Санаи 25 июни соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати панҷум) таҳти раёсати Раиси шаҳр Абдуқодир Вализода баргузор гардид, ки дар он 9 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар кори иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр муовини якум муовинон, роњбари дастгоҳи раиси шањр ва намояндагон бахшу сохтори маќомоти иљроияи, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, фаъолон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доранд.
Зимни барррасии масъалаи якуми рўзнома ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода оид ба масъалаҳои комплекси агросаноатӣ, ислоҳоти замин ва ҳифзи муҳити зист, вакил аз ҳавзаи интихоботи №21 Долизода Ҳамдам шунида шуд.
Вобаста ба маърӯза як нафар аъзои комиссияи мазкур, сардори раёсати кишоварзӣ ва сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр ба музокирот баромаданд.
Баъдан вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода аз ҳавзаи интихоботи «Канорӣ – №12» Муистон Азизова ҷиҳати баррасии масъалаи дуюми рўзнома вобаста ба рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маърӯза намуд.
Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода барои нимсолаи дуюми соли 2018 зимни баррасии масъалаҳои сеюму чоруми рўзнома мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Вакилон зимни баррасии масъалаи панҷум Низомномаи «Шаҳрванди ифтихории шаҳри Турсунзода» тасдиқ намуданд.
Дар идома масъалаҳои шашум, ҳафтум ва ҳаштуми рӯзнома дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода аз ҳавзаи интихоботи «Фирдавсӣ» №4 Холиқов Алишер, аз ҳайати комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода оид ба масъалаҳои истифода ва ҳифзи захираҳои об» баровардани Холиқов Алишер ва дар ҳавзаи холишудаи интихоботи «Фирдавсӣ» №4 рӯзи якшанбе 14 октябри соли 2018 баргузор намудани интихобот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар охир вакилон қарорҳои раиси шаҳри Турсунзодаро, ки пас аз иҷлосияи чордаҳум то иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода қабул гардидаанд, тасдиқ намуданд.
Вобаста ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.