Хабарҳо

“МИННАТДОРИИ МОРО БА РАИСИ ШАҲР РАСОНЕД”

print

Манбаи эҷоди рӯз номанигор мардум аст. Бинобар ин хешро байни мардум мезанаду фикрҳои ҷолибашонро барои омода сохтани мавод истифода мебарад ва чун мавод тайёр шуд, дар саҳифаи ҳафтанома ҷой медиҳад.

Банда низ чанде пеш ақоиди ду нафар  шаҳрвандонро дар боби ободиву шукуфоии шаҳрамон шунида, ба қалам овардам. Онҳо ин ободиву зебоии кӯчаву хиёбонҳои шаҳрро ба ташаббусу кӯшишҳои раиси шаҳр Вализода Абдуқодири Исуф марбут медонанд. Беҳтараш андешаҳои эшонро тариқи алоҳида манзур менамоем. Яъне онҳо аз банда хоҳиш намуданд, ки барои ин ободкориҳову пешравиҳо миннатдориашонро тавассути ҳафтанома ба раиси шаҳр расонем. Ин хоҳиши онҳоро бо самимият ба ҷо меорем.

– Ба пиндорам, ҳар он нафаре, ки раиси шаҳр таъин мешавад, бо услуби ба худ хос ба кор шуруъ менамояд. Тариқи ҳашари оммавӣ ва шанбегиҳо мекӯшад, ки шаҳру деҳот ба худ ҳусн бигиранд, гулзору боғот бунёд шаванд. Чун Вализода Абдуқодири Исуф раиси шаҳри Турсунзода таъин шуд, шаҳр ранги дигар гирифт. Аз рӯзҳои аввали фаъолияташ кӯшид то шаҳр ҳуснашро тағйир диҳад, аз пешина бештару хубтар ҳусн бигирад. Бо ин мақсад аз субҳ то бегоҳ кӯчаву хиёбонҳоро гоҳе пиёда, гоҳе мошинсавор чарх мезад, назди ҳар ташкилоту корхона таваққуф мекард, масъулинро вазифадор мекард, ки ба корҳои ободонии атроф бикӯшанд, ҳашару шанбегиҳоро намунавор ташкил кунанд.

Ман нафақахӯрам. Ҳангоми сайругашт дар кӯчаву хиёбонҳо ва бозори марказӣ раиси шаҳрро мебинам. Зуд – зуд. Ба масъулин супориши қатъӣ медиҳад, ки ба тозагии атроф, беҳдошти қоидаҳои санитарӣ, ба тартиб овардани рафҳо ва таъмин намудани фурӯшандагони бозору мағозаҳо бо сару либоси ягона эътибори ҷиддӣ диҳанд. Боз роҳбарони масъулро сахт вазифадор менамояд, ки бехатарӣ ва сифати маводи хӯрокаро дар бозору мағозаҳо таъмин созанд. Ва ҳоказову ҳоказо. Хуллас, мардуми мо аз роҳбарию корбарии хуби раиси шаҳр қаноатманд ҳастанд ва дар шаъни ӯ алфози нек мегӯянд. Ман низ ҳамчун як шаҳрванди ин шаҳри овозадор ба раиси шаҳр оид ба халқпарварию ободкориҳояш арзи сипос менамоям.

Сулаймон МАРДОНОВ,

сокини кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Турсунзода.

***

   – Ман сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон мебошам. Раисии шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияро ба зимма дорам. Зуд – зуд ба аёдати духтарам,  ки дар ҳудуди ҷамоати деҳоти 10 – солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода истиқомат дорад, меоям. Ба ростӣ, шаҳри шоир пеш ҳам ободу пурфайз буд ва мақбули меҳмонони дуру наздик мегашт.

Баъди раиси шаҳри овозадор таъин шудани Вализода Абдуқодири Исуф тағироти куллӣ рух доданд. Албатта дар самти рушду нумуъ ва ободкориҳо. Ман ҳанӯз солҳои дар ноҳияи Ховалинг раис буданаш ин шахси муътабарро ҳамчун халқпарвару ободгар медонистам. Сарвари хуб буданашро тавсиф мекарданд.

Имрӯз ӯ раиси шаҳри Турсунзода. Аз фаъолияташ ҳашт моҳ сипарӣ мешавад. Дар ин муддати кутоҳ бо ташаббускориҳои ӯ шаҳр хеле ободу зебо гардидааст. Ҳамагон медонем, ки пештар дар кӯчаҳои шаҳр, бахусус назди Бозори марказӣ, муҷассамаи Мирзо Турсунзода, назди бозори хусусии “Нури Алӣ” бетартибиҳо ба чашм мерасиданд. Мошинҳои мусофиркаш бетартибона, бе риояи қоида омодаи хизматрасонӣ мешуданд. Инчунин роҳҳои пиёдагарди ин мавзеъҳо ба “бозори хусусӣ” табдил медоданд. Бо дахолати раиси шаҳр ба ин бетартибиҳо хотима бахшида шуд. Ҳоло равуои нақлиёт ба танзим дароварда шудааст. Кӯчаву хиёбонҳои шаҳр обод, одамон бе монеа равуо доранд, мошинҳои мусофиркаш низ. Гулу гулдонҳои ду тарафи кӯчаҳои марказии шаҳр ба назар дилрабо менамоянд.

Ин як қатраест аз ободкориҳои раиси шаҳр. Сокинони шаҳр албатта, ба ӯ арзи сипос менамоянд. Ман низ ба арзи сипоси онҳо шарик ҳастам.

Сафаралӣ НАЗАРОВ,

нафақахӯр, Аълочии маорифи Тоҷикистон.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *