Нуқтаи назар

КОРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР КВД «ШИРКАТИ АЛЮМИНИЙИ ТОҶИК»

print

Имрӯзҳо дар саросари кишвар ба пешвози ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳо оғоз гардида, дар аксари шаҳру навоҳии кишвар корҳои ободониву созандагӣ сурат мегирад.

Санаи 27-уми январи соли 2018 тамоми кормандони сеху бахшҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба шанбегӣ-ҳашари умумӣ баромаданд. Онҳо роҳраву кӯчаҳоро ба тартиб оварда, қитъаҳои вобасташудаи худро нарм намуда, ба тозагиву ободонӣ машғул шуданд.

Аз ҷониби кормандони сехи ободонӣ заминҳои атрофи корхона ба тартиб оварда, роҳравҳо тоза карда шуд. Дар даромадгоҳи корхона то дарвозаи асосӣ, дохили корхона бошад аз оғози иморати 4-ум то назди истеҳсолоти электролиз ва дар роҳи протоколӣ то ба сехи гази синтезӣ зиёда аз 300 адад дарахти ҳамешасабзи арча шинониданд.

Кормандони шӯъбаи маъмурию хоҷагии корхона низ ба шанбегӣ баромада, дар тозагии роҳраву кӯча саҳм гузош- танд. Кормандони коргоҳҳои идораи корхона дар назди осорхонаи Шарафи меҳнатӣ, атроф ва ҳудуди идораи корхона ба нарм намудани замин ва дигар корҳои ободонӣ машғул гардида, то нимаи дуюми рӯз як қатор корҳои ободониро ба анҷом расониданд.

Кормандони истеҳсолоти асосии корхона, истеҳсолоти анод, идораи сарме­ханик, идораи сарэнергетик, хадамоти амният ва ҳамаи сеху бахшҳо паҳлӯи роҳи мошингардро тоза намуда, заминҳои назди биноҳоро нарм ва ба тартиб дароварданд. Боиси тазаккур аст, ки он рӯз то нимаи дуюм дар корхона нафа­ри бекорро дидан душвор буд. Ҳама ба кори тозагиву ободонӣ банд буданд.

Он рӯз дигар ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ низ дар корхона ба корҳои ободонӣ аз ҷумла чидани кафел дар назди бинои осорхона, мумфарш намудани чанд нуқтаи дохили корхона ва часпонидани банерҳои калонҳаҷм дар бинои иморати 4-уми истеҳсолоти электролиз машғул гардиданд.

Худи ҳамон рӯз, яъне 27-уми январ, тамоми корхонаву ташкилот ва муассисаҳои шаҳри Турсунзода низ ба шанбегии умумӣ баромада, ба ниҳолшинонӣ, тоза кардани ҷӯйборҳо, сафед кардани танаи дарахтон ва рӯфтани ду тарафи роҳ машғул гардида буданд.

Бояд гуфт, ки ташкили шанбегии навбатӣ дар корхона аз пешина дида ба куллӣ фарқ мекард. Муҳим он аст, ки дар шанбегии навбатӣ аксари кормандон бо белу каланд, шотка ва чорӯб таъмин гардида буданд.

Албатта ташкили шанбегиҳо ва ҳашарҳои умумӣ яке аз анъанаҳои хуби аҷдодонамон буда, он асосан дар арафаи хушрӯзию ҷашнҳо, аз ҷумла пешвози меҳмонони олиқадр ба анҷом расонида мешавад, ки ин, хушбахтона солҳои охир ба ҳукми анъана даромадааст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *