Хабарҳо

Дурўғсозиҳои навбати  дар заминаи ақаллиятҳои мусулмонии чини

print
 Дурўғпардозони расонаи  масъалаҳои дигарро як сў гузошта, ба масъалаи ақаллиятҳои мусулмони Чин рў оварда, аз ҳангома сохтани он барои худ имиҷ сохтан мехоҳанд. Касб кардани ин гуна имиҷро аз ҳама зиёд кӯри Юнус орзу дорад.

Воқеан, дар ҷаҳони пур аз таззод ва бархўрди арзишҳои диниву фарҳанги  кам халқияту давлатҳое ҳастанд, ки аз ин равандҳо барканор бошанд. Яке аз ин кишварҳо давлати ба мо дўсту ҳамсоя Ҷумҳурии мардумии Чин мебошад.  Аксарияти аҳолии ин  кишвар пайравони мазҳаби буддои  мебошанд. Солҳои охир барои танзими расму ойини мардуми минтақаи Синзян, ки аксаран, пайрави дини ислом ҳастанд, мақомоти ин кишвар  корҳои назаррас ба сомон расониданд. Агар аз дидгоҳи стретегияи давлатии ин кишвар баҳо диҳем, маълум мегардад, ки мардуми ин минтақа бештар майл ба нифоқ доранд. Ин ба он маъност, ки ин гӯруҳҳо барои даст ёфтан ба аҳдофи сиёсии худ, аз дини ислом суйистифода мекунанд. Ба ибораи дигар, мазҳаб барои мардуми ин минтақа василаи хубест барои амлисозии нақшаҳои сиёси .

«Боздошти мусалмонони уйғур дар урдугоҳҳои ҷамъи  бо маҳкумияти густурдаи ҷаҳони  рў ба рў шуд» – навиштани мубаллиғи исломи сиёси  кӯр, як ҳангомае беш нест, чунки дар ҳама кишварҳои олам аз фарҳанги исломи  барои ҳадафҳои милли  фаровон истифода мекунанд. Ба ном «сарварон»-и ақаллияти мусулмонии ҳуи , ки соли 2017 масҷиди калони Вейжуро навсози  карданд ва кўшиш менамоянд, ки бо ҳар роҳу васила танишро дар муносиботи давлат ва ин тоифаи мусулмони  ташдид созанд. Ин, албатта, кори хуб ва созанда аст. Аммо, аз ҷониби дигар, сохтани масҷид, ки боиси ба вуҷуд омадани ихтилофу бадбини  нисбат ба дигар мазҳабу динҳо мегардад, ба ҳеҷ ваҷҳ, созгори ҷамъияти дуняви  набуд ва дар оянда низ нахоҳад шуд.

Тибқи хабарҳо, мақомоти маҳалли  бозсозии масҷидро иҷозат дода будаанд. Бо вуҷуди ин, масҷидсозон зимни тармими он махсусиятҳои фарҳанги куллияи мардуми сарзаминашонро ба ҳисоб нагирифтаанд. Воқеан, мардуми мусулмон дар бештари ҳолат арзишҳои мазҳабии дигар халқиятҳоро эҳтиром надоранд. Ва ин амал дар бештари ҳолат бар зарарари худи мусулмонҳост.

Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин Си  Ҷин Пин, идомадиҳандаи сиёсати  коммунисти  мебошад. Аз ин рў, он ки баъзе исломгароёни сиёси  давлати Чинро ба унвони давлати бедин интиқод мекунанд, як дараҷа барои таҳрики созмонҳои террористию экстремисти  замина мегузорад. То ба имрўз   дар ҷое нахондем ва нашудидаем, ки сокинони ин кишвари пешрафта аз сиёсати дохилии он шикоят карда бошанд. Танҳо сокинони ҳамин минтақаи мусулмоннишинанд, ки барои аҳдофи сиёсии худ аз мазҳабашон ошкору пинҳон истифода мекунанд.

То ҳанўз дар хориҷ аз кишвар нафарони бадхоҳу худбохтае ҳастанд, ки худро ҳомиву дўстдор ва мубаллиғи исломи сиёси  медонанд. Аз ин муносибати фарҳангии мусулмонону будоиёни чини  рашкашон афзуда, мехоҳанд мардуми ин кишварро ба ҳам шўронанд. Аз бастани як масҷид, ин қадар ҳангомаву «табли шоди  задан»-и ҷонибдорони исломи сиёси  далели он аст, ки ин нафарон, дар асл, на диндоранду на дуняви . Махсусан, ҳангомасозиҳое, ки дар ин замина кӯри Юнус ва ҳаммаслаконаш дар пойгоҳҳои иттилооти  ва расонаҳои хабари  ҷо медиҳанд, ба манфиати давлат ва мардуми Чин нест, баръакс, оташи ҳар гуна ихтилофотро доман мезананд. Ин аст, ки дода шудан ба иғвогариҳои тоифаи ба истилоҳ, наҳзати  самараи хуб намедиҳад.

Чин давлати пешрафт аст ва кури Юнус наметавонад ин ҳама дастовардҳои технологиро бо чашми кам бинад. Аз ҷониби дигар яксӯбинии Юнус хислати азалии ӯ мебошад.

Диловари Хуршед, таҳлилгар

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *