Иҷтимоиёт Сиёсат Хабарҳо

ДАҲШАТИ ТЕРАКТИ  НАҲЗАТИҲО ДАР НОРАК 

print

«Шаби 26-октябри соли 1993 аъзои силоҳбадасти ҲНИТ бо сарварии Абдуразоқ Муллоев (лақабаш «Кӯри Абдуразоқ») вориди хонаи сокини шаҳри Норак Субҳон Донахонов гардида, бо роҳи зурӣ, бо таҳдиди куштори  тамоми хонавода  ӯро аз назди тифлакон ва завҷаи меҳрубонаш, иҷборан берун менамоянд. Силоҳбадастон устоди азизу гиромиро шабонгаҳ болотар аз маҳаллаи Лангар бурда, мавриди лату куб, таҳқиру шиканҷа қарор дода соатҳои тулонӣ беист шиканҷа менамоянд. Бо ин қаноат накарда, баъд аз шаш соати азобу уқубатҳо чун қассоб сари  омӯзгор Субҳон Донахоновро аз тан ҷудо менамоянд…»

Донистани таърих фақат барои гирифтани маълумот ва бохабарӣ аз равандҳои ҷомеа набуда,   хулосагириҳо ва такрор накардани як қатор хатоҳо, иқдомоти номатлубу зарароваре мебошад, то имрӯзаро бо дид ва навгониҳои эҳёкунанда пеш бурд. Таҳлили воқеаҳои солҳои навадуми кишвари мо бозгӯи онанд, ки ҳамаи равандҳо, ҳаракатҳо ва муборизаҳои сиёсӣ таҳмилӣ буда, иддае аз намояндагони миллати мо ҳамчун бозича дар дасти аҷнабиён  қарор доштанд. Собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ аз ибтидо то интиҳои фаъолияташ аз рӯи сенарияи таълифнамудаи  манфиатҷӯёни хориҷӣ  амал карда, ба хотири маблағ ва ваъдаҳои дурӯғ ҷони ҳазорҳо нафар одамонро дар хатар гузошт, садҳо ҳазор нафарро қурбон,  бе хонаву ҷой, парешону  гуреза намуд.

 Бадбахтиҳои ба сари мардум овардаи намояндагони ҲНИТ-ро дар  қаламрави кишвар, мардуми шарафманду баномуси мо медонанд ва фаромӯш низ нахоҳанд кард. Зеро, агар мо воқеан ҳамаи душманиҳоро бори дигар таҳлилу баррасӣ накунем, пеши роҳи эҳёшавии ин вирус ва ё паразити хатарзоро наметавонем гирифт.  Бинобар ин, назарбиниву пешгӯиҳо, таҳлилу баррасиҳои  беғаразона барои  бехатарии имрӯзу ояндаи давлату миллат зарурият дошта, насли имрӯзу оянда дар асоси омӯзиш ва таҳқиқу бозсанҷиҳо  бояд мавқеи воқеии хешро дар ҷомеа барои имрӯз ва ояндаи дурахшон муайян ва роҳандозӣ намоянд.

Шаҳри Норак аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ ва равандҳои муштараки ҷомеавӣ дар раванди тараққиёти кишварамон мавқеи хоса дошта, ҳамчун шаҳри энергетикҳои Тоҷикистон шинохтаву мавқеи муҳимро дорост. Солҳои навадум ин шаҳрчаи замонавӣ бо хусусиятҳои гуногунмиллативу шахрдориаш ба як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони биҳиштосо табдил гашта, мардум орому осоишта, дар эътидол ва якдигарфаҳмӣ умр ба сар мебурданд. Вале, чуноне аз сарчашмаҳои мутмаъин бармеояд, шаҳри Норак беҳуда аз тарафи намояндагони ҲНИТ ҳамчун қароргоҳ ва пойгоҳи  махфӣ дар ибтидои соли 1993 интихоб нагардида буд. Дар ин шаҳр намояндагон миллатҳо ва маҳаллаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дӯстона кору зиндагӣ менамуданд. Сукунат доштани миллатҳои ғайри тоҷик аз қабили русҳо,  барои барангехтани низоҳои милливу мазҳабӣ барои наҳзатиён осон ва мусоид буд. Дувум шаҳри Норак дар саргаҳи минтақаи вилояти Хатлон ҷой гирифта аз лиҳози иқлим барои хоҷагон ва намояндагони ҲНИТ барои муҳорибаҳо, барангехтани низоъ ва нигоҳдории мардум дар тарсу  воҳима мувофиқу қуллай буд.

         Наҳзатиён бо ҳар роҳу усул мехостанд, дар ин шаҳр мавқеъ дошта, назари мардумро дигар намуда вазъро дар ин шаҳрчаи энергетикӣ муташаниҷ  намоянд. Аз нуқтаи назари геополитикӣ нооромии ин шаҳр метавонист ба вазъи муносибатҳои давлатӣ таъсири бад расонад, зеро дар ин шаҳр ҷузъу томҳои яке аз шарикони стратегиамон ҷойгир буданд. Яъне манфиатхоҳони нооромиҳои Тоҷикистонро то хурдтарин ҷузъиёти  лозимӣ, майлнокии мардум ва дар ин замина ба миёнории низоъҳоро нақшабандӣ намуда, аз костагиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва хусусиятҳои маҳал инчунин аз ноогаҳиҳои мардум суиистифода намуда, оҳиста –оҳиста теша ба решаи адл, инсоф, ваҳдат ва пояҳои давлатдории миллӣ мезаданд.

 Омӯзгорон  дар ҳамаи давру замонҳо як қишри зарурии ҷомеа маҳсуб ёфта, қувваи ҳаракатдиҳанда ва пешбарандаи ҷомеаи солим ба ҳисоб мераванд. Аслан дар ҷаҳон шахсе нест, ки аз муҳаббату самимият, рафоқату садоқат ва роҳандозиҳои дурусти устод баҳравар нагашта бошад. Маҳз барои барангехтани кинаву адоват аз ҳисоби молик будан ба маҳал аз тарафи наҳзатиён интихоби куштори ваҳшиёнаи омӯзгор амали ноинсононаи иддае аз нотавонбину  ноҷавонмардонаи инсонсуратон буд.

Шаби 26-октябри соли 1993 бо супориши намояндаи ҲНИТ Абдуразоқ Муллоев аъзоёни силоҳбадаст  вориди хонаи сокини шаҳри Норак Субҳон Донахонов гардида, бо роҳи зурӣ бо таҳдиди куштори  тамоми хонавода  ӯро аз назди тифлакон ва завҷаи меҳрубонаш, иҷборан берун менамоянд.  Силоҳбадастон устоди азизу гиромиро шабонгаҳ болотар аз маҳаллаи Лангар бурда, мавриди лату кӯб қарор дода, соатҳои тулонӣ шиканҷа менамоянд. Онҳо бо ин қаноат накарда, баъд аз шаш соати азобу уқубат, чун қассоб сари омӯзгор Субҳон Донахоновро аз тан ҷудо менамоянд. Ҷасади устодро ба назди шоҳроҳ гузошта, қотилони наҳзатӣ аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд ва интизори муташаниҷ гардидани вазъ дар шаҳри Норак мегарданд. Баъди пайдо намудани ҷасад, навбатдори беморхонаи марказии  шаҳри Норак сари аз тан ҷудои устод Субҳон Донахоновро бо танаш васл намуда, хешу табор, шогирдон ва аҳли ҷомеа дар вазъи бисёр ҳузнангез  ӯро ба хок месупоранд. Дар бадтарин ҳолатҳо, муноқишаю низоҳои дуҷониба,  инсоният то ин дараҷа ваҳшониятро ёд надорад. Ҳатто баъд аз гузашти солҳо ҳамдиёрону  ҳамкорон ба саволи барои чӣ бо ин ваҳшиёнат куштани як тан омӯзгор, тарбиятдиҳандаро посух пайдо накардаанд. Субҳон Донахонов директори мактаб буд. Аз фанни математика ва физика ба толибилмон дарс мегуфт. Бале дарс мегуфт аз фатҳи кайҳон, аз  мувафаққияти инсон, аз адолат, аз муҳаббат, аз вафодорӣ, аз садоқат. Устод аз разилиҳои иддае аз ҳамватанон падруд гуфт ҳаётро бо ҳама зебогиҳо, бо ҳама таровату накҳатҳояш. Ёдаш ба хайр бод омӯзгори азизро! Ёди ӯ дар қалби садҳо шогирди тарбиянамудааш боқӣ хоҳад монд. Вале ҳамзамон ваҳшигариҳои кушандагонаш низ ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд. 

Ҳамон шабу рӯз бо ин куштори ғайриинсонӣ қаноат накарда, наҳзатиҳои хунхор ду тан аз бошандагони деҳаи Лангар, Юсупов Саид ва усто Муҳамадуллоро ҳам ба таври ваҳшиёна ба қатл расониданд. Куштор ва бадбахтӣ овардан ба намояндагони ҲНИТ ба як кори муқаррарӣ табдил гашт, агар онҳо ин корҳоро анҷом намедоданд, худро нороҳат эҳсос менамуданд. Барои онҳо инсон ҳеҷ ҷойгоҳ  ва қурбе надошт.

Воқеаҳои бегоҳии 19-июли соли 1994-ро сокинони   калонсоли шаҳри Норак  хуб дар ёд доранд. Ҳуҷуми мусалаҳонаи назҳатиён ба бинои шуъбаи корҳои дохилии шахри Норак тибқи нақшаи тарҳрезишуда сурат гирифт. Ҷангиёни онҳо иборат аз 25-30 нафар баробари фарорасии торикӣ,  дар атрофи беморхонаи марказӣ, заводи нонпазӣ ва  корхонаи алоқа маскан гирифтанд. Бо  баровардани садои тири аввалин  системаи алоқа пурра қатъ карда шуда, ҳуҷуми мусаллаҳона ба бинои шуъбаи корҳои дохила оғоз гардид. Корманди мақомоти амнияти миллӣ Мирзоалӣ Талбаков  вазъи ба миён омадаро ба кормандони умури дохила хабар дода, шахсан ба мудофиаи бинои маъмурӣ  оғоз менамояд. Биноро дар баробари афсарони қаторӣ, ҷонишини ШКД шахри Норак Т. Шарипов, кормандон З. Ғаюров, К. Давлатов ва корманди бозрасии автомобилӣ Б. Ҳабибов  тавонистанд ҳифз намуда, аз наҳзатиён нигаҳдорӣ намоянд. Дар вақти муҳориба корманди кумитаи амнияти миллии шаҳри Норак Миралӣ Табаров қаҳрамонона ҷангида, ҷони худро аз даст дод.

 Баъди як моҳи  сипарӣ гаштании ин фоҷеа,  ба таври ваҳшиёна корманди ЭХИС Ю. Никалаенко ва челонгари  неругоҳи барқии Норак  С.Умаров аз тарафи наҳзатиён ба қатл  расонида шуданд. Чор нафар кормандони умури дохилаи ноҳияи  Ваҳдат (Кофарниҳон ) маҳз аз дасти силоҳбадастони наҳзатӣ, бо роҳбарии Абдуразоқ Муллоев, ба қатл расонида шуда буданд. Куштори Ю.Николаенко ба барафрӯхтани низоъ байни русҳои муқими шаҳри Норак ва тоҷикон нигаронида шуда буд. Вале мардум ба иғво дода нашуд.

Як тан сокини деҳаи Узбек Лангари шаҳри Норак  Юсуф Ҳалимов бо дарду алами бепоён, ваҳшиёнияти намояндагони ҲНИТ-ро дар он солҳо ёдоварӣ намуда, иброз медорад, ки  намояндагон ва размандагони ҲНИТ дар шаҳри Норак бедодгариҳои зиёд карданд. Аз ҷумла, соли 1995 дар минтақаи Сангхов ҳангоми нигоҳубини чорво, яке аз ҷангиёни наҳзатӣ бо номи Бозор, чорводори оддӣ Юсуф Ҳалимовро дастгир намуда, аввал атрофаш тирпарронӣ менамояд ва баъдан ҷонибаш тир кушода, ӯро захмӣ менамояд. Сипас, ӯро  ба чуқурии дарае партофта, чорвоҳояшро аз худ мекунад. Юсуф бо азобҳои зиёд шабона ба бемористони шаҳри Норак омада, се моҳ он ҷо бистарӣ мегардад. Ҳанӯз ҳам аз ин кирдори ноҷавонмардона азоб мекашад, як пояш маъюб гаштааст.

Мақсад аз ба хотир  овардани чанд лаҳзаи вазнину душвор ва даҳшатбори  фаъолияти собиқ намояндагон ва размандагони ҲНИТ, бад кардани касе нест. Ба ёд овардани сафҳаҳои бади таърихи мост, ки бояд фаромӯш нагардад. Агар онро лаҳзае аз ёд бубарем, душмани дар камин истода аз нав онро ба сарамон мекашад. Ҳамон наҳзатиҳо ҳоло ҳам ҳастанд. Ҳарчанд фаъолияти ҳизби террористиашон қатъ карда шуд, ҳарчанд мардум худаш посухи сазовореро барои кирдорҳои душманона ва ваҳишиёнаашон дод, бешармона дар хориҷи кишвар, бо пули аз ҳисоби фурӯши давлату миллати худ ёфтаашон рӯз мебаранду ба иғвоангезӣ машғуланд.

        Инсоният танҳо дар ҳамбастагиву дӯстиву рафоқат ва меҳру муҳаббати тарафайн метавонад рушду инкишоф ёфта, зиндагии воқеан шоиставу беолоишро барои худ фароҳам созаду барои ояндагон ба мерос  гузорад. 

      Юсуфи Асрориён                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                      

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *