Аммо гурӯҳи кӯчаке, ки дар фазои иттилоотӣ ва сиёсии кишвар таҳти унвони «наҳзатиён» шинохта мешаванд, аз ифтитоҳи чархаи якуми пружаи аср маъюс мешаванд ва дуди оҳу афғонашон ба осмон мепечад. Бакордароии чархаи аввали НБО Роғун барои ин тоифа малоли хотир аст ва муҳимтар аз ин, фоҷеа мебошад. Ба дунболи ин, наҳзатиёни террорист ба ҳеҷ ваҷҳ, ин гуна тарҳҳои бузургро, ки манофеи миллию мардумиро ифода мекунанд, ҷонибдорӣ намекунанд. Фаъолони ТТЭ ҲНИ мунтазам дар фазои маҷозӣ вобаста ба сохтмони ин иншооти муҳим матолиби писхандомезу кинояангез интишор медоданд. Решаи нотавонбинии ин тоифа дар методикаи тафаккурии онҳо, ки бар асоси таассуботи мазҳабӣ созмон ёфтааст, зоҳир мегардад. Ҳарчанд ки аксарияти наҳзатиён дар хориҷ аз кишвар бо либоси модерн ва тарзи суханронии аврупоӣ мусаллат шудаанд, решаи тафаккури онҳо тағйир наёфтааст. Онҳо барои ҷалби таваҷҷуҳи аврупоиён ва элитаи сиёсии ғарбӣ аз приёмҳои муассири имрӯзӣ истифода мебаранд, то воқ еиятҳои даруниашон пинҳон бимонад ва радди маърака нагарданд.
Бигзарем, роҳандозии муҷаддади пружаи Роғун ва ба кор даромадани чархаи якуми он ҳадди ақал ба чанд далел оромии рӯҳию равонии наҳзатро аз байн мебарад: якум, нақшаю барномаҳои сиёсию идеологии онҳоро, ки алайҳи давлату миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, нақше бар об мекунад; дуюм, равандитаблиғоти густурдаи иттилоотию хабарии наҳзатро, ки дар чанд расона, сомона ва пойгоҳи таҳлилӣ мутамарказ шудааст, заиф месозад ва мояи нигаронии бештари муҷриёни дастгоҳҳои хабарию таблиғии онҳо мегардад; сеюм,баланд рафтани сатҳи тавоноиҳои