Хабарҳо

МУРДАРО ЯК СЎ ГУЗОШТА, ОШХӮРӢ ДОРАНД!

print

Рӯзҳои охир дар фазои маҷозӣ дар бораи аз ин дунё реҳлат кардани  фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ марҳум Файзинисо Воҳидова бисёриҳо сӯгвориву ҳамдардӣ баён карда, марги ӯро фоҷиаи бузург хондаанд. Аммо дар баробари ин ҳама ёдномаву сӯгвориҳои ёру дӯстони марҳум тарафдорони “фермаи Кабирӣ” низ чун ҳамеша ин хабарро ҳамчун воситаи хуби ҳангомасозиву иғвоангезӣ истифода бурда, дар саҳифаҳои фейкиву сомонаҳои дурӯғпароканашон иттилооти бадбӯйро нашр кардаанд. Ин подаи бесоҳиб ва ин тӯдаи пасмондагон, ки аксарияташон то имрӯз аз кӣ будани Файзинисо Воҳидова дарак ҳам надоштанд, чунон зери чатри макру дасиса изҳори назар кардаанд, ки мақоли “мурдаро як сӯ гузошта, ошхӯрӣ”-ро ба ёд меорад. Дар ин хусус рӯзномангори мухолифи тоҷик Додоҷон Атовуллоев дар саҳифаи фейсбукиаш зери унвони “Ғамбода” (4 январ, соати 23:51) навиштааст: “Марсияҳоро мехонам ва мехоҳам ба рӯи бештари муаллифони онҳо туф бикунам. Махсусан, ононе, ки худро дӯсти марҳума мешуморанд ва дар асл ҳатто намедонанд, ки ӯ кист?”.

Ин оҷизакони “фермаи Кабирӣ” аз хабари марги Файзинисо Воҳидова чунон оҳу шеван бардоштаанд, ки аксари онҳо ҳатто ба марги модарашон чунин ғам намехӯранд. Сабаб дар чист? Албатта, сабаб як аст: ин аслбохтагони виҷдонфурӯш боз як дастаке ёфтанд, ки битавонанд тавассути он садо баланд кунанд ва хабари бепоя ва бадбӯи ба ин қазия даст доштани мақомоти тоҷикро дар фазои маҷозӣ парокананд.

Давоми ду рӯзи охир дар даҳҳо саҳифаҳои фейкии наҳзатиён ва сомонаи дурӯғпарокани падари дурӯғгӯён Мирзоҷони Ҷонона хабару матлабҳое нашр шудааст, ки дар меҳвари ҳамаи он қазияи марги Файзинисо Воҳидова қарор дорад, аммо ҳамаи муаллифон кӯшидаанд, ки ин хабарро ба манфиати “фермаи Кабирӣ” корбурд намоянд ва марги як зани тоҷикро ҳамчун воситаи хубе барои туҳмату буҳтонсозиҳо алайҳи ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти қудратии кишвар истифода кунанд. Ҳатто гумноме дар сомонаи фитнаангези Мирзои Салимпул “номаи шикоятие” иншо кардааст, ки саропо бӯи дасисаву ҳамоқат мекунад ва бебандубориаш аз унвонаш маншаъ мегирад. Дар ин ҷо боз як андешаро аз саҳифаи фейсбукии Додоҷон Атовуллоев овардан бамаврид аст, ки метавонад хулосаи ин сархат бошад: “Марсияхонони бехосият ва бешарофат, чаро дар зиндагияш аз ӯву корномаҳояш нанавиштед? Шумо мисли ҳамон муше ҳастед ва танҳо дар бораи гурбае менависед, ки сарқути мошончаҳояшро ба шумо бидиҳад…”.

Пӯшида нест, ки Файзинисо Воҳидова бо “фермаи Кабирӣ” муносибатҳои пӯшида дошт. Ин маънӣ дар як мукотибаи байни рӯзноманигори тоҷик Ҳарамгули Қодир ва Додоҷон Атовуллоев ҳам дар фейсбук мушоҳида шуд, ки дар зер овардани онро айнан зарур шуморидем:

Haramgul Qodir:

“Устод чи тасвири зебое, вале дарднок. Бале, солҳои охир мо низ ба хотири ҳамон “парвонаҳо”-и атрофаш камтар (бо Файзинисо Воҳидова – PS) тамос мегирифтем, чанд рӯз қабл суҳбат доштем, гуфт, “ҳамонҳо” ӯро амниятӣ баровардаанд…”.

Dodojon Atovulloev:

“Ҳамонҳо (номгумакони нонгадо) Шуҳрат Қудратовро ҳам агент мегуфтанд. Риши инҳо бисӯзад, галстук гулӯяшонро бифишорад, кепкаҳои дуеврогӣ дар сари бемағзашон оташ гирад, касе бо инҳо нест, агент эълон мекунанд. Чун ҳама аз боло то поён стукач, гумошта, бузак ва агентанд!!! (PS: тӯдаи наҳзатиёни ифротӣ дар назар аст)”.

Дар баробари ин ҳама дасисабозиҳои чанд худбохтаи виҷдонфурӯши миллатситез, ки ҳатто хабари марги як зан – модари тоҷикро ба манфиати нафси бади худу хоҷагонашон истифода карда, ҳангомасозиҳо доранд, дар фазои маҷозӣ марсияву сӯгвориҳои самимӣ аз ҳар қишри ҷомеаи тоҷик баён гашта истодааст, ки сирф инсонианд.

Охир, марг омаданист, инро бояд ҳар инсони солимандеш қабул дорад. Аз кушудани банди аҷал ҳатто Синои бузургвор оҷиз монд, чӣ монад ба имрӯзиён!

Ва онҳое, ки имрӯз омил ва сабабгори марги Файзинисо Воҳидоваро гурӯҳе, ҷонибе ва сохторе меҳисобанд, бояд бидонанд, ки рӯзе худи онҳо ҳам ин саройро бояд тарк гӯянд, омил ва сабаб муҳим нест, муҳим расидани МАРГ аст.

Бо ин саҳнасозиҳо ва ҳангомаҷӯиҳо тарафдорони “фермаи Кабирӣ” бори дигар исбот карданд, ки барои онҳо масъалаи марги кадом як ҳамсафашон ба сифр баробар аст, танҳо манфиатҷӯӣ аз он муҳим аст.

Хонаи охирати Файзинисо Воҳидова обод бод!

         Алиҷон Сафаров,

таҳлилгар

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *