Аҳолӣ Хабарҳо

Доираҳои манфиатҷӯ ва ғаразҳои аҳримании онҳо

print
Дар замони муосир баъзе аз доираҳои манфиатҷӯй ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопоки худ дини мубини исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд мардумро ба амалҳои ношоиста, бадбиниву ҷоҳилӣ, хурофотпарастӣ, таҳаммулнопазирӣ, тақлидкорӣ ба либосҳои бегона роҳнамо созанд. Ин ашхос, ки дар асл аз арконҳои дини мубини ислом фарсахҳо дур мондаанд ва теша бар решаи худ мезананд, худро гоҳ муллову гоҳ хирадманд вонамуд месозанд ва бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ байни мардум тафриқаангезӣ менамоянд. Аъзоёни ТЭТ ҲНИ ба гуфтаҳои боло ҳамчун намунаи возеҳу равшан муаррифӣ шуда метавонанд, зеро парда аз рӯи амалҳои террористиву экстремистии онҳо боз гардидааст ва ҳадафҳои ғаразмандонаашонро пиру ҷавони Тоҷикистони соҳибистиқлоламон басо хуб медонанд. Аз ибтидои фаъолият барои ТЭТ ҲНИ даъват ба ислом аз издиҳом ва бо ин васила талқини моҳияти ғаразнок ва манфиатовар ба нафъи худ воситае буд, ки ин ашхоси манфиатҷў ва халафкор бар хилофи талаботи дин ва ҷомеа аз ҷониби намояндагон ва ё аъзоёни ин ҳизб, дар асоси нақшаҳои тарҳрезинамудаи хоҷагонашон ба амал мебароварданд. Чунин, рафтор боис гардид, ки кишварро дар он замон оташи интиқом ва ҷанги шаҳрвандӣ фаро гирифта, дар натиҷа, ҷони ҳазорҳо одамон аз байн бурда шуда, сохторҳои қудратии кишварро ба нестӣ оварад. Тамоми сохторҳои иқтисодиёти ҷумҳуриро ба таназзул ва ҳатто, аз нигоҳи иқтисодӣ ба буҳрон рў ба рў оварда, аз самти рушд ва фаъолияти худ боз дорад.

Бузургони илму адаби мо барҳақ таъкид сохтаанд, ки “Ҳар ҷое агар дӯстӣ бошад, он ҷо душманиро ҳам мебинӣ”. Вақт, ки довари асосии ҳаёт маҳсуб меёбад, нишон дод, ки ТЭТ ҲНИ ҳаргиз таҷаллии хуршеди орзуву ормонҳои мардум, сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат ва садоқати бепоёни халқи тоҷикро ба Ватан-модар намехоҳад.

Сиёсати интихобнамудаи роҳбари фирории ин ҳизби террористӣ бо номи “сиёсати сабр”, ки онро солҳои охир пеша кардааст, нусхаи аслии барномаи “Ҳизб-ут-таҳрир” аст. Мутобиқи “сиёсати сабр” наҳзатиҳо дар навбати аввал бояд “қадам ба қадам” вазъи инқилобиро тайёр кунанд ва пасон инқилобро роҳандозӣ намоянд.

Ифротгароӣ ва террори динӣ-мазҳабӣ, ки аввал дар кишварҳои Ховари Миёнаю Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ таҳррезӣ мешуд, имрӯз тавассути наҳзатиҳо террорист баринҳо ҳудуди хешро тавсеа бахшида, ба Аврупо “кӯч” бастааст.

Хиёнаткор Ватан надорад. Кабирии беимон ва ба халқу Ватан хиёнаткарда дар руйхати аввалини чунин шахсон меистад. Ин ифротии лаънаткардаи халқ бо кирдору рафтори хоинонаи худ имрӯз низ аз ниятҳои нопоки худ даст накашида, аз пайи туҳмату буҳтонҳои беасоси худ нисбати Тоҷикистон аз хоҷагони хориҷии худ “туҳфаҳои гарон” мегирад.

Аммо иродаи матин, қалби пурэҳсос, нерӯи созанда, боварии мардуми сарбаланди кишвар ба фардои дурахшонфаъолияти ғаразмандонаву ҷинояткоронаи ТЭТ ҲНИ-ро қотеъона маҳкум менамояд.

Ҳамаи мушкилоти мо фақат дар ҳолати сулҳу осоиштагӣ метавонад ҳалли худро ёбад. Аз ин рӯ, ҳар фарди солимфикру ватандӯст, хоса мо – ҷавононро зарур аст, ки масъулияти худро содиқона анҷом диҳем. Сулҳу суботи кишвар, арзишҳои миллӣ, таърих ва фарҳанги куҳани аҷдодиамонро чун гаҳвараки чашм ҳимоя намуда, барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Ватани азизамон аз имрӯза бештар камари ҳиммат бандем, зеро ободии Ватан масъулияти инсониву имонист.

Баҳодур Саломов

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *