Ҷашни Меҳргон, аз анъанаҳои миллӣ ва бостонии мардуми тоҷик ба шумор рафта, дар шаҳри Турсунзода бо шукуҳу шаҳомат баргузор гардид.
Дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни Меҳргон 35 нафар собиқадорону кишоварзон ва роҳбарияти чанде аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурии ба мо дӯсту ҳамсоя ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии ӯзбекистон Хоҷаев Саидкамол ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Мақсад аз ташрифи меҳмонон табодули таҷриба, омӯзиши роҳу усулҳои парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин соҳаи чорводорӣ буд. Ин сафар дар доираи дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев анҷом дода шуда, дар ин замина онҳо аз корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои зироаткор, боғдорӣ ва чорводории шаҳри Турсунзода дидан намуданд.
Дар корхонаи воҳиди давлатии Ширкати Алюминии тоҷик ҳайати меҳмонон бо раванди истеҳсолот ва маҳсулоти саноатии он шинос шуда, дар осорхонаи ширкат бо таърих ва дастовардҳои ин корхонаи бузурги саноатии мамлакат аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.
Дар Боғи Сомон ва хоҷагии деҳқонии Ватан бошад меҳмонон парвариши ток ва истеҳсоли ангурро мушоҳида намуда, ҷиҳати ҷори намудани усули токпарварии хоҷагидорони шаҳри Турсунзодаро дар мамлакати худ табодули афкор анҷом доданд.
Баъдан сафари кори меҳмонон дар фермаи гуштию шири ҶДММ «Агросаноат» идома ёфт. Ба гурӯҳи корӣ иттилоъ дода шуд, ки фермаи мазкур соли 2016 ташкил гардида, дар он вақд дорои 436 сар чорво буд. Дар натиҷаи роҳандозӣ намудани нақшаҳои мукаммал имрӯз саршумори чорво ба наздики 800 сар расонида шуд. Усули парвариши чорво ва истеҳсоли гушту шир дар комплекси мазкур писанди меҳмонон гардида, дар ин самт низ пешниҳодҳои судманди ҳамкорӣ баён карда шуд.
Дар идома ҳайати намояндагони Ӯзбекистон дар таҷлили ҷашни Меҳргон, ки дар Наврӯзгоҳи Баҳори Истиқлол бо иштироки шумораи зиёди сокинони шаҳри Турсунзода баргузор шуд, иштирок намуданд. Дар доираи таҷлили Меҳргон намоиши дастовардҳои сокинон баргузор гардид, ки он фарогири маҳсулоти кишоварзон, ҳунарҳои мардумӣ ва хурокҳои миллӣ буд.
Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин озмуни «Оши палави бекҳтарин» баргузор шуд, ки дар ҷараёни он тақриби 30 корхонаву ташкилот намунаи ҳунари худро пешкаши ҳакамон ва ҳозирин карданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз ба се ҷуфт оилаҳои навбунёд шаҳодатномаи ақди никоҳ супорида шуда, базми арӯзиии онҳо дар доираи баргузории ҷашни Меҳгон бо риояи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар қисми тантанавии ҷашн раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода меҳмононро ба шаҳри Турсунзода хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки иди Меҳргон таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд.
Хамчунин таъкид шуд, ки аз Меҳргон то Меҳргон кишоварзони шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёд намуда, дар ғановати дастархони ҳамдиёрон нақши муҳим гузоштанд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки деҳқонони шаҳри мо дар ҳудуди кишвар ва берун аз он бо истеҳсоли маҳсулоти баландсифати кишоварзӣ ном бароварда, хусусан дар бунёди токзори серҳосил ва павариши ангурҳои шаҳдбор шуҳрати ҷаҳонӣ доранд.
Дар идома барномаи рангири аҳли санъати шуъбаи фарҳанги шаҳри Турсунзода ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомат зам намуд.