Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Сиёсат Хабарҳо

ҶӮРАБЕКОВ МАҲМАДНАИМ: ҲАР КАСЕ, ҚАСДИ ГУРЕХТАН КАРДА, БА ДАСТ МЕАФТАД…

print
Шоҳиди амалиётҳои мусаллаҳонаи давлати Сурия 

Ҷӯрабеков Маҳмаднаим зимни як вохӯрӣ дар шаҳри Турсунзода доир ба чӣ гуна ба Сурия рафтану аз онҷо баргаштан нақл кард.
Аз нақли Ҷӯрабеков Маҳмаднаим: “ Дар Россия аз соли 1998 кор мекардам. Соли гузашта бо мақсади аз нав кардани қайди ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ сарҳади Федератсияи Россияро бо давлати Туркия гузаштам. Дар Туркия бо ду ҷавони тоҷик вохурдам. Зимни сӯҳбат онҳо ба ман пешниҳод карданд, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии Туркия корҳои деҳқонӣ ҳаст, ки дар як моҳ 1,5 ҳазор доллари амроикоӣ маош дорад. Аз сабаби қарзи зиёд доштан ман ба онҳо бовар кардам. Мо ба роҳ баромадем ва баъд аз чанд соат ба киштзори сабзавот расидем. Баъд аз чанде як мошин сари замин омад ва ҷавонон аз ронанда маблағ гирифта, маро ба ӯ супорида гуфтанд, ки бо ин одам кор мекунӣ… Баъдан ман фаҳмиданм, ки онҳо маро ба намояндагони ДОИШ фурӯхтаанд. Хуллас маро ба Сурия бурданд, 1 моҳ таълимоти динӣ ва 18 рӯз таълимоти ҳарбӣ гирифтам. Бомбаборону ҳуҷумҳо зиёд шуданд ва моро ба майдони ҷанг партофтанд… ярадор шудам, Муддати чанде дар табобат будам. Дар он ҷо ба ҷуз даҳшату куштор дигар ҷизеро надидам. Онҷо ҷиҳод ислом ва шариат нест…
Ҳамарӯза андешаи гурехтан мекардам. Зеро мақсади ман сафар ба Сурия набуд. Бо тоҷикбачае, ки мисли ман ӯро низ бо ваъдаи кор ба ифротиён фурӯхта буданд, аз қасди гурехтан суҳбат кардам, аммо ӯ гуфт, ки аз ин ҷо гурехтан амри маҳол аст. Ҳар касе, ки қасди гурехтан карда, ба даст меафтад, сарашро мебуранду ба девори назди сарҳад меовезанд, то ки ба дигарҳо дарси ибрат шавад. Баъдан хабардор шудам,ки амир онҳоеро, ки барои овардани зану фарзандонашон мераванд, муддати 10 рӯз ҷавоб медодааст. Бо ин ният назди амир рафтам. Гуфт, ки намояндаи мо рафта, завҷаатро меорад, аммо исрор кардам, то худам наравам завҷаам намеояд. Намедонам чаро вале амир ба ман бовар карду то сарҳад, ки 700 км роҳ буд, иҷозатнома дод… Ба роҳ баромадам, дар роҳ зери бомбаборон мондем, лекин роҳро идома дода, оқибат ба сарҳад расидам. Шабона баъд аз соати 24 гаваккашон ҷониби сарҳади Туркия ҳаракат кардам. Бисёр мехостам, ки ба мина барнахӯрам… Худо нигоҳбонӣ кард натаркидам, сарҳадро гузаштам… Ин тараф тариқи сафоратхонаву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то Ватан расидам.
Баъд аз бурдани тафтишот кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маро озод карданд. Имрӯз озодам, озодана тоату ибодат мекунам ва ҳар куҷое меравам ба мардум мегӯям, ки фарзандони худро аз фиребу найрангҳои ифротиҳо, ки тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ аз ислом сухан карда, ба ҷиҳод даъват мекунанд, ҳифз намоед. Ба онҳо бовар накунед. Ба ҷавононе, ки аз Россия бо мақсади сарҳадгузарӣ ба Туркия мераванд, гуфтаниям, ки эҳтиёт бошед, бо ҳар гуна шахсони тасодуфӣ дар сухбат нашавед, ба ваъдаи кор бовар накунед, ки доми фиреб аст…”

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *