Нуқтаи назар Сиёсат

Муқобилияти ҷиддӣ бар зидди гурӯҳҳои ифротгароӣ

print

Мақсаду маром ва нақшаи гурӯҳҳои ифротгароёни имрӯ­заи ҷаҳони муосир чунин аст, ки ягон кишварҳои мусулмон­нишин набояд ҳамчун давлати демократӣ ва мустақил вуҷуд дош- та бошад. Ба ақидаи онҳо ҳамаи ин дав­латҳои мусулмониро иҷборан зери таркиби «Хилофати ягонаи исломӣ» ворид сохта, мехоҳанд онҳоро ба давлати «Хилофатӣ» табдил дода, ҳамчун ғулом зери итоати худ қарор бидиҳанд. Ҳамин тавр ифротга­роён ягон давлат ва ё кишварро мустақил эътироф накарда, ҳамаи онҳоро дар зери «Хилофат»-и худ несту нобуд карданӣ ҳастанд.

Созмонҳои ифротга­роён ё худ террори­стон бо номи «Ҳиз­би таҳрири исломӣ» солҳо амал намуда, дар нақша ва варақаҳои таблиғо­тии худ ба таври расмӣ ташкили хилофати ягонаи исломӣ та­блиғу ташвиқот мебаранд ва мехоҳанд, ки кишварҳои хурди мусулмониро зери тобеияти худ қарор диҳанд.

Шояд баъзе аз шаҳрвандони кишвари биҳиштосои мо-Тоҷи­кистон ё берун аз он калимаи «Ислом»-ро шунида гумон со­занд, ки ифротгароёни динӣ системаи давлатдории муо­сир ва демократияро аз байн бурда, арзишҳои диниро ҷорӣ месозанд. Аммо ҳаргиз чунин набуда, ин гуна амалҳо ба фоидаи худи он таблиғгарони ифротӣ аз тарафи давлатҳои абарқудрате, ки барои ба даст овардани нуфузи сиёсӣ ва ман­фиатҳои иқтисодӣ барои ама­лисозии мақсадҳои геосиёсии худ буда, бо ин мақсад ба сари қудрат омаданро доранд.

Пешвоёну таблиғгарони гу­руҳҳои бо ном «Давлати исло­мии» Ироқу Шом зери ниқоби «Ислом» ҷавононро гумроҳ намуда, онҳоро ба сафҳои худ шомил мекунанд. Ба онҳо аз Биҳишту ризогии Худованд «ваъдаю кафолат» медиҳанд. Агар яке аз ҷавонони шомил­шуда кушта шавад, ба назди­кони ӯ хабари «шаҳид» шудани фарзандашро медиҳанд. Гӯё фарзанди онҳо дар роҳи Ислом шаҳид шудааст. Аз ин лиҳоз муборакбодӣ ҳам мекунанд.

– Не шаҳид не балки ҳаром мурдааст, аз имону дидори Ху­дою Биҳишти ҷовидон бенасиб шуда, дар нори сақар абадӣ ҷой гирифтааст ва ба лаънати Яздони поку фариштагон ва мардуми сулҳпарвару ватан­дӯст гирифтор мебошад.

Аз ин лиҳоз зарур аст ба ин масъалае, ки хавфи ҷаҳонӣ дорад муносибатҳои ҷиддӣ на­муда, фарзандону ҷавононро аз доми фиребу найранги «Ис­ломгароён» эмин нигаҳ дорем.

Агар мо нахоҳем ҳар он кул­фате, ки ба сари мардуми кишварҳои Сурия, Яман, Ироқу Афғонистон омада, ки шаҳрҳо­ро валангор, модаронро гирён, фарзандонро ятиму дар ба дар гардонидааст ба сари Ватани маҳбубамон наояд, бояд ҳу­шёр бошему аз пайи тарбияи дурусти фарзандон шуда, бе­тарафӣ зоҳир накунем.

Модоме, ки чунин аст мо ва­зифадорем, ки ба аҳли кишвар симои воқеии гурӯҳҳои бо ном «Давлати исломӣ»-ро нишон диҳем, то фарзандонамон фаҳ­манд, ки ин гуруҳҳо баръакс ба номи мубораки Ислом доғ оварда, ягон гуфтаҳои онро риоя намекунанд.

Онҳое, ки даҳшати ҷанги таҳ­милии солҳои 90-уми қарни гу­заштаро дар ёд доранд ба қад- ри тинҷиву амонӣ ва осудагӣ мерасанд. Моро лозим аст, ки насли ҷавонро аз ин таърихи талхи халқи тоҷик, ки бадхоҳо­ни миллат ба гуруҳҳо ҷудо сохта, бародарро бар зидди ба­родар барангезониданд огоҳ созем.

Дар интиҳо ман боварӣ до­рам, ки дигар ин бадхоҳони миллат, халқ ва ҷавонони моро дар доми фиреби худ даро­варда наметавонанд. Имрӯз насли ҷавони мо бо рӯҳи қавӣ, иродаи мустаҳкам, донишу та­факкури баланди сиёсӣ, дарки масъулияти волои ватандорӣ дошта, дар мустаҳкам нигоҳ доштани ваҳдату ягонагӣ ва ризоияти миллӣ баҳри ободиву гулгулшукуфоии ватани ази­замон гомҳои устувор гузошта истодаанд. Ҷавонони худогоҳу худшиноси мо алакай сиёҳро аз сафед, дӯстро аз душман ва бадро аз нек фарқ карда ме­тавонанду пайравони ҳақиқии Пешвои миллат мебошанд. Бо он иқтидори зеҳние, ки ҷавоно­ни фаъоли мо доранд, боварӣ дорем, ки аз паси худ ҳазорон ҷавонони дигарро пайи созан­дагиву ободкориҳо мебаранд.

Ба ҷавонон таъкид намуда­ниям, ки агар мо бори дигар ба доми фиреби мардуми дурӯя ва бадхоҳ афтем, ваҳдати бе­баҳоро аз даст хоҳем дод.

Пас ҳамагонро лозим аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, бар зидди ин гурӯҳҳои ифротиву бадхоҳони миллат дастаҷамъона мубори­заи беамон барем ва фарзанди аслии ин миллату давлат бо­шем.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *