Нуқтаи назар

 АЗ НАЙРАНГҲОИ ДАСИСАБОЗОН ЭМИН БОШЕМ

print

    Пешравии ҳар як давлат ва ҷомеа ба сулҳу оромӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ва суботи комил вобастагӣ дорад. Сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон, ки натиҷаи талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, барои миллати тоҷик ҳамчун арзишҳои олӣ ва муқаддас ба ҳисоб рафта,  ҳифзи онҳо вазифаи муҳими ҳар як сокини бонангу номуси кишвар мебошад.

Тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони Истиқлолият вазифаи аввалиндараҷаи мактабу омӯзгор аст. Баъдан метавон гуфт, ки  зиёиён ва дигар қишрҳои ҷомеа бояд дар ин кор фаъол бошанд. 

Ҷавонону наврасон ояндасози миллату давлат мебошанд. Пас онҳоро тавре бояд тарбия намоем, ҳамқадами ҷомеа бошанд, бо  мақсадҳои нек сӯи оянда роҳ кушоянд, дар таҳкими давлати демокративу рушду тараққии кишвар саҳми худро гузоранд.

Имрӯз мо дар даврони ҷаҳонишавӣ умр ба сар мебарем. Ояндаи нек моро интизор аст.  Аз ин рӯ ҷавононро зарур аст, ки ҳар чӣ бештар илм омӯзанд, аз навгониҳои илму технологияи муосир баҳравар гардида, баҳри расидан ба ҳадафҳои оливу  башардӯстона кӯшиш ба харҷ диҳанд.  То ки имрӯз ва фардо низ ба гирдоби бозиҳои сиёсӣ фурӯ нараванд. Ба доми фиреби созмонҳои гуногун ва ташкилотҳои ифротгаро наафтанд.

Дар иртибот ба ин мавзӯъ нигаронии инҷониб он аст, ки  аз сабаби бедонишӣ иддае аз ҷавононро саркардагони ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ ба гумроҳӣ кашида, баҳри манфиатҳои ғаразноки худ сӯистифода менамоянд.

Яке аз ин гуна ташкилот ТТЭ ҲНИ буд, ки ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз рӯи кор омада, баҳри амалӣ сохтани ҳадафҳои нопоки худ ба мафкураи ҷавонон таъсири манфӣ мерасониданд. Мардумро бо ҷурми сохтани давлати демократӣ ва созмон додани демократия дар кишвар гумроҳ месохтанд.

Саркардагону пайравони ин ташкилоти ҳизбӣ бо истифода аз дину мазҳаб ва  эҳсосоти динии мардум ҷомеаи тоҷикро ба вартаи ҳалокат тела дода, ҳамчун василаи расидан ба сари қудрат ва ташкили давлати исломӣ қарор дода буданд. Замоне, ки Тоҷикистони азизи мо тоза ба истиқлолияти давлатӣ расида буд, амалҳои наҳзатиён ба зеҳни мардум таъсири манфӣ расонида, дар натиҷа мардуми тоҷик ба бозии маргбор  кашида шуд, ки қариб буд, ба вартаи нестӣ бирасад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар давраи фаъолияти хеш ТТЭ ҲНИ ба таҳқири шахсиятҳои барӯманди миллат, аз ҷумла омӯзгорон пардохта, мавқеъ ва шаъну шарафи онҳоро дар ҷомеа паст мезад. Мардумро барои таҳсил монеагӣ намуда, баҳри омӯхтани хурофот водор месохтанд. Тавассути васоити ахбори омма ақидаҳои ифротгароёнаи худро паҳн намуда, мардумро гумроҳ месохт. Ин боис гардид, ки садҳо ҷавонони гумроҳ ба созмону ҳаракатҳои ифротгарои террористӣ ва экстремистӣ пайравӣ намуда, ҷони худро дар хатар гузоштанд ва аз ҳаёти осоишта, оила ва фарзандони худ барканор монданд.

Мутаассифона имрӯз низ ашхоси гумроҳу бехабар аз мақсадҳои ғаразноки наҳзатиён ба ин ташкилоти террористӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Аъзоёни фаъоли ТТЭ ҲНИ имрӯз низ дур аз Ватан, таҳти сарпарастии хоҷагони хориҷии худ ба тафриқаандозӣ, дасисабозӣ ва куштори ашхоси бегуноҳ машғул гардида, бар зидди давлату миллати тоҷик ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама гуна таассуб, бадкирдорӣ ва бешарафиро раво дида истодаанд. Онҳо ҳамеша бо афкори ғаразмандонаи худ мардуми бофарҳанги тоҷикро ба муқобили ҳамдигар шӯр меандозанд ва барои пешрафти Тоҷикистони азиз, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ монеа эҷод намуда, дар дили ҷавонон ҳисси ифтихор ва ҳуввияти миллиро нобуд сохтан мехоҳанд. 

Сӯиқасд ба ҷони 4 нафар сайёҳи аз Амрикову Ҳолланд ва Швейтсария ба мамлакати мо омада ва анҷом додани куштор, ки  29 июли соли гузашта дар ноҳияи Данғара ба вуқуъ пайваст, амали нангин ва ғаразноки зархаридони ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ маънидод карда шуд, ки симои зишти наҳзатиёнро нишон дод. Аз тафсилоти ин ҳодиса тавассути расонаҳои ахбори омма ҳамагон огоҳ гардидем ва бори дигар ба саркардагону ҷонибдорони ин ташкилоти террористӣ ҳисси нафрати мардум афзуд.

Дар соле, ки давлату ҳукумат бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистони азизи мо соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон дошта, баҳри рушди сайёҳӣ ва обод намудани мавзеъҳои таърихӣ як қатор чораҳоро роҳандозӣ намуда истодааст, сӯиқасд ба ҳаёти сайёҳони хориҷӣ ва куштори онҳо аз амалҳои ноҷавонмардона ва ваҳшиёна маҳсуб меёбад. Ин амалҳо, ки бо фармоиши махсуси сарони ТТЭ ҲНИ содир гардиданд,  ба хотири паст задании обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон нигаронида шудаанд. Куҷост нангу номуси миллӣ, куҷост ифтихори ватандорӣ? Дар ҳоле, ки Кабирӣ ва пайравонаш зери шиорҳои ватанхоҳонаву ҳисси миллӣ дар ватани бегона даъвои ватандӯстӣ мекунад.

Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш берун аз Ватан даъвои сулҳу субот ва ватандӯстӣ мекунанд. Вале амалҳои  ғаразмандонае, ки бар зидди пешрафти Тоҷикистони азиз содир намуда истодаанд, беш аз пеш собит месозад, ки дар ниҳоди онҳо заррае аз меҳри Ватан ва ободии он вуҷуд надорад. Барои расидан ба нақшаву ниятҳои нопоки худ ин нохалафон бо умеди маблаи ночизе, ки хоҷагони хориҷӣ ваъда додаанд, теша ба решаи миллату давлат мезананд.

Бо созмон додани Ташкилоти Паймони миллии Тоҷикистон, ки мақсади асосии наҳзатиён ҷавонони гумроҳро ба сафи он ҷалб намуда, давом додани фаъолияти тахрибкорона буд, Кабирӣ бори дигар ниқоб бар рӯи худ кашида, дар ҷаласаи САҲА ширкат намуд, ва худро бегуноҳ нишон дод, ки обрӯи наҳзатиёнро баръакс барҳам зад. Ба ин монанд амалҳо ва кирдорҳое, ки Кабирӣ ва ҷонибдоронаш содир намуда истодаанд, обрӯву нуфузи онҳоро рӯз аз рӯз коста мегардонад.

Хушбахтона имрӯз аҳли ҷомеа ба куллӣ дарк намуда истодааст, ки собиқ ТТЭ ҲНИ баҳри расидан ба ҳадафҳои ғаразноки худ аз оғози фаъолияти хеш то имрӯз ба ҷуз дасисабозиву кирдорҳои тафриқаангез, террору куштор ҳеҷ як кӯшише ба манфиати миллату мардуми Тоҷикистон накардааст. 

Ҷавонони саодатманди тоҷик бо шукргузорӣ аз ин ободиву гулгулшукуфии Ватани азизамон барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ин гуна зуҳуроти манфури ҷомеа муборизаи беамон бурда, баҳри решакан намудани онҳо талош меварзанд ва намегузоранд, ки хоинони миллат давлати ҷавону соҳибистиқлоли Тоҷикистонро барҳам зананд.

Оре, натанҳо ҷавонон балки аҳли ҷомеа зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри ҳифзи манфиатҳои ҷомеа ва расидан ба ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат тамоми кӯшишу ғайрати худро равона сохта, ба созандагиву бунёдкорӣ шуғл варзанд ва аз найрангҳои дасисабозон эмин бошанд.

Шоираи Регарӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *