Фарҳанг Хабарҳо

ШОМИ ВАСФИ ВАТАН, НАМОИШИ ҲУНАР ВА ИСТЕЪДОД

print
Шаҳри Турсунзода бо мардуми меҳнатдӯст, фарҳангпарвар ва ҳунарманд шуҳратманди диёр аст. Соли равон дар доираи эълон шудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ин сифатҳои неки мардуми шаҳри мо дубора исботи худро ёфт. Зеро бо ташаббуси раиси шаҳр муҳтарам Вализода Абдуқодири Исуф чорабинии фарҳангии «Шоми Турсунзода» баргузор шуда, чунин чорабинӣ ҳафтае ду маротиба дар деҳот таҳти унвони «Шоми деҳот» ва инчунин ду маротиба дар се мавзеи фароғатии шаҳр баргузор шуда, мардуми зиёдро гирди ҳам ҷамъ меорад.

            Ба ман муяссар шуд, ки дар як қатор чорабиниҳое, ки дар ҳудуди деҳот таҳти унвони «Шоми деҳот» баргузор гардид, иштирок намоям. Хусусан баргузории чунин маъракаи фарҳангӣ, ки дар деҳаҳои ҷамоати деҳоти Сешанбе, ҷамоати деҳоти Қаратоғ, ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов, ҷамоати деҳоти Регар ва дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Навобод баргузор шуд, дар сатҳи баланд ва хотирмон буд.

Ҷолибияти «Шоми деҳот»-ро дар он дидам, ки мардум бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ баъд аз меҳнати саҳро ба  майдони муяйн ҷамъ меоянд. Як сӯ кадбонуҳо дегҳои хӯроки миллиро бароварда, бо муҳаббати беандоза пешниҳоди меҳмонон мекунанд. Сӯи дигарро гӯшаҳои ҳунармандон оро медиҳад. Анвои гуногуни маҳсулоти нониву қаннодӣ, маҳсули дасти бонувони чакандӯз, қуроқдӯз, муҳрабоф, зардӯз аз  ҳунару ҳунарамандии модарону хоҳарони мо қисса мекунад.

Ҷониби дигар, табақтарошон, оҳангарон, дуредгарон, заргару кулолгарон ва дигар косибон намунаи ҳунари худро ба намоиш гузошта, ба маҳсули меҳнати якдигар баҳо дода, аз ҳамдигар таҷриба меомӯзанд.

Гӯшаи кишоварзӣ дастранҷи марди деҳқон ва баракати замини ҳосилхези тоҷикро муаррифӣ мекунад.

Қисми фарҳангии чорабинӣ низ диданӣ, илҳомбахш ва муфид аст.  Маърӯзаҳо дар васфи Истиқлолияти давлатӣ ифтихори ватандоририву муҳаббати моро ба Тоҷикистон афзун менамояд.

Маърӯзаи Даҳсолаи “Об барои рушди устувор” ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистонро хусусан дар самти об муаррифӣ намуда, сарфакорона истифода бурдани ин неъмати бебаҳоро талқин менамояд.  

Зимни гӯш кардани маърӯза дар мавзуи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шунаванда доир ба мавзеъҳои сайёҳиву намунаи ҳунарҳои мардумии диёр маълумоти зиёд мегирад.

Дар қисмати фарҳангӣ ҳамчунин ба саҳна чеҳраву истеъдодҳои нав бо суруду таронаҳо рақсҳои зебо, намоиши либосҳои миллӣ баромада, барномаи фарҳангиро шукӯҳи тоза мебахшанд.

Ҷолибияти “Шоми деҳот” боз дар он ан аст, ки мардумро зери Парчами давлатии Тоҷикистон, зери фазои Ваҳдату ҳамдилӣ бароварда,  ва дар майдони ҳунар якдилии сокинон эҳсос карда мешавад. Чунин намоишҳо ба дил фараҳу шодӣ бахшида, ба шукргузорӣ аз Ватани азиз- Тоҷикистони биҳиштосо даъват менамояд.  Албатта чунин намоишҳо ба дил фараҳу шодӣ бахшида, ба шукргузорӣ аз Ватани азиз- Тоҷикистони биҳиштосо даъват менамояд.

Ин иқдоми раиси шаҳр Абдуқодир Вализода бо дилгармиву самимиият пазируфта шуд ва мардум дар чорабиниҳои фарҳангӣ бо ҳисси баланди масъулият ва меҳанпарастӣ ширкат меварзанд.

Ин аст, Истиқлолият, сарҷамъиву Ваҳдат, пайравӣ ба муҳтарам Пешвои миллат, эътимод ба давлат, рӯзгори осудаи раъият ва муҳаббати халқи мо ба Ватан.

УМЕД, ронанда

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *