Таҷлил

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ-КАФИЛИ ЗИНДАГОНИИ ОСОИШТА

print

Дар шаҳри Турсунзода бо иштироки собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, афсарону аскарони қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳр, ҷанговарони интернатсионалист, намояндагони ташкилоту корхонаҳо, ҷавонон ва фаъолони шаҳр бахшида ба 26-солагии Рӯзи Қувваҳи мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ботантана баргузор шуд.

Дар ибтидо аз ҷониби Раиси шаҳр Абдуқодир Вализода роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва интернатсионалист дар боғи Ғалаба ба хотираи шаҳидони набардҳои озодихоҳона бар зидди фашизм гулчанбар гузошта шуд. 

Зимни баргузории қисми тантавӣ , ки дар Кохи “Дӯстӣ” ҷараён гирифт, раиси шаҳр Вализода Абдуқодир Исуф ҳозиринро ба муносибати  ҷашни фархунда табрик намуда, афзуд, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуб сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ фидокориву мардонагӣ нишон додаанд, ки дар ин хусус муҳтарам Пешвои миллат фармудаанд: «Маҳз бо шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва хизматчиёни дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор гардида, мардум зиндагии осоишта доранд».

Инчунин раиси шаҳр  таъкин намуд, ки садҳо ҷавонони мо бо амри Ватан ҳамчун аскари интернатсионалист ҷиҳати ба эътидол овардани вазъияти сиёсии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар сафи Артиши Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин сарзамин хизмати ҳарбиро иҷро намудаанд. Таърихи 15 феврали соли 1989 Қӯшунҳои маҳдуди Иттиҳоди Шӯравӣ аз Ҷумҳурии Афғонистон бароварда шуда, соли равон  30-солагии ин санаи таърихӣ таҷлил гардид. Ҷанговарони интернатсионалист  имрӯзҳо ҷиҳати тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарварӣ саҳми муносиби худро мегузоранд.

Хизмати содиқонаи ҷyзъy томҳои Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшyнҳои сарҳадии Кyмитаи давлатии амнияти миллиро, ки дар ҳудуди шаҳр ҷойгир буда, ҷиҳати таъмини амнияту осоиштагии кишвар хизматро сарбаландона ба ҷо меоранд, аз ҷониби раиси шаҳр баланд арзёбӣ гард.  Таъкид шуд, ки Артиши миллӣ рамзи шуҷоату қаҳрамонӣ ва афсарону  сарбозони ҷасури меҳан таҷассумгари ҳаёти осоиштаи халқ кафили суботу оромии ҷомеа ва муҳофизони марзу буми кишвар вазифаҳои касбии худро сарбаландона иҷро карда истодааст.

  Баъдан барои хизмати содиқона ба Ватан, садолқат ба савганди ҳарбӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарварӣ ва саҳми арзанда дар корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ  ба як қатор сарбозону афсарон ва собиқадорони интернатсионалист  ифтихорномаву сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар фазои тантанавӣ супорида шуд.

Дар қисми фарҳангии чорабинӣ шеъру таронаҳои ватандӯстона, саҳнаҳои ҷолиб ва рақсу сурудҳои ҳунармандони шуъбаи фарҳанг ба таҷлили рӯзи ҳомиёни Ватан шукӯҳи идона бахшид.

КОТИБИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *