Хабарҳо

ТАРБИЯИ АВЛОД АЗ ДИДГОҲИ ШАРИАТ ВА ҚОНУН

print
Дар бораи масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд бисёр гуфтаанду месазад, ки аз нигоҳи шариат ва қонун боз гӯем. Чунки матлаби мазкур ҷиддӣ буда, самараи  неки он ҷомеаро такомул мебахшад.  

Худованди меҳрубон дар ояти 6 –и сураи Ат-таҳрим чунин мефармояд: «Эй муъминон! Худ ва хонаводаи хешро аз оташи дузах бар канор доред» ва дар  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму  тарбияи фарзанд» дар моддаи 5 чунин  омадааст: «Таълиму тарбияи фарзанд  вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва  ҷомеа мебошад. Вазифаи падару модар  фароҳам овардани шароити моддӣ,  молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму  тарбияи дурусти фарзанд мебошад».  Бегумон пешрафти афрод, ҷомеаи  башарӣ ва тараққии миллатҳо ва қабилаҳо ва аҷдоди тамаддуну фарҳангҳо бар  тарбияи солим ва таълими комили  фарзандони ҳар аср аст.

Таърих гувоҳ аст,  миллатҳое, ки фаъолиятҳои камназир ва диловариҳои бемисол ва илму фарҳанги  пурифтихорро ба ҷаҳониён ёдгор гузоштанд, масъулияти ҷиддӣ – тарбияи насли  ҷадидро ба дӯш гирифта буданд. Чун медонистанд, ки тарбияи солими ҷигаргӯшаҳо ва таълими дурусти насли ҷадидашон боиси ифтихорот ва мубоҳоти падарон ва ниёгон хоҳад буд. Ба хотири ба самар расонидани онҳо ҷидду ҷаҳдмекарданд то битавонанд олитарин ва   беҳтарин афродро ба ҷомеа тақдим намоянд.

Чаро имрӯз ҷомеаи башарӣ дар тамоми ҷаҳон дучори мусибатҳо, бадбахтиҳо фитна, фасод, зулм ва туғён, фасоди ахлоқӣ, фасоди зеҳнӣ, фасоди ақидавӣ аст? Чаро бозори давр ва ситам дартамоми ҷаҳон гарм аст? Агар асбоби иннобасомониҳоро ҷустуҷӯ кунем, пай хоҳем бурд, ки асоси тамоми ин мушкилот, танҳо ва танҳо набудани тарбияи солим аз тарафи падарон ва модарон аст, ки ғизоиҷисмонии фарзандонашонро дар назармегиранд ва тамоми имконоти зиндагиро ба мухотирӣ меандозанд вале ин амалро иҷро намекунанд.

Вақте ки руҳи фарзандро тарбия намекунанд фарзандони замфул имон зифул ахлоқ ба бор меояд, ки на ҳуқуқи худро мешиносад ва ноҳуқуқии бандагонро ва на ҳуқуқи ҷомеаро, ки ин хиёнати бузург ба давлат ва миллат аст. Вақте ки авлод дар чунин бозори разолатҳо ва дар чунин баҳри ҷалолат ва саркашиҳо уфтад ва тарбияи маънавию равонии онҳо дар назар гирифта нашавад, бояд падарон ва модарон аз нофармони ҳои фарзанд имконият накунанд, чунки ин ҳама самараи заҳматашон мебошад. Пайғамбар (с.а.в.) дар нахустин қадами тарбия интихоби ҳамсари некро барои фарзандон донистанд. Боз ислом бо мо  талқин мекунад, ки зеботарин ном ва сафотарин либос ва ҳалолтанин ризқ ва боарзиштарин таълимро барои вай муҳайё кунем, то як шахси вафодор ба Худо ва Пайғамбар ва як шахси посдор ба ҳуқуқи волидайн ва як шахси хушахлоқ ба бор бияд.

Агар волидайн хоҳад, ки фарзандона- шон дар дин, миллат, давлат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ хизмат кунад, худи волидайнусвони ҳасана дар хона ва зиндагии иҷтимоӣ ва инфиродӣ бошанд ва баъд бахотири обод сохтани равзанаҳои дил ва дурахшон сохтани ҳар ду сарои он бояд фарзандонро ба нур яъне Қуръон ва суннат ва ҳисиёти миллӣ ва ба донишгоҳ ва омӯзишгоҳҳо шомил бояд кард, то дар партави рӯшноии дониш зиндагониашро дурахшон кунад. Худованди карим ҳамаи моро ахлоқи ҳасанӣ ва одоби исломӣ насиб бигардонад.

Ориф МАРДОНОВ,

имомхатиби масҷиди

ҷомеи ба номи

Хоҷа Муҳаммад Солеҳи деҳаи

Батоши ҷамоати деҳоти Қаратоғ.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *