Дар ин матлаб Зафари Сӯфӣ аз он гила мекунад, ки таҳти фишору зӯрӣ хабаргузорӣ ва баъдан ҳафтаномаи «Озодагон» аз чоп бозмонданд. Решаи дигари ин мушкилро дар бастани роҳи рекломи ҳафтанома ва контроли матолиби интиқодӣ мебинад. Аслан, мушкилоти имрӯзӣ дар самти расонаҳо ва табъи ҳафтаномаҳо бар мабнои молия тамаркуз мекунад ва дарёфти маблаѓи зарурӣ барои интишори рӯзномаю ҳафтаномаҳо кори саҳлу осон ҳам нест. Агар ба масъала ҷиддитар таваҷҷуҳ намоем, ҳафтаномаи «Озодагон» матолиби интиқодие интишор медод, ки характери моҷароҷӯйӣ ва ифротгаройӣ надоштанд. Маводи интишоротии ҳафтанома ба масъалаҳои фарҳангӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ иртибот доштанд Аз ин рӯ, аз чоп бозмондани ҳафтаномаи «Озодагон» ба фишори мақомот рабте надорад. Бинобар ин, дар ҳафтаномаи «Озодагон» матолиби интиқодие интишор меёфт, ки ба қонунгузории марбутаи ҷумҳурӣ муѓоират надоштанд.
Мо медонем, ки расона дар шароити имрӯза ба сифати абзори қудратманди иттилоотӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва мафкуравӣ хидмат карда, на танҳо афкори умум месозад, балки рисолати фарҳанггустарӣ ва ҳувиятсозӣ низ дорад. Аммо, чуноне ки мулоҳиза мефармоем, баъзе расонаҳо рисолати фазосозии эътидолӣ ва ҳувиятсозиро сарфи назар намуда, ба хотири бароварда сохтани ниёзу манофеъ ва хостҳои сиёсию молиявӣ иттилооти муѓризона ва иѓвогароёнаро пахш мекунанд, то вазъи манотиқро маѓшуш сохта, дар бофтҳои иҷтимоӣ ноҷуриро ба вуҷуд биёранд ва аз тариқи расона афкори ҷамъиро ҳамеша таҳти таъсир қарор диҳанд. Давлат бо ин навъ расонаҳои иѓвоангез ва тавтеасоз дар доираи қонунҳои амалкунанда бархӯрд мекунад ва ҷиҳати муътадил сохтани фазои расонаӣ ва матбуоти даврӣ чораҳои судманд меандешад. Афзун бар ин, давлат вазифадор аст, ки барои рушди демократия ва озодандешӣ дар кишвар фазои мусоид фароҳам биоварад ва дар асоси ин мабонӣ ва принсип амал карда, муҳити муътадили созмон додааст. Аз тарафи дигар, мушкилоти молиявӣ ва буҳрони пулӣ бисёре аз расонаҳои хабарӣ ва таҳлилии ҷумҳуриро муфлис кард ва аз фаъолият бозмондани нашрияҳои мустақил ба ин мушкил бастагӣ дорад.
Зафари Сӯфӣ, ки дар хориҷ қарор дорад, тасмими дубора ба кор андохтани хабаргузорӣ ва ҳафтаномаро дар берун гирифтааст. Тамоми мушкилот боз бармехӯрад ба масъалаи молия ва касодии иқтисодӣ. Аммо дар хориҷ шояд имкони зиёди молиявӣ пеш биояд ва Зафари Сӯфӣ мушкилоти молиявиро бартараф карда, нашри дубораи расонаро ба роҳ монад. Ё шояд вай аз ҳисоби кадом неруи хориҷие “сарпараст” пайдо кардааст. Аммо аз ҳама муҳимтар он аст, ки Зафари Суфӣ тавассути фаъолияти журналистии худ бар зидди давлату миллати Тоҷикистон амал накунад.