Ваҳдати миллӣ яке аз ҷашнҳои маҳбубтарин мардуми Тоҷикистон аст. Тӯли 22 сол аст, ки мардуми кишварамон ба хотири сазовор истиқбол намудани ин санаи фархунда ва ҷиҳати омодагиҳо ба ин ҷашн бунёдкориву ободониҳоро анҷом медиҳанд. Чунин тадбирҳо агар аз як ҷониб бо хотири сазовор истиқбол намудани ин санаи фархунда амалӣ гарданд, аз ҷониби дигар, дастгирии сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат дар самти бунёдкориву созандагӣ ва ободии кишвар тавассутииштироки васеи мардуми кишвар таъмин мегардад. Анҷоми иқдому ташаббусҳо, бунёди иншооту мавриди истифодаи мардуми кишвар қарор додани онҳо бошад, аз руҳияи баланди мардуми саодатманди Тоҷикистони соҳибистиқлол шаҳодат медиҳанд.
Метавон гуфт, ки Ваҳдати миллӣ на танҳо асоси оромиву осудагии халқ, балки кафолати инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа гашт. Мардуми кишвар ва миллат ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳи миёни гуруҳҳои даргир маҳз ба ивази заҳматҳои зиёди фарзандони фарзонаи миллат, пеш аз ҳама кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқӯъ омад ва самараи нек дод.Самараи неки он ҳамин зиндагии осудаи мардум дар фазои осоиштаикишварамон аст.Аз ин ҷост, ки мардуми кишварамон бо ифодаи қардшиносӣ барои фидокориҳояшон дар роҳи расидан ба Ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ РаҳмонроПешвои миллат ва Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ эътироф намудаанд.
Барҳақ, муҳимтарин чизе, ки мардуми мо дар лаҳзаҳои ҳассостарин барои давлату миллат ба он ниёз дошт, ҳамин Ваҳдат буда, маҳз бо шарофати Ваҳдат сулҳу оромӣ дар диёрамон пойдор гашт. Инак, имрӯз мардуми кишварамон шукрона аз он мекунанд, ки дарТоҷикистон азизи мо сулҳу сафо ва Ваҳдати миллӣ пойдор аст ва имрӯз васфи Ваҳдат дар забони ҳар фарди тоҷикистонӣ буда, он моро ба сӯи созандагиҳову бунёдкориҳо ҳидоят менамояд:
Дӯстон бо ҳам бисозед, ин замони Ваҳдат аст,
Ҳамдилу ҳамдар будан ҷисму ҷони Ваҳдат аст.
Ҳусну нерӯи Ватанро мекунад Ваҳдат фузун,
Тоҷикистон хонадони ҷовидони Ваҳдат аст.
Далер АЛИЗОДА,
раиси суди шаҳри Турсунзода.