Хабарҳо

Дар Турк Симпозиум байналмилалии «Муқовимат бар зидди ташкилоти террористии наҳзат» доир гардид

print
5 феврали соли 2019 дар Ҷумҳурии Туркия Симпозиуми байналмилалӣ зери унвони «Муқовимат бар зидди созмони террористии наҳзат» баргузор гардид.

Ин ҳамоиш зимни даъвати расмии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода аз ҷониби Муфтиёти Туркия доир карда шуд. Дар Симпозиуми мазкур ходимони динии Тоҷикистон ва Туркия, олимон, унвонҷӯён, мутахассисони самти мубориза бар зидди терроризм, дипломатҳои кишварҳои хориҷии муқими Анқара, Шӯрои донишҷӯёни тоҷик дар Туркия, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ва Анҷумани тоҷикон дар Туркия ширкат доштанд.

Дар кори Симпозиум Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Анқара Маҳмадалӣ Раҷабиён, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода, профессори Донишгоҳи Анқара Саадеттин Коҷатурк, Мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара Парвиз Содиқӣ, маъмури Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулвоҳид Ҳомидов ва Раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов сухан гуфтанд.

Симпозиуми байналмилалӣ бо суханронии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён оғоз гардид. Зикр карда шуд, ки Туркия шарики муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди ташкилотҳои террористӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ ба ҳисоб рафта, дар ин самт ба натиҷаҳои назарраси муштарак ноил гардидаанд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Туркия, ки бевосита бо амалҳои тахрибкоронаи ташкилотҳои террористӣ ва оқибатҳои фоҷеабори он дар кишварҳои худ рӯ ба рӯ шудаанд, дар самти мубориза бар зидди терроризм дорои мавқеъҳои яксон буда, дар ин соҳа ҳамкории муфид ба роҳ мондаанд. Дар назар аст, ки ҳамкорӣ дар ин самт ояндаи наздик боз ҳам тақвият дода шуда, фаъолияти чунин созмонҳои террористӣ дар қаламрави ҳарду кишвар пурра қатъ карда шавад.

М.Раҷабиён изҳор дошт, ки аксари созмону гурӯҳҳои экстремистию террористӣ, аз ҷумла ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз номи дини мубини ислом ба манфиати худ суиистифода менамоянд. Мутаассифона, ҳолати мазкур баъзан боиси духӯрагии муносибати мардуми мусулмон дар робита ба аъмоли зишти онҳо мегардад.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода вобаста ба душманони дини мубини Ислом, аз қабили террористону ифротиён сухан гуфта, таъкид дошт, ки ба ҳайси мисоли зинда метавон ташкилоти террористии наҳзатро ном бурд. Зеро дар тӯли фаъолияти ташкилоти мазкур аз ҷониби аъзо ва роҳбарони он ҳама гуна ҷиноятҳо ва амалҳои террористӣ зери номи дини мубини ислом анҷом дода шудаанд, ки мақсади асосии душманони дин низ маҳз ҳамин аст.

Дар идома Саидмукаррам Абдулқодирзода аз таърихи ҷиноятҳои аъзои ташкилоти мазкур ёдовар шуда, гуфт, ки наҳзатиён дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар совхози «Туркманистон»-и ноҳияи Бохтар лагери террористии худро сохта, дар он ба қатлу кушторҳое даст мезаданд, ки таърихи инсоният ин навъ ҷиноятҳоро тасаввур карда наметавонист. Баъди солҳои тӯлонӣ таҷрибаи наҳзатиён аз ҷониби аъзои ташкилоти террористии ДИИШ содир гардид. Ҳамин тартиб С.Абдулқодирзода тазаккур дод, ки созмонҳое, ба мисли ҲНИ ва ДИИШ танҳо бо кумаки хоҷагони пасипардагӣ аз кишварҳои манфиатхоҳ арзи вуҷуд намуда, бо дастгирии молиявии онҳо фаъолияти тахрибкоронаи худро идома медиҳанд.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки бо супориш ва маблағгузории роҳбари феълии ҲНИ М. Кабирӣ 4 сентябри соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа бисёр ҷавонони мусалмону далери тоҷик, ки мақсади дифоъ аз Ватану миллати худро доштанд, аз силоҳи террористони наҳзатӣ кушта шуданд. Ҷумҳурии бародари Туркия низ чунин табаддулоти давлатиро 15 июли соли 2016 аз сар гузаронид ва шоҳиди кушта шудани садҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ шуд. Аз ин бармеояд, ки фарқ миёни наҳзат ва созмони террористии Фатҳуллоҳ Гӯлен дида намешавад.

