Сиёсат Хабарҳо

БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД

print
Тибқи иттилоъи расонаҳо ҷинояткорони наҳзатӣ имрӯз дар назди Сафоратхонаи ҶТ дар шаҳри Берлини кишвари Олмон бо ҷалби чанд гумроҳу худбохтаи дигар ҷамъ шуда онро гирдиҳамоии эътирозӣ номиданд.
Маълум аст, ки роњбарияти ТТЭ ҲНИ ҳамчун ташаббускори аслии баргузории ин ҳамоиш бо чунин амали ҳангомаҷӯёнаи худ чї ҳадафи муғризонаеро пайгирӣ кардан мехоњад. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатњои гурўњии худ талош доранд ва дар ин росто зидди манфиатњои милливу давлатӣ амал менамоянд. Роњбарияти ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслакони онҳо бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда мардумро ба чолиш кашанд. Бубинед ин муддаиёнро, ки агарчи зоҳиран лофи ватандорию миллатдӯстӣ мезананд, аммо амалан алайҳи миллат ва Ватани худ талош меварзанд. Оё њамин аст оини ватандорӣ ва рисолати шаҳрвандии онњо? Магар фаромўш кардаанд, ки мањз онҳо бо чунин амалҳои номатлуб ду дањсола пеш боиси шурўъи љанги шањрвандї гардида Ватанро ба љои обод кардан ба вайрона табдил доданд ва боиси марги њазорон њазор мардуми бегуноњ шуда буданд.
Ба ин ҳизби террористӣ, ки боиси ҷанги шаҳрвандии кишвар ва кушта шудани ҳазорон ҳазор ҳамватанон гардид, аслан ҳеҷ касе бовар надорад. Ин ҳизб на фақат бар хилофи манофеи миллии мо ва бар зарари мардуми Тоҷикистон амал мекунад, балки он ҳамзамон дар сатҳи минтақа низ бо шабакаҳои маъруфи террористии бунёдгаро ҳамкорӣ карда, боиси идома ёфтани даҳшатпарокании ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ мегардад. Мутобиқи омори расмӣ аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз гумроҳӣ ба сафи ҷангҷӯёни Давлати Исломӣ пайвастаанд, аслан ё аъзои ТТЭ ҲНИ мебошанд ва ё зери таъсири он мондаанд. Воқеаи даҳшатборе, ки дар таърихи 29-уми июли соли равон дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо сайёҳони хориҷӣ рӯй дод, далели ин гуфтаҳост. Дар ин қазия гурӯҳи террористие иборат аз панҷ нафар тавассути нақлиёти сабукрави шахсӣ ба чандин ҷаҳонгарди хориҷӣ садама зада, сипас бо истифода аз корду табар чор нафари онҳоро куштанд ва ду нафари дигарро захмӣ карданд.
Бо вуҷуди он ки дар зоҳир масъулияти ин ҳамла ба сайёҳони хориҷиро “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифта буд, аммо дар иртибот ба иттилоот ва эътирофи Ҳусейн Абдусамадов баъдан маълум гардид, ки тарроҳи ин нақшаи фоҷиабору хунин ТТЭ ҲНИ будааст. Масъулони ТТЭ ҲНИ бо даст доштан дар ин қазияи хунини ноҷавонмардона ва ифротгароёна, ки ба хотири паст кардани имиҷи кишвари худ ва коҳиш додани эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом доданд, дигарбора ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҷаҳон нишон доданд, ки аслан барои онҳо ҳеҷ арзише ва муқаддасоте вуҷуд надорад, на арзишу муқаддасоти миллӣ, на арзишу муқаддасоти умумибашарӣ ва на ҳатто арзишу муқаддасоти динӣ. Ин ҳақиқат, яъне номутобиқатии аъмоли ифротгароёнаву тундравонаи намояндагони ТТЭ ҲНИ ба меъёрҳои ахлоқи инсониву исломӣ аз ҷумла барои худи муддаиёни наҳзатӣ ва хоҷагони хориҷиашон низ аён аст. Аммо барои ин муддаиён ҳақиқат муҳим нест, зеро онҳо аслан на дар паи ҳақиқат, балки дар паи манфиат мебошанд. Зеро онҳо худ абзори сиёсии дигаронанд ва дину мазҳаби худро низ сиёсӣ кардаанду ба абзори сиёсии дигарон табдил додаанд.
ТТЭ ҲНИ ва созмонҳою ашхоси ҳаммаслаки онҳо аз қабили чунин гурӯҳҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои ташаннуљро дар љомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Нақшаи баргузории ин ҳамоиш ва корҳои тадорукотии он, аз ҷумла пардохти хароҷоти равуои иштирокдорон, ки аз кишварҳои мухталиф канори ҳам меоянд, бозтоби пасманзараи буғранҷест, ки даст доштани сарпарастони манфиатҷӯи ТТЭ ҲНИ-ро ошкор мекунад.
ТТЭ ҲНИ ва алалхусус роҳбари фирории он Муҳиддин Кабирӣ бо баргузории ин ҳамоиш талош дорад, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъи ҳуқуқи башарро дар Тоҷикистон номатлуб нишон диҳанд. Муътаризон дар ин ҳамоиш мехоҳанд, ки чунин саҳнаеро ба намоиш гузоранд, ки гӯё дар Тоҷикистон барои дидгоҳи сиёсии нисбат ба Ҳукумат мутафовит доштан шаҳрвандонро маҳкум ва ҳатто зиндонӣ мекунанд. Аммо пуч будани ин масъалагузорӣ, яъне масъалаи зиндониёни сиёсӣ барои ҳамагон маълум аст. Барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ маълум аст, ки дар Тоҷикистон касеро барои дигарандешиву плюрализм ва дидгоҳи сиёсии мутафовит доштан маҳкум ва зиндонӣ намекунанд.
Роҳбарони ТТЭ ҲНИ аъзои маҳкумшуда ва зиндонии худро “зиндониёни сиёсӣ” унвон медиҳад. Аммо ашхоси маҳкумшудаи мазкур на барои дигарандешиву дидгоҳи сиёсиашон, балки ба хотири даст доштанашон дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла терроризм, одамкушӣ, зӯроварӣ, нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва дигар ҷиноятҳои вазнин маҳкум ва зиндонӣ шудаанд. Ин масъала барои ниҳодҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи башар низ маълум аст. Аз ин рӯ, ин ҳамоиши ТТЭ ҲНИ низ чун ҳамоишҳои қаблии он беиаъною хандаовар доир шуд. Ин ҳамоиши ТТЭ ҲНИ ва масъалагузории он чун бори каҷе аст, ки ҳаргиз ба манзил нахоҳад расид.
Хусрави Шерзод

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *