Пас аз истиқлолияти давлатӣ як гуруҳ манфиатҷӯёни ватанфурӯш, ки баъдан ТТЭ ҲНИ-ро асос гузошта, ҳодисаи манфури ғайриинсониро
, ки қатлу куштори мардуми бегуноҳро фаро гирифта буд, такрор карда, ҳатто бо шеваҳои муосири куштор бар сари мардуми тоҷик як балои азимро оварданд. Дар оғози асри гузашта, аз ҷумла даҳсолаи дуюм бо дастгирии амир «Иброҳимбек қатли ом ва ғоратгариҳои худро давом дод». Хоҷагони ТТЭ ҲНИ, ки ҳамин вазифаро дар шароити муосир бар дӯш гирифтаанд, як давра кишварро ба майдони ҷанг табдил дода, онро ба оташ кашиданӣ шуданд. Бо эътирофи Кабирии хиёнатпеша ТТЭ ҲНИ идомаи ҳамин гуна корҳоро анҷом дода истодааст ва ин босмачиёни хунхор ба таври кофӣ хулоса набароварда, чунин хиёнаткориро суръат бахшида истодаанд. Бояд қайд намоям, ки ҳаракати босмачигарӣ ғайримиллӣ буда, барои озори мардум бо роҳбаладии хоҷагони турктаборашон мардуми тоҷикро ғорат намуда, тани онҳоро ба хун оғушта намуда буданд. Кабирии босмачӣ ҳамчун бобоёни босмачиаш аз мардуми тоҷик чи мехоҳад? Худро босмачӣ гуфтани Кабирӣ як ахмақии маҳз аст ва маълум, ки ӯ манқурт шуда, аз аслу насабаш бегона гаштааст. Кабирии манқурт Иброҳимбеки ари 21 аст. Масалан, Иброҳимбек падараш Чақабой ном дошт ва ин чақайбой аз ҷамоаи туркии Шарқии Бухоро буд. Абераи ҳамин Чақайбой писари Иброҳимбек Муҳиддин Кабирӣ ба шумор меравад, ки аслан тоҷик нест. Ин модарбахато барои нобуд кардани тоҷикони Осиёи миёна камари ҳиммат баста, аз дини мубини ислом барои манфиатҳои худ истифода карда, ин манбаи поку беолоишро ба ақоиди босмачигарӣ олуда сохтааст. Аз чунин мавкеъгариҳо бараъло намудор мешавад, ки ислом ба ин хоинон танҳо як аслиҳае беш нест. Иброҳимбеки турктабор низ аз ислом истифода карда, барои барқарор кардани ҳукумати амири лақай кӯшиш мекард ва аз Анварпошшо –сарлашкари турк пайравӣ менамуд, ки ин гуна мавқеъгариҳои ғайримиллӣ боиси муқовиматҳои мардумӣ мешуд. Шеваҳои кори Муҳидин Кабирӣ низ ҳамчун босмачии замони нав аз ҳамин омил сарчашма мегирад.
Дар маҷмӯъ, метавон таъкид кард, ки Кабирӣ бо ноогоҳиаш аз таърихи на он қадар дури таърихӣ бори дигар собит сохт, ки тафриқаандозиҳои ӯ ва ҳаммаслаконаш на ин ки ба муқобили халқи тоҷик буд, балки ба мардуми башар низ созгор нест. Зеро ақидаҳои радикалии хиёнаткоронаи ӯ нобахшиданист. Мо ин босмачии замони хешро маҳкум намуда, мисли аскарон ва калтакдорони сурх барои аз бунёдаш решакан кардани он ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳем.
Абдуллоев Р.Х.–сардори раёсати илм ва инноватсияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров