Хабарҳо

СУҲБАТИ ШАҲРДОРӢ БО МУХБИРОН

print

         Зимни нишасти матбуотии Раиси шаҳри Турсунзода, натиҷаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар соли 2018  мавриди таҳлил қарор гирифт. Дар ҷараёни он мухбирони нашрияҳои «Ҷумҳурият», “Садои мардум”, «Народная газета», АМИТ «Ховар», “Минбари халқ”, ҳафтаномаи «Дунё», “СССР”,  шабакаҳои телевизионии ТВ «Сафина», Ҷаҳоннамо ҳафтаномаҳои маҳаллии «Диёри Турсунзода», «Алюминийи Тоҷикистон», «Ҳидоят», маҷаллаҳои «Нури маърифат», «Тибби Бўалӣ», телевизиони ҷамъиятии ТВ «Регар», радиои «Садои Осиё» иштирок намуданд. Дар ибтидо Раиси шаҳри турсунзода Абдуқодир Вализода вобаста ба натиҷаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр дар соли 2018  маълумот пешниҳод намуд.

         Сипас, миёни мухбирон ва роҳбарияти шаҳр саволу ҷавоб ва суҳбати ошкоро сурат гирифт. Намояндагони васоити ахбори умум вобаста ба татбиқи амру фармонҳои роҳбарияти олии кишвар, ҷустани тадбирҳо ҷиҳати татбиқи масъалаи саноатикунонии босуръат дар шаҳр,  вусъати корҳои ободонӣ, норасоии омӯзгорои соҳибмаълумот дар муассисаҳои таълимии  баргузории корҳо дар самти соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии соҳибкрӣ ва татбиқи нақшаҳо ҷиҳати омодагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолият давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдкориву созандагӣ саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои  мзарурӣ гирифтанд.

 

 

                                       

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *