Сиёсат

ОМӮЗИШИ ПАЁМ ДАР КОРХОНА

print

Нимаи аввали моҳи январи соли 2018 дар то­лори маҷлисгоҳи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» маҷлиси васеъи ҳисоботии маъмурияти корхона баргузор гардид.

Дар ҷамъомад аъзоёни ҲХДТ, директори идоракунанда Абдураҳмон Ҳомидзода, директорони соҳа, сарварони сеху бахшҳо ва фаъолони корхона иштирок намуданд. Ҷамъомадро аъзои Раёсати КИ ибтидоии ҲХДТ дар КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», раиси кумитаи иттифоқи касаба Музаффар Мадалиев ҳусни оғоз бахшид.

Сипас, ёвари директори идоракунанда Рустам Холов оид ба Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, иброз дошт, ки дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 22-юми декабри соли 2017 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат баён ёфтаанд.

Ҷаҳони муосирро бидуни рушду ривоҷи соҳаи саноат тасаввур кардан душвор аст. Нуктаи мазкур дар Паёми имсола ба таври васеъ баён гардидааст. Аз ҷумла, қайд карда шудааст, ки пешрафти ояндаи Тоҷикистон дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пеш­бинӣ гардида, ҷиҳати татбиқи ин ҳадаф бо истифода аз технологияҳои муосир баланд бардоштани самаранокии саноати коркард ва қобилияти рақобати маҳсулоти ватанӣ бисёр муҳим мебошад. Бинобар ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва корхонаҳои саноатӣ вазифадор карда шуд, ки дар асоси таҳлили иқтидору имконоти минтақаҳо ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки истеҳсолоти саноатӣ доир ба пайваста афзоиш додани коркарди ашёи хом то дараҷаи маҳсулоти ниҳоӣ барномаҳои соҳавиро фаъолона татбиқ намояд. Барои тақвият бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани онҳо, зарур аст, ки ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ бо корхонаҳои саноатӣ дар самти омода намудани кадрҳо бо ихтисосҳои техникӣ ва технологӣ густариш дода шавад.

Инчунин узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директории идоракунадаи Корхонаи воҳиди давлатии «Шир­кати Алюминийи Тоҷик» Абдураҳмон Ҳомидзода оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат баромад намуда, иброз дошт, ки тайи ду соли охир татбиқи “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ гардида, тадбирҳои афзалиятноки давраи аввали он ба “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ворид шудаанд ва нишондиҳандаҳои маҷмӯии рушди иқтисодӣ асосан иҷро гардида истодаанд.

Тибқи таҳлилҳо рушди содирот асосан аз ҳисоби корхонаҳои саноатии солҳои охир бунёдгардида таъмин шуда истодааст. Танҳо дар зарфи солҳои 2016- 2017 содироти маҳсулоти маъдан дуюним баробар афзуда, ҳиссаи он зиёда аз 45 фоизро ташкил до­дааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» фаъолияти худро дар асоси дастуру супориш ва роҳнамоиҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, аҳли заҳмати он бо дарки масъулияти азим ва ифтихор аз ватандорӣ баҳри ободии кишвар фидокорона меҳнат менамоянд.

Дар доираи амалӣ намудани Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати Миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади густариш додани соҳаи муҳими саноати кишвар-истеҳсолоти алюминий роҳбарияти корхона бозори технологияи навтарини истеҳсоли алюминийро дақиқкорона таҳлил намуданд. Дар натиҷа қарор карда шуд, ки бобати масъалаи мазкур технологияи давлати Чин истифода бурда шавад. Технологияи чинӣ тайи чанд соли охир бартарӣ ва самаранокии худро бо нишондиҳандаҳои баланди сарфаи энергия исбот намудааст. Чунон, ки маълум аст, зимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дар охири моҳи август ва аввали моҳи сентябри соли 2017 Меморандум дар бораи ҳамкории байни КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва ширкати чинии Yunnan Construction and Investment Holding Group ба имзо расид.

Ширкатҳои Yunnan ва ТАЛКО бобати бунёди корхонаи нави алюминӣ дар ҳудуди корхонаи алюминийи Тоҷикистон бо насби ваннаҳои электролизии пурра автоматишудаи иқтидорашон 500 кА аҳду паймон карданд.

Иқтидори истеҳсолии корхонаи нави алюминӣ соле 500 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар сохтори он инчунин истеҳсолоти рехтагарӣ (800 ҳаз. т/дар як сол) ва анодпазӣ (300 ҳаз. т/дар як сол) низ шомиланд. Чунин корхонаҳо, ки дар онҳо технологияи айни замон муосиртарин насб гардидааст, танҳо 3 адад буда, соли 2017 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Корхонаи нави алюминий имкон медиҳад, ки 1100 ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад. Оғози сохтмони корхона соли 2018 дар назар аст.

Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» Юсуф Талабов низ оид ба эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, иброз дошт, ки воқеъан ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварест, ки табиати бою сарватҳои бебаҳо дошта, қисми зиёдашро балантарин қаторкӯҳҳои ИДМ ишғол кардаанд. Аз рӯи татқиқоти олимон муайян карда шудааст, ки ҳудуди кишвар 900 га комплекси табии бо 40 намуди ландшафт (манзара) мавҷуд аст. Кишвари мо бо чашмаҳои шаффоф, гарму табобатӣ ва олами растаниҳои шифобахш ба оламиён машҳур гаштааст. Зеро дар қаламрави ҷумҳурӣ зиёда аз 200 чашма аз ҷумла 40 чашмаи гарму 2 ҳазор намуди растаниҳои шифобахш мавҷуданд. Ҳамчунин, Тоҷикистон бо шароитҳои махсуси иқлимиаш (дар 1 сол қариб 300 рӯзи офтобӣ мавҷуд аст) аз дигар мамлакатҳои ҳамсоя фарқ мекунад. ғайр аз ин мардуми тоҷик таърихи тамаддуни ниҳоят бой ва ғанӣ дошта, дар сарзамини Тоҷикистони муосир ёдгориҳои зиёди таърихию меъморӣ боқӣ мондааст, аз ин рӯ хусусиятҳои хоси минтақавияти релеф, шароитҳои гуногуни табиӣ ва мавҷудияти ёдгориҳои таърихию меъморӣ ба мо имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон якчанд намудҳои соҳаи туризмро инкишоф дода, дар ғанӣ гардонидани буҷаи давлат саҳми худро гузорем. Зеро туризм соҳаест, ки дар бештари кишварҳои ҷаҳон яке аз соҳаҳои сердаромад ба шумор меравад.

Бинобар ин ташкилу тараққӣ додани соҳаи туризм ва бунёд намудани иншоотҳои санаторию курортӣ дар ҷумҳурии мо аҳамияти ҳам сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳам маънавӣ дорад. Аз ҷумла Юсуф Талабов оид ба ҳунарҳои мардумӣ сухан ронда, иброз дошт, ки он бояд дар кишвар густариш дода шавад, бахусус дар шаҳри Турсунзода.

Дар анҷом оид ба фаъолияти солонаи корхона низ масъулин баромад намуданд.

Дар ҷамъомад зиёда аз 400 нафар аъзоёни Ҳизби Халқии Демо­кратии Тоҷикистон ва фаъолони корхона ширкат намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *