Ҳамасола Артиши миллиро 23- уми феврал дар сар то сари Тоҷи- кистон ҷашн мегиранд. Дар Конституцияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 43 чунин оварда шудааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояти манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст». Имсол 25-солагии Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳарчанд, ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, вале дар натиҷаи тадбирҳои мунтазам андешидаи Ҳукумати мамлакат марҳала ба марҳала устувору қавитар гардида, имрӯз бо кадрҳои донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад, ба нерӯи мунтаззами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ, ки он зодаи истиқлолияти давлатӣ аст, табдил ёфт. Дар остонаи ин ҷашни бошукӯҳи таърихӣ ҳар як фарди ватандӯст беихтиёр роҳи тайнамудаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро албатта пеши назар меорад.
Эй Ватан, эй кишвари озодаам,
Ман зи модар баҳри ҳифзат зо даам.
То ки бошам ҳамдаму ҳамрози ту,
Гаштаам Модар-Ватан сарбози ту.
18-уми декабри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор ба имзо расида, Артиши миллӣ таъсис дода шуд.
23-уми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳ Тоҷикистон эълон карда шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароитҳои техникӣ ва вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ пайваста ғамхорӣ менамоянд.
Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбӣ се марҳилаи аввалияи хешро паси сар намуд. Аз ҷумла давраҳои ибтидоии Артиш, бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкиму тақвият додани он.
Имрӯз сокинони мамлакат дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ муҳофизи худро дида, онро сипари боэътимод медонанд. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дараҷаи касбияти аскарону афсарон ва вазъи моддию техники имрӯзаи Артиши миллӣ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии он ба куллӣ фарқ менамояд.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамешагӣ бо аскарону афсарони қисмҳои низомӣ вохӯрию суҳбатҳо доир намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии онҳо ва ташвиқу тарғиби ғояҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми худро мегузоранд.
Рӯзи Артиши миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!