Иқтисодиёт Саноат Таҷлил

40-СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАР 

print

Таърихи 19 январи соли равон Раиси шаҳри Турсунзода муҳтарам Сиҷоуддин Саломзода дар чорабинии ботантана бахшида ба 40-солагии таъсисёбии Истеҳсолоти анодҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик»  иштирок ва суханронӣ намуд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки  20 январи соли 1978 дар таърихи соҳаи филизгудозии Тоҷикистон ҳамчун санаи муҳим сабт гардидааст. Дар ин рӯз истеҳсоли маҳсулоти нав -анодҳои пухтаи ватанӣ истеҳсол гардид.

Истеҳсолоти аноди Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» яке аз коргоҳҳои бонуфузи саноатии мамлакат буда, дар рушди иқтисодиёти корхона ва ҷумҳурӣ, бахусус соҳаи металлургия саҳми арзанда мегузорад. Дар давоми 40 сол Истеҳсолоти аноди корхона ба муваффақиятҳои бузурги меҳнатӣ ноил гардида, дар он чандин кадрҳои баландихтисос ба воя расидаанд.

Маҳз тавассути меҳнати содиқона ва муташаккилонаи аҳли корхона, дар амал тадбиқ намудани дастовардҳои олимони ҷумҳурӣ дар истеҳсолот, ҳамкорӣ бо корхонаҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷи дур, махсусан, фаронсавиҳо истеҳсоли нави маҳсулот ба роҳ монда шуд. Корхона баҳри амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат, ки аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, истеҳсолотро равнақ бахшида, дар ин замина ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум тадбирҳои мушаххас меандешад.

Ҳамзамон Сиҷоуддин Саломзода дастовардҳои истеҳсолии фаъолияти коргоҳро мавриди шарҳ қарор дода, изҳор дошт, ки ҳамкории наздику қавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо  роҳбарияти КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» гиреҳкушои ҷумла муаммоҳои мавҷуда гашта, ба баландшавии иқтидори истеҳсолии коргоҳ ва сифати маҳсулот мусоидат мекунад.

 

Дар идома директори идоракунандаи КВД  «Ширкати Алюминийи Тоҷик» Абдураҳмон Ҳомидзода, раиси Кумитаи марказии Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи саноати маъдан ва  металлургияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тоҷикметалл»  Абдулло Холиқов, собиқадори меҳнат собиқ муовини сардори коргоҳ Исмоил Иномов ба ифтихори санаи фархунда аҳли меҳнати коргоҳҳо табрику таҳният намуда, дар корҳои минбаъда муваффақиятҳо таманно карданд.

Баъдан ба пешқадамони истеҳсолот  сипоснома ва мукофоти пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, маъмурияти корхона, раёсати «Тоҷикметалл» ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар КВД  «Ширкати Алюминийи Тоҷик» супорида шуд.

 Чорабинии ботантана бо барномаии фарҳангии кормандони Хонаи фарҳанги КВД  «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ҳусни анҷом ёфт.

 ФИРӮЗ ХОЛИҚОВ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *