Иҷтимоиёт Нуқтаи назар Хабарҳо

ТАБИАТИ ИНСОН, АСОСҲОИ АХЛОҚИВУ РАВОНИИ КИРДОРИ ҶИНОЯТӢ, ВОБАСТАГИИ ҶИНОЯТ АЗ ҶАҲОНБИНӢ»

print
Дар шаҳри Турсунзода директори Маркази антропологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Муҳаммадалӣ Музаффар бо намояндагони касбу кори гуногун вохӯрӣ баргузор намуда, дар мавзӯи «ТАБИАТИ ИНСОН, АСОСҲОИ АХЛОҚИВУ РАВОНИИ КИРДОРИ ҶИНОЯТӢ, ВОБАСТАГИИ ҶИНОЯТ АЗ ҶАҲОНБИНӢ» маърӯза намуд.

Зимни маърӯза қайд шуд, ки омӯзиши антропологияи инсон омили тарбияи инсони комил буда, даст ба ҷиноят задани инсон ва ё роҳи экстремизму терроризмро пеша кардани ӯ ба таълиму тарбия вобастагӣ дорад. Ҳамзамон таъгид гардид, ки  табиати инсон дорои 57 сифати манфӣ ва 47 сифати мусбӣ мебошад. Аз ҷумла, 9 сифати манфӣ ғазаб, такаббур, ҳавобаландӣ, бухл, тамаъкорӣ, тарс, шикампарасатӣ, шаҳвонияти ифротӣ, руҳафтодагӣ ба ҳисоб меравад. Сифатҳои мусбии инсон: меҳрубонӣ, фурӯтанӣ, боэътиқодӣ, ҳақиқатпарастӣ, саховатмандӣ, боумедӣ, хоксорӣ (оддӣ, бекарру фарр), покдоманӣ, муҳаббати самимӣ доштан мебошад. 

– Таҳкурсии ҷаҳонбинӣ аз дониши сиёсӣ, ҳуқуқӣ, динӣ, ахлоқӣ зебоишиносӣ, илмӣ ва ҳикмат сарчашма гирифта, дар натиҷаи тарбия ҷаҳонбинии инсон метавонад ба ҷаҳонбинии ҳикматӣ мубаддал гардад, иброз дошт,  Муҳаммадалӣ Музаффар

Ҳамчунин таъкид шуд, ки ҳарчанд дар табиати инсон баъзе сифатҳои манфӣ модарзодӣ бошанд ҳам, дар натиҷаи таълиму тарбия метавон дар тинати инсон сифатҳои мусбиро ҷой намуда, бо ин васила пайдоиши майл ба  ҷиноят ва экстремизму терроризмро гирифт.

Дар  фуровард миёни ҳозирин вобаста ба сифатҳои тӣабиати инсон мубодилаи афкор сурат гирифт.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *