Хабарҳо

Хурофотӣ чӣ донад кори дунё? (дар заминаи «Табрикнома-талабнома»-и М. Садриддин)

print

Баҳси ҳамешагии М. Садриддин, ки пайваста аз дигарон талаб мекунаду ҳатто шунидан намехоҳад, ки дигарон

аз ӯ талаб намоянд, сатру ҳиҷоб, масҷиду намоз аст. Тамоми матолибе, ки интишор медиҳад, ба ин ва ё он ваҷҳ ба ин ду масъалаи асосӣ – ҳиҷобу масҷид бастагӣ доранд. Фаразан, дар бораи масъалаҳои дигар, мисли ришваситонӣ, фасоди молӣ ҳам баҳс кунад, ҳатман имону динро мисол мезанад, то имондорӣ ва риёкориашро ба намоиш гузорад. Чаро чунин аст? Ҷавоб бисёр одист. М. Садриддин як марди мутаассиби мазҳабист, ки берун аз мазҳаб (ва он ҳам мазҳаби олудаву фурӯрафта дар хурофоту таассуби амиқ) дунё ва инсонро тасаввур намекунад. Дигар ин ки алайҳи душманонаш бештар тамғаҳои беимон, бедин, аз дин дур, исломситез, сатрбадбин, масҷидбезор ва амсоли инҳоро бебаркаш мезанад. Ҳатто тасаввур кардан намехоҳад, ки дар дунё ба ғайр аз ислом, масҷид, намозу рӯза, имону сатр, ҳиҷобу риёкории динӣ ҳазорон мушкилу масъалаҳо вуҷуд доранд, ки заруртару муҳимтаранд. Гӯиё дунё дар меҳвари ҳамин масоили кучак чарх мезада бошад ва шоир муносиби ҳоли М. Садриддин фармудае дорад:
Хурофотӣ чӣ донад кори дунё?
Ки донад ҷӯйро ҳамсони дарё.
Бо ҳиҷобу сатр кардан, ҳамарӯза намоз хондану рӯза доштан, тасбеҳ ба дасту аммома ба сар гирифтан, масҷидро хона кардан чӣ масъала ҳал мешавад.
Оё М. Садриддин боре фикр кардааст, ки дар қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон аз мактабу муассисаҳои фарҳангӣ дида, масҷиду намозгоҳҳо ҳазорон маротиба зиёдтаранд, намозхону ибодаткорон ба миллион нафар расидаанд, аммо як зарра мусулмонӣ нест. М. Садриддин ҳангоми дар Тоҷикистон будан хуб мединист, ки намозҳои ҷумъа чӣ гуна серодаму серталотум буд ва имрӯз ҳам омадурафти мардумро ба масоҷид дида, одами берун ҳайратзада мешавад. Ин қадар намозхони зиёд (ва дақиқтараш, мусалмони зиёд), аммо ҳеҷ падидаи мусалмоние ба мушоҳида намерасад. Яъне ин армияи намозхонон, ки миллионҳоро ташкил медиҳанд, ҳозир нест ба нафаре кумак намоянд, ҳатто нафарони нодор ва фақире, ки назди масоҷид истода, интизори хайри намозгузорон мешаванд, аз хайру саховати аҳли бизнесе, ки дар сари ҳар як ҳарфу суҳбат калимаи «алҳамдулиллоҳ»-ро мутаккабирона бар забон меоваранд, бебаҳра мемонанд. Ин ҳам яқин аст, ки бар асари ҷаҳолатписандӣ ва вопасгаройии М. Садриддинҳо барин воъизини исломӣ насли ҷавони ҷомеаи тоҷикӣ дар даҳ-понздаҳ соли охир чунон мазҳабзада ва мутаассиб шудааст, ки дар радди ин пофишорӣ кардан бемаънист. Ва ин ҳам маълум аст, ки мусалмонии аксарияти кулли армияи намозхонони мо барои риё, на аз барои Худо намоз мегузоранд ва намозгузорию имондории худро риёкорона намоиш медиҳанд. Акнун бубинед, ки барои аҳли дин ва тақво дар Тоҷикистон тамоми шароити ибодӣ муҳайё шудааст, ин ҳам басанда накарда, як гурӯҳи мутаассиби мазҳабӣ гурӯҳҳои озодандеш ва тараққипарвари ҷомеаро мавриди таҳқир ва тавҳин қарор медиҳанд. Бо ин ҳама М. Садриддин дар номаи «табрикӣ»-и худ ба Раиси шаҳр аз манъи сатру ҳиҷоб ва масҷиду маобиди исломӣ сухан ба миён меоварад ва ӯро ба «адолат» даъват менамояд. Чӣ адолате? Адолате, ки бар пояи хурофоту таассуби динӣ устувор шудааст ва қудрат додани аҳли таассубу ҷаҳолатро дар худ инсиҷом бахшидааст.
Бешармона гуфтани ин ки Сарвари давлат масоҷидро бастааст, гапи нави М. Садриддин нест, ҳамеша аз ин навъи иттиҳом кор мегирад. Охир, дар Тоҷикистон аз дигар муассисаҳо дида, масҷиду намозгоҳ зиёд аст. Боз чӣ мехоҳед? Хостгоҳи ин тоифа чизи дигар аст: Онҳо тавассути масҷиду сатр ба эҳсоси динӣ-мазҳабии мардуми мусалмон нохун мезананд ва ба шӯр меоваранд, то авзоъро муташанниҷ сохта, амниятро барҳам зананд. Аз бохтан дар баробари сиёсати давлатӣ, ки сирф дунявӣ ва миллӣ аст, ин тоифа ба хашм омадааст ва хашми худро сари раҳбарияти давлат фурӯ мерезад.
«Насихатнома»-и М. Садриддин аз чанд муддаои наҳзатӣ таркиб ёфтаасту халос. Аммо, он чи ки дар қолаби «талабот» манзур кардааст, ба худи М. Садриддин ва гурӯҳҳои ба ӯ наздик сидқ мекунад. Тасаввур кунед, агар М. Садриддин дар раъси давлатдорӣ мебуд, чӣ мусибатҳое ба сари ин миллат меовард. Бо намозхонӣ, масҷидсозӣ ва динмадорӣ миллат ба марҳилаи бедорӣ мерасад? Дар сад соли дигар намерасад. Таърих собит сохтааст, ки халқи тоҷик дар ҳазору чаҳорсад соли салтанати динӣ-мазҳабӣ хушбахт набуд, баръакс, бо бадбахтиҳо ва мусибатҳои паёпай мувоҷеҳ шуда, асолати миллиро бохта буд. Агарчи давлати Сомониён дар кӯтоҳмуддат тавонист рӯҳи миллиро бар рӯҳи аҷнабӣ тарҷеҳ намуда буд, бо тарҳрезии ихтилофоти мазҳабӣ ва рӯйи кор омадани ҳокимони мазҳабзада ва хурофотӣ аз миён бардошта шуд ва ҷойро ба давлатҳои аҷнабӣ дод. Имрӯз ҳам, гурӯҳҳои мухолифи берун, ки М. Садриддин дар он феҳрист қарор дорад, ҳамон ҳадафи собиқро – сабзонидани тафаккури мазҳабӣ ва ҷойгузин кардани он дар зеҳну шуури миллӣ дунбол мекунанд ва дар ин замина, бо сармоягузориҳои хориҷӣ барномарезиҳо менамоянд. Бинобар ин, дар шароити имрӯзӣ пеши роҳи ин гурӯҳҳои мазҳабзада ва хурофотиро танҳо системаи давлатдории дунявӣ бо такя ба афроди огоҳи миллӣ саришта карда метавонад.

Фаридун Ориёӣ,

 таҳлилгар
21 декабри соли 2018

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *