Таҷлил Фарҳанг

БУЗУРГДОШТИ РӮЗИ МОДАР

print

Ба муносибаи таҷлили Рўзи модар дар кохи “Дўстӣ”-и шаҳри Турсунзода бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Абдуқодир Вализода, модарону бонувон донишҷӯдухтарони муассисаҳои таълимиву тандурустии шаҳр маҷлиси ботантана баргузор шуд. 
Дар ибтидо А. Вализода модарону бонувонро ба ифтихори ҷашни баҳору зебоӣ табрику таҳният гуфта иброз дошт, ки модари

 

 тоҷик дар масири таърих ҳазорон нафар фарзандони бонангу номус, ҷасуру ватандӯст, хирадманду фарзона, сиёсатмадорони номдору фидокор ва номбардори миллатро ба дунё оварда, дар оғӯши пурмеҳри худ ба камол расонида, онҳоро дар роҳи хизмат ба халқу Ватан раҳнамоӣ ва њидоят кардааст.
Дар ҷараёни маҷлис собиқадорони меҳнат, роҳбарзанон, пешқадамони истеҳсолот ва ҷавонондухтарони фаъол бо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода сарфароз гардонида шуданд.
Барномаи ҳунарии кормандони шуъбаи фарҳанги шаҳр ба чорабинӣ ҳусни идона бахшид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *