Дар машварати кории назди раиси шаҳри Турсунзода, ки таърихи 22 январи соли равон дар конфронстолори мақомоти иҷроия баргузор шуд, як қатор масъалаҳои муҳими рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар оғоз С. Саломзода вобаста ба баргузории маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2017 ва вазифаҳои асосӣ барои соли 2018, ки таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, сухан кард. Аз ҷумла қайд гардид, ки бо дарназардошти натиҷаҳои соли 2017 ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум дар соли 2018 Сарвари давлат роҳбарияти вазорату кумита, вилояту шаҳр ва ноҳияҳои мамлакатро вазифагузорӣ намуданд.
Вобаста ба дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат раиси шаҳр масъулинро вазифадор намуд, ки дар соли равон ба масъалаҳои бунёди коргоҳҳои коркарди шир, рушди саноати дӯзандагӣ ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, ташкили ҷойҳои нави корӣ, афзун намудани истеҳсоли картошка, навсозӣ, таъмиру тармим ва муҷаҳҳазсозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кӯҳнаю фарсудашуда, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятиву хавфнок дар байни аҳолӣ ва беҳдошти хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.
Ҳамзамон раиси шаҳр таъкид дошт, ки дар соли гузашта нақшаи буҷети шаҳр иҷро нагардид, аз ин лиҳоз масъулини соҳаро муваззаф намуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи андоз нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, ҷиҳати татбиқи он чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳамчунин раиси шаҳр масъулини нозироти андозро вазифадор намуд, ки бо соҳибкорон вобаста ба эълони мораторияи дусола ва имтиёзҳое, ки зимни Паёми навбатӣ муҳтарам Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2017 баён доштанд, корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшанд.
Дар самти баланд бардоштани фарҳанги истифодаи замин, рӯёнидани на камтар аз ду ҳосил сухан карда, раиси шаҳр қайд намуд, ки бо мақсади ба танзим даровардани таъминоти об масъулин ҷиҳати муҷаҳҳаз гардонидани сарбандҳои об бо воситаҳои гидротехникӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки кишоварзонро мебояд бо дарназардошти бебориш ва гарм омадани зимистони имсола яхобмонии заминҳои кишт ва боғу токзорро ба роҳ монанд.
Вобаста ба анҷоми корҳои созандаву бунёдкорона сухан карда, раиси шаҳр масъулинро вазифадор намуд, ки дар шоҳроҳ ва ҳудуди вобасташуда корҳои ободонӣ, шинонидани гулҳои садбарг, ниҳолҳои ороишӣ, насби шиору овезаҳо, ивази рамзҳои давлатии фарсудашуда, буриши санитарии дарахтон, тоза кардани канори роҳҳои автомобилгард, ҷӯйбору заҳбурҳо, рангубор ва таъмири бинову иншооти таъмирталабро ба роҳ монанд.
Котиби матбуоти раиси шаҳр.