Иҷтимоиёт Хабарҳо

ДАҲСОЛАИ “ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР”, СОЛҲОИ 2018 – 2028 БА ҚАДРИ ОБ БИРАСЕМ

print

Санаи 22 декабри соли 2017 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Дар ин Паём Пешвои муаззами миллат дар бораи неъмати бузурги худоди мамлакат – об сухан ронда, алоҳида қайд карданд, ки дар кишвари мо 14 ҳазор пирях ба қайд гирифта шуда, дар давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад. Ман зимни ин таъкиди Пешвои миллат фикру андешаҳои худро баён карданӣ ҳастам.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди ҷаҳон оид ба масъалаи об ва қимати он борҳо суханронӣ намудаанд. Аввалин бор оид ба ин дар Иҷлосияи 54-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид баромад карда, муаммои обро дар сайёра таҳлил намуда, пешниҳод кардаанд, ки соли 2003 дар ҷаҳон “Соли оби тоза” эълон карда шавад. Ин пешниҳоди Президенти Тоҷикистони соҳибистиқлолро мамлакатамон СММ маъқул дониста, тарафдорӣ карданд.

Бори дуюм Сарвари давлат дар Иҷлосияи СММ пешниҳоди навро масъалагузорӣ карданд, ки солҳои 2005-2015 “Даҳсолаи об барои ҳаёт” эълон карда шавад. Ин пешниҳод аз тарафи кишварҳои аъзои СММ пурра дастгирӣ гардид”.

Сеюмин пешниҳоди Пешвои миллат дар Иҷлосияи СММ дар он хусус буд, ки соли 2013 “Соли ҳамкорӣ ва соҳаи об” эътироф карда шавад. Ин иқдоми Сарвари давлат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид хуш пазируфта шуд.

Пешвои миллат дар ҳамоишҳои байналхалқӣ, ки дар Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, Япония, Маҷористон, СММ ва дигар мамлакатҳо баргузор гардиданд пешниҳоди навро ба миён гузоштанд. Ин пешниҳоди навбатӣ оид ба масъалаи оби ошомиданӣ 21-уми декабри соли 2016 аз тарафи СММ қабул ва қатъномаи он ба ҷониби Тоҷикистони соҳибистиқлол ирсол шуд. Яъне ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистонро оид баДаҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 192 давлати ҷаҳон дунё эътироф намуд, ки ин эътирофи миллати тоҷик аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистони кӯчак куҳсор буда, зиёда аз нисфи масоҳати он дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Бояд бо хушнудӣ қайд кард, ки кишвари мо яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар куҳҳои осмонбӯси он захираҳои калони оби аз ҷиҳати экологӣ тоза мавҷуд буда, захираҳои пиряхҳо низ зиёданд. Кишварамон аз ҳаҷми масоҳати умумӣ дар ҷаҳон ҷои 85-умро ишғол карда, аз ҷиҳати захираҳои пас аз давлатҳои абарқудрат: Хитой, Россия, ИМА, Бразилия, Зоир ва Ҳиндустон ҷойи намоёнро умро ишғл мекунад. Ба андешаи олимони экологӣ дар миқёси Осиё Марказӣ 60 фоизи оби аз ҷиҳати экологӣ тоза аз ҷумҳурии мо ибтидо мегирад. Ҳар сол дар ҷумҳурии мо 60 километри мукааб об ҷорӣ шуда, аз он 8 километри мукааб обҳои зеризаминӣ мебошанд.

Дар асоси дастури пешниҳодкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як роҳбари синф дар давоми як соли хониш бояд 34 соат соатҳои тарбиявӣ гузашта, дар журнали синф сабт намояд. Пас дар соатҳои тарбиявӣ оиди муҳити зист соатҳои алоҳида ҷудо намуда, дар бораи сарвати бебаҳои табиат – об эътибори ҷиддӣ додан лозим. Ман, ки собиқаи 46-солаи омӯзгорӣ дорам, ҳангоми гузаронидани соатҳои тарбиявӣ ба хонандагон далелҳои муҳим оид ба обро мисол меорам, то онҳо дарк намоянд, ки сарфакорона ва оқилона истифода бурдани об ба мо фоидаи калон меоварад. Мутобиқи ҳисобу китоби пешакии коршиносони соҳаи об то соли 2030 зиёдшавии истифодабарии об дар Осиёи Марказӣ 15-20 фоизро ташкил медиҳад. Агар камшавии ҷараёни дарёҳоро дар натиҷаи тағирёбии иқлим ба ҳисоб гирем, вазъияти ба вуҷудомада хеле хатарнок ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти СММ ҳанӯз тақрибан 800 миллион нафар аҳолии ҷаҳон ба оби тозаи ошомиданӣ ва 2,5 миллиард нафар аҳолӣ бо шароити кофии беҳдошт таъмин нестанд. Офатҳои табии марбут ба об беш аз 60 миллиард доллари ИМА хисорот оварда, хушксолӣ ва биёбоншавӣ ба ҳаёти зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион одам таҳдид мекунад. Тибқи пешбинии СММ шумораи аҳолии сайёра то соли 2050 аз 9 миллиард нафар зиёд мешавад. Ин боиси афзоиши истеъмоли об мегардад. Агар таъсири тағйирёбии иқлим ҳамин хел идома ёбад, 50 фоизи аҳолии курраи Замин бо мушкилоти норасоии об рӯ ба рӯ мегардад.

Модоме, ки асоси зиндагии, ҳамаи мавҷудоти олам об аст, пас ҳар яки мо вазифадорем, ки обро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшандиҳанда, созгори дунё озода нигоҳ дорем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як баромадашон таъкид карда буданд: “Сарзамини азизи мо – Тоҷикистон табиати бою рангин, иқлими мусоид, хоки ҳосилхез, маъданҳои нодир, ҷангал, марғзорҳои сабзу хуррам дорад. Мо бояд аз ин шукрона гӯем, ки ҳамин обу хоки бофайз, ҳамин табиати босаховат дар мушкилтарин рӯзҳои ба сарамон омада баракату раҳматашро аз мо дареғ надошт”.

Ман ба омӯзгорони ҷавон ҳаминро таъкид карданиям, ки ба хонандагон эҳтиром нисбат ба об, аҳамият, хусусият ва моҳияти онро дуруст фаҳмонда, тарзи истифодаи оқилонаи онро омӯзанд. Вобаста ба об корҳои беруназмактабӣ ташкил карда, онҳоро ҳидоят намоянд, ки ҳар қатра обро чун сарфакорона истифода баранд.

Ҷӯрақул ҲАКИМОВ,

омӯзгор – методисти МТМУ

№32 ба номи А.Навоӣ.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *