботи ҷомеа, фарҳанги миллӣ, расму оинҳои мардумӣ ва анъанаҳои неки ниёгонро тарғиб намуда, дар тарбияи насли ояндасоз, татбиқи забони давлатӣ ва тарбияи сиёсиву фарҳангии шаҳрвандон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Муҳтарам аҳли қалам,
Кишвари маҳбуби мо зери сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамаҷониба мебинад. Дар шаҳри Турсунзода ба ин муносибат бунёду азнавсозии беш аз 310 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои созанда мутташаккилона идома доранд.
Ин омодагиҳо боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як сокини диёр буда, аз аҳли эҷод тақозо менамояд, ки тариқи маколаву маводҳои чопӣ эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавононро баланд бардошта, дар тозакориву хуррамгардонии диёр саҳми арзандаи худро гузоранд.
Бо ин ниятҳои нек тамоми аҳли эҷод, кормандони матбуоти шаҳрро бори дигар табрик гуфта, қалами тез, забони бурро, саломативу саодати рӯзгор ва парвози баланди илҳоми эҷодиро таманно дорем.
Саломату сарбаланд бошед!
7