Муҳиддин Кабирӣ ва ҳизби ҷиноятпешаи ӯ чун диданд, ки обрӯяшон бо хоки замин яксон, тири партоб кардаашон ба ҳадар нарасид, роҳе дигари дасисабозиро пеш гирифтанд. Онҳо гўё паймони миллии тоҷиконро ба имзо расониданд, ки хандаовар аст, зеро ин чор нафар миллат нестанд, чор авбоше ҳастанд, ки номи миллатро љуз паст кардан дигар ҳеҷ хизмате ба миллат накардаанд! Ин паймон ҷуз фиреби навбатии Кабирї чизе нест. Онҳо ва ду се думравонашон ба боварии хоҷагони хориҷии худ, ки маблағҳои ҳангуфтеро барои ин ҳизб масраф кардаву натиҷае набардоштаанд, даромада бошанд ҳам, амалашон воқеан ба сифр баробар шуд. Зеро дигар халқ ба вазъу њарзахониҳои онҳо боварӣ надоранд. Онҳоро ҳамчун хиёнаткор ва хоини Ватан ҳама шинохтаанд. Ҳатто ҷавононе, ки солҳои пурдаҳшати навадуми асри бистро надидаанд, ба суханони Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш боварӣ надоранд.
Имрӯз Кабирӣ чун ҳайвони захмишуда худро ба ҳар кунҷу канор мезанад, мехоҳад ба дардаш дармон ёбад, барои худ ва ҳамаслаконаш ҳампаймон ҷустуҷӯ мекунад, вале дарди ӯ бедармон аст. Зеро кулли мардуми тоҷик имрӯз дӯстро аз дӯшман, сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд, дигар ҳеҷ вақт аз паси Кабирӣ ва ҳизби террористи ӯ намераванд, зеро ин ҳизб ва роҳбаронаш ба паймон кардан намеарзанд..Онҳо чанд маротиба паймони худро шикастаанд, ки ба хамаи мардуми мо маълум аст. Созмон додани чунин ташкилот барои Кабирӣ ин ҳангомаи навбатӣ аст . Мо ба Вахдати Миллӣ расидаем. Ҳафт хизби сиёсӣ ва якчанд ташкилотҳоиҷамиятие, ки дар Тоҷикистон озодонафаъолият доранд. Халқи кишвар таҳти роҳбарии Асосзгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳнати софдилона ва рӯзгори осуда доранд. Паймони миллӣ дар Тоҷикистон аст, ин паймони чор хиёнаткорро миллат намеписандад!
Дилафрӯз Хабибуллоева,
сармутахасссиси шуъбаи
маорифи шаҳри Турсунзода
Бале, ин паймони паймоншиканҳо дасисае беш нест. Аммо таърих гувоҳ ва халқи бузурги мо огаҳ аст, ки ин одамсуратони шайтонсифат, ки танҳо корашон тафриқаву дасисабозиҳо мебошад, дар даврони соҳибистиқлолии Ватан ба манфиати миллат амале анҷом надодаанд. Инҳо на танҳо ҳарзагӯӣ кардаанд, балки хуни мардуми бегуноҳро низ рехтаанд. Бо мақсади ҷорӣ намудани эҳсоси тарс миёни мардум кушторҳои пурдаҳшат кардаанд. Човидон бод, Тоҷикистон. Алҳазар аз паймони чорнафара!