Бузурге гуфтааст: «Зӣ гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй». Албатта ҳамту дониш андӯхтан имконнопазир аст. Танҳо тавассути китоб инсон соҳиби дониш мешавад. Яъне оне ба дониши хуб муваффақ мешавад, ки бештар китоб мутолиа намояд. Агар кас як умр ба мутолиаву омӯзиши китоб машғул шавад инсони комилу бофазлу донишманд мешавад. Бузургони олам Арасту, Афлотун, Рӯдакӣ, Сино, Хайём, Саъдӣ ва дигарон бо дониши аз китоб андӯхтаашон маъруфу машҳур гардидаанд. Мавлоно Ҷомиро бигирем. Дар васфи китоб ин мисраҳои ҷолибро гуфтааст:
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ин лаҳза мисраҳои шоири дигареро дар бораи китоб овардан айни матлаб аст:
Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,
Ёри безаҳмату озор китоб аст, китоб.
Ва ин ҷо суоле ба миён меояд: оё шогирдони мо ба пуррагӣ ба мутолиаи китоб машғул мешаванд. На! Ҳастанд хонандагоне, ки дар давоми соли таҳсил ё таътил ақаллан як китоби бадеӣ намехонанд. Вақти холигиашонро танҳо ба бозиву беҳудагардӣ мегузаронанд. Бояд ҳар як хонанда бидонад, ки китоб дарёи ҳикмат буда, маҷрои он моро ба роҳи хирад, маърифат, одобу ахлоқ равона мекунад. Бе китоб донистани таърихи башарият имкон надорад.
Ман, ки омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ҳастам, шогирдони хурдсоламро таъкид менамоям, ки ба китоб меҳрбубанданд, онро бештар мутолиа намоянд. Мутолиаи китоб инсонро аз бадӣ бармегардонад ва ба некӣ ҳидоят менамояд. Мо ба шогирдонамон бояд ин мисраҳои Мавлоно Биноиро такрор ба такрор бигӯем:
Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ,
Ки мусоҳиб бувад гаҳу бегоҳ.
Роҳатафзои ҷону роҳати дил,
Ҳарчи дилхоҳи туст, аз ӯ ҳосил.
Инчунин ҳамдами латиф кӣ дид,
Ки на ранҷа диҳад, на ранҷонид
Ин мисраҳо дар ошёни қалби шогирдон меҳри китобро амиқ ҷой хоҳанд дод.
Гулдона ДӯСТОВА,
омӯзгори МТУА №117.