Гузашта аз ин, С. Абдулқодирзода дар бораи кушта шудани сайёҳони хориҷӣ аз ҷониби аъзои наҳзат ва дастпарварони Эрон изҳори назар намуда, таъкид дошт, ки гардишгарони хориҷӣ танҳо барои саёҳат ва истироҳат омада буданд. Аммо нотавонбинон ва хоинони миллати тоҷик ҷавонони хориҷиро бераҳмона ба қатл расониданд. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки хушбахтона, мақомоти дахлдори Туркия хатару таҳдидҳои ин созмони террористии наҳзатро дарк карда, роҳбарият ва аъзои онро аз Ҷумҳурии Туркия хориҷ намуданд.

Хушбахтона, 29 сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди Олии ҶТ аризаи прокурори генералии ҶТ қонеъ гардонида шуда, ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти ифротгаро ва террористӣ эътироф намуда, фаъолияташро барҳам доданд. То имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон ва рӯҳониёни исломии асил ҲНИ-ро кабул надоранд ва эътироф ҳам намекунанд. Чунки Худованд аз низоъ ба таври умум манъ намуда, мефармояд:

«Ва бо якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон шавед ва шаъну шавкат аз шумо биравад». (Анфол; 46).

Профессор Саадаттин Коҷатурк дар мавзӯи “Бародарӣ дар дини Ислом ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти дин” маърӯза ироа намуда, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва рушди дини ислом ёдовар шуд. Профессори турк таъкид кард, ки Сарвари давлати Тоҷикистон ба хотири хизматҳои шоёнашон дар инкишоф додани дини ислом ба рӯйхати 500 нафар мусулмонони бонуфузтарини ҷаҳон шомил гардиданд. Дар қатори хизматҳои бузурги Сарвари Тоҷикистон аз ҷумла, эълон кардани Соли бузургдошти Имоми Аъзам ва таҷлили конфронси байналхалқӣ бахшида ба ин фарзанди миллатамон дар соли 2009, бунёди бузургтарин масҷид дар минтақа, нашри китоби муқаддаси Қуръон бо хатти кириллӣ ва дастраси умум гардонидани онро ёдовар шуд. Ҳамзамон профессори турк бо ҳаяҷон ва самимияти хосса тазаккур дод, ки миллати тоҷик бояд бо доштани чунин шахси фозилу арҷманд, ба мисли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор намоянд, зеро ба ҳар кишвар ва ба ҳар миллат доштани чунин Пешво муяссар нахоҳад гардид.

Зимни суханронӣ устоди Донишгоҳи Анқара тазаккур дод, ки ҳангоми сафари навбатиаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки ба ӯ шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад. Саадеттин Коҷатукр дар оилаи рӯҳонӣ ба воя расида, падараш солҳои зиёд муфтии Ҷумҳурии Туркия будааст. Профессори турк донандаи хуби забони форсӣ, арабӣ ва фаронсавӣ мебошад.

Маъмури Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулвоҳид Ҳомидов иброз дошт, ки солҳои аввали истиқлолият бо дастгирии доираҳои манфиатдори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар кишвари мо ТТЭ ҲНИ таъсис ёфт. Барнома ва фаъолияту ақидаи ин ҳизб ба мардуми Тоҷикистон бегона буд, аз ин рӯ аҳолӣ ва давлат онро қабул надоштанд. Созмони террористии наҳзат ақидаи шиаро тарғибу ташвиқ мекард, вале ба ҷуз баъзе афроди ноогоҳ ҳеҷ кас онро қабул надошт. Баъд аз истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ ин ташкилоти террористӣ борҳо террору кушторро дар дохили кишвар анҷом дод. Аз ҷумла, 4 сентябри соли 2015 гурӯҳи мазкур ба табаддулоти ҳарбӣ даст зада, ноком шуд, зеро мардуми шарифи тоҷик бар хилофи идеологияи шиагароии онҳо буд. Дар натиҷа, бо қарори Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизби экстремистӣ-террористӣ қатъ карда шуд.

Мушовири Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анкара доир ба масъалаи мазкур пуштибонии ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Туркия аз ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли гузашта оид ба баргузории Симпозиуми байналмилалӣ доир ба «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез»-ро муҳим арзёбӣ кард. Таъкид намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми он аз ибтидо талоши табаддулоти ҳарбиро дар Туркия (16 июли соли 2016) қотеъона маҳкум намуда, ҷонибдории худро аз ҳукумати қонунӣ ва равандҳои демократии кишвари ба мо дӯст баён менамояд ва барои ҳамкории минбаъда дар ин раванд омода мебошад.

Тоҷикистон, ки 4 сентябри соли 2015 бо кӯшиши табаддулоти низомии аз тарафи ТТЭ ҲНИ ташкил кардашуда рӯ ба рӯ гардида буд, ҷонибдории Туркияро дар раванди мубориза бо омилони он эҳсос менамояд. Қобили тазаккур аст, ки кишвари мо аз ҷонибдории кишвари дӯст дар ин раванд бо мақсади маҳдуд намудани фаъолияти аъзои ТТЭ ҲНИ дар қаламрави Туркия сипосгузор аст.

Раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов доир ба амалҳои тахрибкоронаи наҳзат дар мавзӯи “Наҳзат дар Туркия дигар ҷойгоҳ надорад” сухан гуфт. Вай изҳор дошт, ки мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввали солҳои 90-уми асри XX ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароёни наҳзатӣ қарор гирифта буд, дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар мақоми муҳим дорад. Дар натиҷаи бесарусомониҳо ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ, ки бевосита аз ҷониби наҳзатиҳо роҳандозӣ шуда буд, дар кишвар беш аз сад ҳазор нафар кушта шуда, беш аз як миллион нафар мардуми осоишта бехонумону фирорӣ гардидаанд. Бо вуҷуди ин, Ҳукумати Тоҷикистон тавонист, то муколамаи васеъро дар кишвар ба роҳ монда, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин намояд.

Раванди мубориза бо терроризм дар манотиқи гуногуни олам ва кишварҳои алоҳида нишон медиҳад, ки дар ин росто ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз аз мавқеъгирии ягона оид ба терроризм ва экстремизм бархурдор нест. Ҳанӯз ҳам, мутаассифона, зимни арзёбии ин падидаҳои нанговари таҳдидбарангез ва омилони он аз ҷониби ниҳодҳои алоҳидаи байналмилалӣ, бахусус САҲА ва кишварҳои алоҳида, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон муносибатҳои «духӯра» ба мушоҳида мерасанд.

Аммо ба таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «… террористу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад. Террорист — террорист аст ва ӯ ҳеҷ гоҳ “худӣ” ё “бегона” ва ё “таҳаммулгарову” “тундгаро” буда наметавонад». Ба ақидаи ӯ, «муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатангез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро намепазирад».

«Мо, аъзои Анҷумани тоҷикон дар Туркия ба ҳукумати муҳтарами Туркия изҳори сипос менамоем, ки тамоми аъзои созмони хатарноки террористии наҳзатро аз қаламрави кишвари дӯстӣ мо рондаанд. Мо мутмаин ҳастем, ки мақомоти марбутаи Туркия аъзои ин созмони террористӣ ва роҳбари он М. Кабириро дигар ба Туркия роҳ нахоҳанд дод. Вақте ки аъзои созмони террористии наҳзат дар Туркия иқомат мекарданд, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин кишвар, бахусус дар шаҳри Истанбул бадном карда буданд. Хушбахтона, имрӯз мо, тоҷикони муқими Туркия дар фазои солим ба сар мебарем ва аз аъзои созмони экстремистӣ-террористии наҳзат талаб мекунем, ки номи муқаддаси Тоҷикистонро дар кишварҳои Аврупо ба забон нагиранд. Зеро наҳзатиҳо душмани миллати тоҷик ҳастанд ва ҳуқуқи аз номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтан надоранд»,-гуфт Зафар Мақсудов.

Хулоса, симпозиуми мазкур, ки дар сатҳи баланд доир гардид, ба пешрафти раванди мубориза бар зидди терроризму экстремизм, хусусан бар зидди фаъолияти ТТЭ ҲНИ таъсири амиқ гузошт.

 

АМИТ «Ховар»

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *