Санаи 19-уми ноябри соли ҷорӣ дар сомонаи «payom.net», бо қалами гўиё яке аз рӯзноманигори гумноми ширкаткунанда дар ҷаласаи пеш аз интихоботии ба ном Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) мақолае ба чоп расидааст. Дар ин мақолаи сар то по дуруғин ин рўзноманигори гумном чунин қайд кардааст « ба ёдам ҳаст, ки соли 2013 вақте Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон таъсис дода шуд ва дар он Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, инчунин чеҳраҳои шинохта ва рӯзноманигорону нависандагонро ба ҳам оварда буд. ИНИТ бояд масъалаи номзад ва барномаи ӯро ба интихоботи президентии соли 2013 омода карда аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳзоби сиёсии мухолифи ҳукумат номзади ягонаи худро пешниҳод мекард. Яке аз бахшҳои ин барнома таъмини истиқлоли энергетикии кишвар буд. Онҷо онҳое, ки ин барномаро омода карда буданд, дар мавриди НБО Роғун ба ин назар буданд, ки баъди пирӯз шудани номзадашон, дар зарфи шаш моҳ ду чархаи ин нерӯгоҳро ба истифода медиҳанд. Ин банд дар ҷаласаи васеъи ИНИТ, ки дар он мардуми зиёде ҳузур дошт, баҳси гармеро ба вуҷуд овард. Танҳо шахсе, ки дар он аз ҳама зиёд пойфишорӣ мекард, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ буд». Бо навиштани ин мақола ин наҳзатиҳои ифротӣ, аз рўҳсиёии худ шарм надошта, боз мехоҳанд назди мардуми кишвар худро «мусичаи бегуноҳ» нишон диҳанд. Боз ҳамон дуруғу буҳтонҳо ва сафсатанависии наҳзатиҳои ифротӣ ба мардум маълум шуд. Ҳамагон медонад, ки Кабирию думравони ин хоин ягон барнома ҳам надоштанд, дар иқтисодиёти кишвар саҳм ҳам надоранд, ин ашхос ҳамеша манфиатҳои шасии худро аз манфиатҳои умумимиллӣ боло медонанд ва то имрўз ба ғайр аз зарари иқтисодию сиёсӣ аз ин гурўҳи ифротӣ дигар халқи тоҷик ягон манфиат надидааст.
Бояд қайд намуд, ки аҳолии сарбаланду бономуси Тоҷикистони азиз фаромўш накарданд, ин наҳзатиҳот ифротӣ дар якҷоягӣ бо ба ном «демократҳои навбаромад» солҳои 90-уми муқобили сохтмони НОБ-и Роғун буданд. Онҳо бо дастури хоҷагони хориҷияшон дар васоити ахбори омма бе тадқиқоти дахлдори мутахассисони соҳа ҷоғ мезаданд, ки лоиҳаи НОБ-и Роғун барои мардуми кишвар ва минтақа зараровар аст ва он бояд сохта нашавад.
Гузашта аз ин, ҳангоме, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаву ташаббуси қавӣ барои сохтмони НОБ-и Роғун камари ҳиммат бастанд, Ҳукумати кишвар ба чи қадар мушкилиҳою нофаҳмиҳо, таҳримҳо ва ба бозиҳои сиёсӣ аз ҷониби баъзе аз давлатҳо дучор шуданд. Аммо Пешвои муаъзами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён нишон доданд, ки лоиҳаи НОБ-и Роғун аз ҷиҳати иқтисодӣ яке аз лоиҳаҳои беҳтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат аз ҷониби тамоми қишрҳои аҳолӣ дастгирии ҳаматарафа ёфтанд.
Бо ин мақсад аз ҷониби мутахассисони Бонки Умумиҷаҳони молиявӣ лоиҳаи мазкур дар муддати ду сол таҳти омўзиш қарор дода шуда ва барои оғози сохтмони НОБ Роғун аз ҷониби ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ иҷозат дода шуд. Новобаста аз коҳиш ёфтани вазъи молиявии кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо мардуми ҳимматбаланди кишвар тавонистанд ба ин сохтмони азими аср оғоз бахшанд ва инак чархи аввали нерўгоҳ ба кор дароварда шуд ва мардуми кишвар ба орзўи деринаашон расиданд.
Ҳангоми баҳсу талошҳои Пешвои маҳбуби мамлакат барои ба ҷаҳониён нишон додани ҳолатҳои аз ҷиҳати бехатарӣ дар дунё камназир будани ин лоиҳа, дастгирии ба ном «мухолифин» ягон маротиба дар расонаҳои интернетӣ ба назар нарасид. Баракси ҳол онҳо мегуфтанд, ки Ҳукумати ҶТ қудрати сохтмони ин лоиҳаро надорад акнун дидан ин афсона ба ҳақиқат табдил ёфт, шарм надошта боз лоф мезананд.
Ба ҳама маълум аст, ки ба кор оғоз бахшидани чархаи аввали нерӯгоҳи барқии обии Роғун, ин пеш аз ҳама аз ҷонбозиву талошҳои шабонарўзӣ ва пойфишориҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст ва ин дастоварди бесобиқа дар даврони Истиқлолияти Тоҷикистони азиз буда барои рушди иқтисодиёти кишвар ва некуаҳволии мардум саҳми муҳимро мебозад.
Як бори дигар мардуми сарбаланди кишварамонро бо ин санаи таърихӣ, кушодавии НОБ-и Роғун табрик мегуям ва чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд «Ба пеш мардуми азизи Тоҷикистон барои фатҳи қуллаҳои нав».
Фаррухи Фаридун, таҳлилгар