Хабари наваш чизе нест. Вазни гӯзеро дорад, ки ҳатто то ба машоми Салимпул расидан бодаш мебарад. Вале ӯ бо тамоми қуввае, ки дорад ин гӯзро дар пати бинии бадомӯхташ нигоҳ медораду онро чун бӯйи атриёти фаронсавӣ азиз медорад.
Бале, дар Хоруғ ҷинояткоре даст ба амали ғайриқонунӣ задаасту аз ҷониби мақомот боздошт шудааст. Акнун тақдири ӯро қонунгузорӣ ҳал мекунад. Гунаҳгор аст, ҷавоб мегӯяд. Гунаҳгор нест, ҷавобаш медиҳанд. Роҳи сеюм нест. Он ки сею чору даҳ нафар ҷамъ меоянду озод намудани ҷинояткореро тақозо мекунанд, барои вазъият дар маҷмӯъ таъсире надорад. Давраи қумандонию бузургсолории ҷинояткорон кайҳо гузаштаву фаромӯш шудааст. Гӯзони фалаке мисли Мамадбоқир Мамадбоқиров барои Салимпул баринҳо «лидер»-анд. Зеро салимпулҳо «накҳат»-и боди сардодаи чунинҳоро аз ҳазорҳо фарсах ҳис мекунанду бо роҳати том нафас мекашанд. Агар худое накарда, ин ҷиноятпешаҳо ба телефонашон ҷавоб додаю ба саволи аблаҳонаашон посухи аҳмақонае ато кунанд, умре дар курта намеғунҷанд ва худро журналисти рӯзу моҳу солу таърих эълон медоранд. Дар назди қонун бошад Мамадбоқир ҷуз сардори як гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳали худ дигар касе нест.
Аз оне ки Салимпул дурӯғи навбатӣ мебофаду вазъи Хоруғро «муташанниҷ» баҳо доданӣ мешавад, албатта, вазъ дар ин шаҳр дигар намешавад, вале дилам ба ашхосе месӯзад, ки ба навиштаи дурӯғи ӯ бовар кардаю яке ғамгин мегардад, дигаре чун Салимпулу хоҷагонаш хурсанд. Онҳо шабу рӯз интизори «мужда»-и ташаннуҷи авзоъ дар Тоҷикистонанд. Танҳо ин мужда барои онҳо дигар орзуест, ки ба хокаш хоҳанд бурд.
«Ахбор»-и дурӯғат ҳама умр том нашуд,
«ком»-ат ба ҳақиқат дамаке ром нашуд.
Каззобию иғвост туро касбу ҳунар,
Ҳайфи қаламе бар ту ки некном нашуд.
Ту бандаи пул гаштӣ, дурӯғ бандаи ту,
З-ин банданавозӣ қадамат гом нашуд.
Қонуни ҳаёт аст ба таърих ҳама умр,
Оне ки Ватан фурӯхт, ширинком нашуд.
Лутфасани Муборакқадам,
сокини шаҳри Хоруғ