Конференсияҳое ки ТТЭ ҲНИ мегузаронад ин нишастҳо мкон дуруғпароканӣ буда, тоҷикро бо тоҷик ҷанг андохта ва баъд худашон вориди ин бозӣ мегарданд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар таблиғоти зиддиҳукуматӣ Даниил Кислов роҳбари сомонаи (фергана аженси) ки бо ТТЭ ҲНИ ҳамкорӣ дорад, даст дорад.
Мақсади асосии нишастҳои ифротиҳо ин бо роҳи осон ва фиреб ба даст овардани маблағ ба ҳисоб меравад. Маълум мешавад, ки роҳбарони пешинаи хориҷиашон аз онҳо ру гардонидааст, чунки амалҳои анҷом додаашон ягон манфиате ба хоҷагони хориҷиашон намедиҳад. Аз ин сабаб ба ҷустуҷуи сарпарасти нав эҳтиёҷ доранд. Зеро, ки буҷети ТТЭ ҲНИ ру ба муфлисшавӣ оварда истодааст, бо вуҷуди ин дасисаҳояшон аз номи ислом баромад мекунанд. Дину мазҳабро ба тиҷорат табдил додаанд, ки худро роҳбари ҳизб машҳури дунё карда аз номи ислом баромад мекунанд, мусоҳибаҳо мегузаронанд, исломро ба тиҷорат табдил додаанд. Бо ин амалҳояшон мардуми тоҷик ва Тоҷикистонро фирефтаи худ сохтанианд. Бо кирдорҳои террористиашон машҳури олам гаштаанд. Кабирӣ сардори паймони зиддимиллӣ дигар чорае надорад, бо ҳар гуна сафсатаҳояш худро машгул крада ба мисли саги дайду меҷакад, ки ба ӯ касе аҳамият нахоҳад дод. Наздик омадааст, ки ӯ худаш ба забони ҳол омада ҳама корҳои зишти анҷом додаашро як ба як дар назди мардум баён кунад ва баъд беобрӯ ҳаст ва то абад хоҳад монд. Табиист, ки Кабирӣ ба мисли махлуқе, ки дар биёбон гурусна мемонад ва ба куҷо рафтанашро намедонад, сабаби ҳамоиши Вилнюс ин аст, ки уро аз биёбон касе наҷот диҳад. Чи тавре, ки дар урфият мегуянд: «Себро кирми худаш мехурад». Ба монанди ҳамин Кабирӣ ки дар гарави кирмҳои наҳзатӣ ғута задааст.
Фирдавс Каримов, омӯзгор