Барои равшани андохтан ба ин суолот аввалан бояд муаян намуд, ки Сайидюнуси Истаравшани кист ва дар кадомин мухити хонаводаги тарбият ёфтааст, зеро таъсири мухити хонаводаги дар парвариш ва бакамолрасии фарзанд таъсири зиёде дорад, ки онро борхо донишмандону мутафаккирон ќайд намудаанд. Аз чумла хаким Фирдавси мефармояд:
Ба нопокзода мабандед умед,
Ки занги нагардад ба шўстан сафед.
Номи аслии ў на Сайидюнуси Истаравшани, балки Бурхонов Юнус Аббосович буда, мавсуф миёни ахолии зодгохаш – шахри Истаравшан хамчун шахси фитнагар ва «зани чилшавхара» шинохта мешавад. Авлоди Бурхоновхо миёни мардум хамчун ашхоси «аспдузд» ном бароварда, солхои вазнинии хаёт ба чойи мехнати халол ва дастгирии ахли диёр аспони мардуми фаќирро аз дехот дуздида дар ќаламрави Чумхурии Узбекистон мефурухтанд ва аспони сокинони он кишварро низ ѓорат карда, ба Точикистон оварда мефурўхтанд.
Бобои номбурда Бурҳон ном дошта замоне ба сифати мудири анбор кор мекард. Он давра замони қаҳтию гуруснагӣ буд, мардум нони хӯрдан надоштанд. Ӯ гандумро медуздад ва ба хотири дуздияшро пӯшонидан анборро оташ мезанад. Барои амали нопокаш ӯро ба ҳабс мегиранд ва барои даҳ сол ба минтаќаи Сибири Русия бадарға мекунанд. Падари Юнус – Аббос амали бобояшро давом медиҳад. Миёни мардуми Истаравшан падари ӯ бо номи аспдузд «шӯҳрат» дорад. Агар дар Истаравшан пурсед, ки падари Маҳмадюнусе, ки мехоҳад номи Истаравшанро доғдор кунад кист, бо як овоз мегӯянд: “Аббоси аспдузд”. «Писар чи гуна, падар намуна»- мегӯянд мардуми тоҷик.
Пас аз бадарѓа шудан ин оила ба шахраки Пролетари нохияи Пролетар (хозира н.Чаббор Расулов) кўч баста, дар он чо низ аз сабаби ба муросо наомадан бо хамсоягон ва бо бахонаи дуохони расидан ба иззати нафси занхои бемору эхтиёчманд, ради маърака шуда, баъди чанд сол боз ба махаллаи Боѓоти шахри Истаравшан баргашта меояд.
Бурхонов Юнус дар зиндаги ду маротиба оиладор шудааст. Хангоми тахсили дини гирифтанаш дар шахри Тошканд дар назди домулло Маъруфчон Рахимчонов – собиќ имомхатиби масчиди чомеи «Усмони Чархи»-и дехаи Ободи шахри Истаравшан, ки соли 1993 аз чониби маќомоти суди вилояти Суѓд ба мухлати 5 сол аз озоди махрум шуда буд, бо хар найрангу васваса ба дили ў чо шуда, духтари ин нафарро ба зани мегирад ва аз он сохиби чор фарзанд мешавад. Пас аз мочарохои зиёди оилави ва гирифтани зани дуввум аз шахри Вахдат, зани аввалааш аз ў чудо шуда, ба назди оилаи худ ба шахри Тошканд бар мегардад. Дар Тошканд ўро маќомоти ќудратии Чумхурии Узбекистон барои алоќамандиаш бо гурўххои террористи дастгир карда, ба мухлати 13 сол ба махкама мекашанд, ки нихоят соли 2014 дар махбас вафот мекунад. Бурхонов Юнус бошад бо зани дуввуми худ ба шахри Ќуми Чумхурии Исломии Эрон фирор мекунад.
Бародари Бурхонов Юнус – Бурхонов Юсуф Аббосович бошад, соли 2008 барои даст доштанаш ба муомилоти ѓайриќонунии воситахои нашъадор боздошт ва ба мухлати 9 сол аз озоди махрум карда шудааст. Бародари дигараш Бурхонов Мансур Аббосович соли 1995 мадрасаи «Имом Хумайни»-и шахри Ќумро хатм намуда, дар шахри Мозандарони Чумхурии исломии Эрон таълимоти харби хам гирифтааст. Ў соли 2002 хамчун аъзои ташкилоти террористи аз чониби маќомоти хифзи хуќуќи Чумхурии Точикистон боздошт шуда, ба мухлати 12 сол аз озоди махрум карда шудааст.
Бурхонов Юнус пас аз мактаби миёна идомаи тахсилро дар кишвархои хорича (шахри Саратови Федератсияи Россия, шахри Тошканди Чумхурии Узбекистон, шахри Димишќи Сурия, шахри Ќуми Чумхурии Исломии Эрон) гирифта, мубаллиѓи аќидагарои, мазхабгарои ва сиёсати мочарочўи гаштааст. Ў дар хамрохи бо якчанд ашхоси чиноятпеша, аз чумла раиси ташкилоти экстремистию террористии Хизби нахзати исломи – Мухиддин Кабири ва якчанд нафароне ки аз чониби Интерпол дар чустучўи чинояти ќарор доранд, мехоханд тариќи шабакаи ичтимоии “Фейсбук”, сахифаи шахсии интернетии «Кимёи саодат», барномаи телевизионии «PersiaTV», “К+” оташи чанги Сурияву Ироќро ба Точикистон оранд.
Ў як маротиба хангоми бозгашт ба Точикистон ба таблиѓи аќоиди бегонаи дини ва ихтилофбарангезии мазхаби даст зада, аз чониби равшанфикрон мавриди интиќоди сахт ќарор гирифта буд ва тарки кишвар карда буд. Хамчун мушовири махфии рохбарияти ТТЭ ХНИ дар Точикистон солхои тўлони фаъолияти пасипардаги бурда, аз чониби хайрияхои маќомоти чосусии хоричи маблаѓхои зиёдро сохиб мешуд.
Дар аксари навиштахои Сайидюнус пайдост, ки худ даъвои донишманди дорад ва ба чуз харфхои хеш хар нуќтаи назари дигар барояш чаранд ва ёва талаќќи мешавад. Ин бозгўйкунандаи он аст, ки ин нафар сахт худбовару худхох аст. Харчанд аксар маврид Истаравшани даъво пеш меоварад, ки хеч гох на дар гузашта ва на дар холи хозир узви созмони террористии ХНИ набудааст. Аммо «ин бандаи Худо», ки бисёр адолатпеша будааст, хамвора ваќте дидааст «дар бораи ин хизб харфи бечо ва тухмати нораво мезананд» аз он дифоъ ба амал меовардааст ва ин кор барояш вазифаи инсонию механи ва таклифи шаръи будааст.
Харчанд Истаравшани даъво пеш меоварад, ки ў аъзои ТТЭ ХНИ нест, аммо масъала танхо марбути аъзо будан ба ин ё он хизб нест. Воќеият ин аст, ки Истаравшани ба хайси яке аз дифоъгарони расмии ТТЭ ХНИ дар шабакахои ичтимои ба хисоб меравад. Вай ва аъзоёни раёсати ТТЭ ХНИ яксон андеша мекунанд ё аз як пойгох ва ба таври якхела дастур мегиранд ва идеологияи ягонаро чонибдори менамоянд. Аз ин рў, шарт нест, ки расман аъзои ТТЭ ХНИ буд ё набуд.
Аз тахлил ва навиштахои Саидюнус пайдост, ки номбурда ба хайси афсари чосусии кадом кишваре амал мекунад. Зеро тарзи фаъолияти пойгохи хабарию сиёсии ў дар интернет ва макону маќари он дар хоричи кишвар бозгўкунандаи онанд, ки гумоштаи хадамоти махсуси кишвари муайян аст ва аз манофеи он дифоъ мекунад. Дар 24 соати шабонарўз дар шабакахои ичтимои ва расонахои хабари ба хайси афсари чосусии хадамоти махсуси хочагонаш хизмат менамояд. Вазифаи асосии “шариатпанох” гумрох кардани чавонону чалб намудани онхо барои манфиатхои бегона аст. Сайидюнуси “хамадон” мисли падару бобояш хама чизро мефўрашад, зеро барои ин тоифа дарки мафхуми “хиёнат” вучуд надорад. Ин нафарон барои пулу манофеъ ва обрўи арзон ба давлату миллати худ хиёнат мекунанд ва аз усули муѓолата истифода намуда, худро донишманду тахлилгар ва то хадде хакиму файласуф нишон медиханд.
Сайидюнуси “рисолатпанох”, аз чандин ниќоб барои ба доми тазвири аќоиди хеш кашидани чавонон истифода менамояд. Гохо худро хакиму файласуф вонамуд месозад ва тахлили фалсафаи Синою файласуфони урупоиро бо назардошти манфиатхои худ ва дастурхои хочагонаш тафсир медихад, ки аслан хеч алоќаманди ба худи онхо надоранд. Гохе худро зистшинос ва донандаи ќавонини рушди олами зинда разёби мекунад ва назарияи тахаввули олами зиндаро ба тарзи худ олуда бо фахми шариатмехвари мавриди арзёби ќарор медихад. Гохе тафсиргари Хайёму Мавлоно мешавад ва аз «шароби лоязоли» харф дар миён мегузорад. Воќеият чехраи ин “донишманд” ин аст, ки тайи солиёнест барои манфиатхои бегонагон алайхи миллату давлати худ бо номи «дифоъ аз ормонхои исломи» мубориза мебарад. Сайидюнуси «хамадон» сахт бечора аст, зеро барои ин нафар иродаи озод вучуд надорад. Шабахи лухтакест, дар дасти дигарон.
Саидюнус гохе дар чехраи “пажухишгари исломи” худро ба чилва меорад, вале боре ин воќеиятро намегўяд, ки хамон чомеае, ки шариатсолору бихишти адн аст ва инсонхо дар он хубу рохат зиндаги доранд кадом аст, ки онро хамчун нимод ќарор диханд ва онро пайгири кунанд, ин Эрон аст, Арабистони Сауди аст, ДИИШ аст ё хазрати Махди омада онро бунёд мекунад ва шабу рўз ибодат карда онро мунтазир бошем? Ин “пажўхишгари исломи” боре зикр намекунад, ки ин чараёнхои чиходии исломи, ки хар рўз дар кишвархои чахон даст ба тарсафканию дахшатафакани мезананд, инсонхоро зинда-зинда месўзонанд, чомеахоро хароб мекунанд ва ќатлу ѓорату кушторро бо бадтарин ва фачеътарин шева анчом медиханд кори исломи ноби хоставу назари сарпарастони ўро анчом намедиханд.
Ё ин хама ба истилохи Сайидюнус «мазаи мусалмон» будан аст, ки инро дигархо эхсос кардан наметавонанд ва онро танхо ў ва хаммаслакони шариатбунёди ифротиаш хис кардаанд? Ин “пажўхишгари исломи” намегўяд кадомин равияю марчаияти имрўзаи исломиро бояд бовар кард ва онро воќеияту исломи ноб бояд шинохт. Салафияро, вахобияро ташайюъро, вилояти фаќехро, ДИИШ-ро, Боку харомро, Ансоруллохро, Харакати Исломии Узбекистонро, ТТЭ ХНИ-ро, Ихвон ул муслуминро, Ал-ќоидаро, Харакати Толибонро, “Лашкари тайиба”-ро? Кадомро?
Тайи ин хама солиён, ки ба истилох “пажўхишхои исломи” анчом додааст, ба чуз гумрох намудани хазорон нафар ба хотири манфиатхои бегонагон кори дигареро анчом надодааст. Аз навиштахои ин “пажухишгар” пайдост, ки номбурда аслан аз дидгоххои илми ва равишу методологияи онхо хабаре надорад ва аз сатхи як охунд болотар андеша карда наметавонад, дар чорчўбаи як охунд, ки чахонро аз дидгохи асри 7 ќиёс мекунад, донишу “пажухишгари” дорад.
Мутаасифона, бо харфхои хазёну бемантиќи хеш мардумро гумрох мекунад ва бо овардани мафхумхои «мазаи мусалмон будан», «лаззоти чашидани» ва «умури баён нашудан ва таъриф накардан» мардумро гул мезанад, зеро ин харфхо метавонанд чавонони нохудогоху камдонишро гумрох кунанд ва савќ ба сўи созмонхои чиходию террористи диханд. Ин аст чехраи воќеии Юнус Бурхонов бо тахаллуси Сайидюнуси Истаравшани, ки худро ном мегирад мо бояд онро дуруст бишносем, ки ин хамон кури Сайдюнус аст.
Эхсони Илхом,
тахлилгар