Хабарҳо

Таҷлили рӯзи милитсия

print

Санаи 9 ноябр бо иштироки роҳбарияти шаҳрдорӣ, кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони милитсия ва ҷавонон иди касбии кормандони Вазорати корҳои дохил Рӯзи милитсия ботантана ҷашн гирифта шуд.

Зимни маърӯзаи табрикотӣ муовини якуми раиси шаҳр П. Акрамзода иброз  намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ милитсияи тоҷик бори дигар собит намуд,  ки  ҳамчун кафили амният ва сулҳу субот дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини тинҷиву оромии рӯзгори халқ ва устувор нигоҳ доштани пояҳои давлати демокративу ҳуқуқбунёд саҳми муассир дорад. Дар ин радиф ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода рисолати касбии милитсияро софдилона ва сарбаландона адо намуда, фаъолияти шуъба дар мубориза бо ҷинояткорӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии қонуншиканиҳо дар маҷмуъ мусбат арзёбӣ гардида, сокинони шаҳр ҳамчун сипари боэътимод  ба кормандони шуъба боварии комил доранд.

 Сардори ШВКД дар шаҳри Турсунзода М. Искандарзода иброз дошт, ки милитсияи тоҷик дар таърихи беш аз 90-солаи фаъолият вазифаи мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният ба сомон расонидааст. Ин таҷрибаи ғанӣ аз ҳар як корманди милитсия тақозо менамояд, ки ин вазифаи пурмасъулро садоқатмандона иҷро намуда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун  устуворона қадам гузорад.

Баъдан як қатор кормандони милитсия барои хизмати содиқона дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода сарфароз гардиданд.

Ҳамзамон бо фармони Вазири корҳои дохилии кишвар ва фармоиши сардори ШВКД  кормандони арзанда, собиқадорон ва як қатор кормандони ҷавонони фаъоли милитсия бо ифтихорномаву сипоснома, туҳфаҳои хотиравӣ, маблағҳои пулӣ ва рутбаҳои навбатӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар ин радиф,  ба оилаҳои  фарзандони ятими  собиқ кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳр, ки зимни адои хизмат фавтидаанд, туҳфаҳои пулӣ супорида шуд.

Дар хотима барои болидарӯҳ гардонидани кормандони мақомоти милитсия чорабинии фарҳангӣ пешниҳод гардид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *