Шарофиддин Гадоев ба сифати як «таҳлилгар»-и ба ном сиёсӣ ва раҳбари яке аз гурўҳҳои ба наҳзат наздик дар муҳитҳои расонаӣ маълум аст. Баъзан суҳбату мусоҳибаҳои бепояву бемояаш аз тариқи барномаҳои вижаи интернетӣ пахшу нашр мешавад. Дар шароити хориҷа камтарак забони муқаррарии ба тоҷикӣ суҳбат карданро аз ёрони наҳзатиаш, ки акнун гирдогирди ў мечарханд, омўхтааст ва дар заминаи омўхтаҳои сатҳӣ ва гуфтугўйи сохта дар расонаҳо ва сомонаҳо худро реклама мекунад. Нуқтаи муҳим ин аст, ки Гоша як бизнесмени тамомайёр мебошад. Таҷрибаи бизнесменӣ ва тамомайёриро дар Тоҷикистон омўхта, минбаъд дар ҷараёни фирор нозукиҳои найрангу иѓвогарии сиёсиро ёд гирифта, имрўз дар саҳнаи сиёсӣ аз бизнеси худ дифоъ мекунад. Гоша ба хотири молу коло ва афзудани савдою тиҷорат дунболи гурўҳҳои ифротгароро гирифта, дар ин самт аз ҳар василае истифода мебарад.
Акнун дар Аврупо, ки дар баробари макони демокративу озодӣ будан, мутаассифона, минтақаи таҳия ва паҳни инқилобҳои иҷтимоӣ ва сиёсию идеологӣ ба шумор меравад, Гоша приёмҳои нави бархўрдҳои сиёсиро бо рақибонаш хеле хуб омўхтааст. Дар ин кор ўро гурўҳу созмонҳои дигари мухолиф кумак мекунанд, аз ин рў, Гошаи мо дигар он Шарофиддин Гадоеви сода нест, ки ин тарафу он тараф тохта, бо роҳи фиребу найранг пули бедардимиён дароварад, балки нафарест, ки узвияти ба ном «Паймони зиддимиллии Тоҷикистон»-ро ба даст оварда, бо роҳбари фирории наҳзатӣ М. Кабирӣ ҳамтабақ шудааст. Гоша ҳам мисли пири маънавиаш М.Кабирӣ бизнесмени тамомайёр аст, кўшиш мекунад ҳар вазъиятро ба нафъи молиявии худ ҳал намояд ва худро минҳайси инсони хайрхоҳ, покниҳод, адолатпеша ва азхудгузашта ба ҷомеа вонамуд кунад. Ў аз ҳисоби сармояҳои пуштибонони хориҷӣ созмони нав – «Ҷунбиши ислоҳот ва рушд”-ро таъсис дода, онро бо номи худ тавъам намуда, пулу пайсаи онро ба манфиати шахсию инфиродӣ истифода мебарад (кореро, ки раиси фирории наҳзат анҷом медиҳад). Пулу моле, ки барои барномаи ин тарҳи сиёсии хориҷӣ (созмони «Ислоҳот ва рушд» дар назар аст) ироа мегарданд, Гоша барои рушди бизнеси худ истифода мебарад. Корфармоён ва тарроҳони пружаи Гоша ҳам аз ин кор хабар меёбанд, вале барои онҳо ин муҳим нест, балки ангехтани низоъу даргирӣ шарти асосӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин, Гошаи моро ба истилоҳ, шерак карда, ба набардҳои иттилоотӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон омодааш менамоянд.
Ин навъ иѓвоҳо бас набуд, ки Гоша дар солҳои ахир тавассути суханрониҳо дар минбарҳои наҳзатӣ аз шахсиятҳои раддаи аввали давлат бадгўйӣ мекунад ва сели иттиҳомотро сўйи онҳо мерезад. Агар ба як намунаи суханронии «қаҳрамонамон» таваҷҷуҳ фармоем, ба хубӣ дарк мекунем, ки ў забони туҳмату дурўѓро тунд карда, ба давлатмадорон мечаспад ва қасди шикасти бизнеси худро аз онҳо мегирад. Масалан, дар суханронии қаблии Гоша (Ш. Гадоев), ки дар Ҳамоиши Дормунд иттифоқ афтода буд, ҳадаф бадномсозии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буду халос. Бад-ин минвол тамоми суханрониҳои ў ба ин нуқта тамаркуз мекунанд ва аз зовияи нафрат ба Роҳбарияти давлати миллӣ ироа мегарданд. Чунин шахсро чӣ гуна метавон солим унвон кард ва дар раъси созмоне назири «Ислоҳот ва рушд» қарор дод?
Ҳаросати сириштию зотии Гоша нисбат ба сармояи бедардимиён дар гузоришоти расонаии ў пардапўш мешавад. Ин марди тиҷорат имрўз ҳам дар хориҷ дар рифоҳи молӣ зиндагӣ мекунад ва чи хеле ки қаблан таъкид кардем, аз маблаѓҳои ҳангуфте, ки барои идомаи фаъолияти сиёсӣ ҷудо мегарданд, «самаранок» истифода мебарад. Илова бар ин, Гоша дар баробари фаъолиятҳои ба ном сиёсӣ, дар хориҷ бештар ба гадоӣ ва аз ин ҳисоб пур кардани ҷайб машѓул аст ва дар пушти сиёсатбозию иддаоҳои сиёсии ў ҷамъоварии сармояи гарон барои манофеи шахсӣ ниҳон аст.
Ҳамин тариқ, Гоша (Шарофиддин Гадоев) барои реклама кардани худ ва касби дороиҳои бо роҳи ѓайриқонунӣ бадастовардааш аз тамоми дору мадораш истифода мебарад. Гоша камтарин хидматро ба халқу давлат накардааст ва ҳуқуқи маънавии таҳқири шахсиятҳои миллатдўсту ватанпарастро надорад. Бар илова, банд ва заъфи асосӣ, балки мушкили асосӣ дар қалби Гоша аст ва бояд сари ин тамаркуз кунад ва аз даруни дил кинаву адоват ва кудуратро бадар сохта, уқдаҳои равониашро бозшиносӣ намояд ва садди роҳи пешравӣ ва тараққиёти Ватан, миллат ва халқи тоҷик нагардад. Танҳо дар ин сурат Гоша ба як симои муътадили ватанӣ табдил меёбад.
Шариф Алиев,тахлилгар