Хабарҳо

Сатре, ки ту дорї, ба яќин моли риё аст (чанд љумла андар риёкорињои расонаии навбатї)

print
Сомонаи Паём, ки муддатњост дар сафањоташ хурофоту љањолат, риёву ѓараз ва кинаву адоватро љо медињад, ба љуз таассубу бењувиятї чизи дигаре дар ќолаби «Паём» ба хонандагон ба армуѓон намеоварад. Ин дафъа пойгоњи нањзатии «Паём.нет» ба масъалаи барои нањзат ва армияи бузурги хурофотиёни динї – «њиљоб» таваљљуњ намуда, назари ба истилоњ, коршиносонашро дар робита бо баррасии дастури манъи њиљобдорон ба муассисањои давлатї пурсидааст. Яке аз коршиносони нањзатї Абдуманон Шералиев бо шунидани суол яку якбора шўрида, гўиё аз эњсосоти динї-мазњабии мардум дифоъ мекарда бошад, ба зиддимардумї будани чунин навъи тасмимоти маќомоти давлатї ишора намудааст. Акнун бармегардем ба масъалаи «њиљоб», ки тору пуди фалсафаи хурофотиёни мазњабиро ташкил медињад. Њиљоб, аз назари психологї, як навъ символи муќовимат ва иддао алайњи бењиљобон ва мутаносибан бединон талаќќї мешавад. Њиљобдор ба таври худогоњ ва нохудогоњ ба дигарон, махсусан занону духтарони бењиљоб даъвии покдоманї ва иффатдорї пеш меоварад ва риёкорона ба намоиш гузоштани тарзи њиљобпўшиаш бо худии худ як навъ эътирози иљтимої аст. Ин нуќтаи назари равоншиносї аст ва мо аз худ дар ин замина чизе илова намекунем ва фаќат символикаи њиљобро, ки дар худ нафрату бадбиниро ба дигар њамнавъони бењиљоб меѓунљонад, баён медорем. Аз ин љост, ки маќомоти давлатї сари ин масъалаи њассос ва дар айни замон хатарзо чораандешї мекунанд, то сатњи баланди риёкорї ва хурофишавиро миёни занон коњиш бидињанд. Агар давлат ва маќомоти зиддахли давлатї чунин иќдомеро дар баробари ташаннуљи падидањои таассубї амалї накунанд, пас, ба чї кор бояд машѓул шаванд? Бишинанду манзараи вањшатзои риёкории сатрпўшонро наззора кунанд ва њељ тасмиме нагиранд? Албатта, барои ин гурўњи «коршиносон» бетасмимї ва беамалї дар баробари нуфузи хурофоту таассуби мазњабї  чун обу њаво зарур аст, то љањолати саросарї дар мамлакат њукмфармо гардаду оќибат ноамнию бесуботї ва кашмакашу даргирињои мазњабї љомеаро фаро гирифта, ба њазорсолањо аќиб бубарад. Аз тарафи дигар, њодисаи њиљобпўшии риёкоронаи занону духтарони мусулмонро дар Фаронса, ки чанд сол ќабл ба вуќўъ пайваста буд, ба хотир биёваред, ки боиси бањсу даргирињои гарме дар љомеаи франсавї шуд ва охируламр њиљобпўшии риёкоронаро манъ кард. Чунки дар пай даъво дошт ва ин навъи иддаоњо љомеаи мадании Фаронсаро водошт, ки алайњи худнамої ва риёкории мусалмонзанњои њиљобпўш бишўранд ва вазъро то андозае ором намоянд.

Илова бар ин, њиљобпўшї њоло маънии динмадорї ва ботаќвоии занро нишон намедињад. Аз назари оморї, занњои сатрпўш ё риёкорї мекунанд, ё иљборї онро ба сар мекунанд ва ё њадафмандона муборизаи идеологї мебаранд ва борони эътирози динї-мазњабї ва эътиќодии худро рўйи љомеа мерезанд. Ин масъаларо дастак карда, ба дастуру ќавонини давлатї часпидан ва озодињои мазњабиро бањона пеш оварда, даъвињои хатарноки мазњабиро тањаќќуќ бахшидан ба манфиати миллат ва халќи тољик набуду нест. Дигар ин ки љанги сарди сатру бесатрї дар њама давру замон буду њаст ва аз он њангома сохтан мумкин нест. Аз њама муњим, мо дар давлати миллї, дунявї ва секулорї зиндагї мекунем ва арзишњои секулорї назар ба арзишњои динї-мазњабї инсонитар ва миллитаранд. Вобаста ба ин, њар падидае, ки зидди арзишњои секулорї ва инсонї аст, дар доираи ќавонини давлатї љилавгирї мешавад.

Тањлилгари дигар ба исми Файзинисо Воҳидова, ки ҳуқуқшинос аст, гўиё ки ѓамхори халќ ва аз љумла занон мебошад. Сатр аз рўймоли тољикї фарќ мекунад ва касе рўмоли тољикиро манъ накардааст. Баръакс, рўмоли тољикї, ки метавон онро як навъ рўсарии зебои миллї унвон кард, асрњо зани тољикро оро додааст. Агар ба навиштаи Шишов (китоби «Тољикон» ном дорад ва он ба забони тољикї нашр шудааст) таваљљуњ намоем, дармеёбем, ки дар навоњии кўњистони тољик рўймоли тољикї занони мањаллиро зеб медодааст ва дар маъракаю чорабинињои идона ва арўсї занон ин рўсариро истифода мебурдаанд. Агар Воњидова, ки худро њамадон менамоёнад, ин  навъ либоспўширо, ки дар зењнияти тољикї љойгоњи вижа дорад, тарѓиб кунад, љойи гила ва бањсу мунозира нест. Аммо гап дар ин аст, ки њуќуќшиноси тољик, ки аз миллият дам мезанад, сарфањм намеравад, ки пушти сатру њиљоб чї наќшањои сиёсї ва мафкуравї ќарор доранд. Шояд донад, вале ба хотири як зани мусалмон эътироф шудан, бозињои пасипардагиро, ки бо сатру њиљоб ва риёкории саросарї алоќаманданд, нодида мегирад. Баъдан Воњидова аз занони Ирону Афѓонистон ёдовар мешавад ва њатто дарк намекунад, ки њамарўза њазор зани иронию афѓонї садо аз беадолатии охундону рўњониён мезананд ва барои поймол шудани њуќуќњояшон мешуранд. Чунин љуръатро Воњидова ва Воњидовањо дар њазор соли дигар пайдо намекунанд. Масоиле, ки занону бонувони иронї ва афѓонї бањс мекунанд ва хатти марказии мабоњиси онњо берун рафтан аз вартаи хурофоту таассуби мазњабї аст, Воњидова  њатто дар хобаш дидан намехоњад, зеро ки мафкураи танги мазњабї дорад ва ормонњояш на миллї, балки мазњабианд. Ба ин мазмун:

Диндорї агар њаст, бубин, ишќи Худо аст,

Не сатр, ки сарчашмаи найрангу риё аст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *